Боздошти ду мансабдори баландпоя барои замин

Мақомоти интизомии Тоҷикистон ду мансабдори баландпояи шаҳри Исфараро бо гумони гирифтани пора боздошт кардаанд. 

Манбаъҳои Радиои Озодӣ рӯзи 24-уми сентябр гуфтанд, ки боздошти Маҳина Ҷӯраева, сардори Идораи замини Исфара ва Зоир Ҳасанов, сармеъмори шаҳр рӯзи 18-уми сентябр сурат гирифтааст.

Як манбаъ дар ниҳодҳои интизомӣ гуфтааст, ки ҳарду мансабдор “бо гумони фурӯши қитъаи замин” аз ҷониби маъмурони додситонӣ дастгир шуда, ҳоло дар боздоштгоҳи муваққатӣ қарор доранд.

Мақомоти Тоҷикистон то ҳол ҷузъиёти парвандаро расман шарҳ надодаанд. Мавқеи худи боздоштшудаҳо, наздикон ва вакилони мудофеи онҳо низ маълум нест.

Бояд гуфт, Ҷӯраева моҳи январи соли ҷорӣ ба ҷойи Муҳаммад Бобозода раиси Идораи замини Исфара таъйин шуда буд. Бобозода низ дар парвандаи марбут ба қонуншиканиҳо дар тақсими замин ба 14 соли зиндон маҳкум шуда буд.

Додгоҳ ӯро дар суистифода аз мансаб, гирифтани пора, сохтакорӣ ва ғайриқонунӣ додани қитъаҳои замин гунаҳкор дониста буд. Дар доираи ҳамин парванда ду корманди пешини Корхонаи бақайдгирии молу мулк дар Исфара Мурод Ашӯров ва Лайлӣ Валиева низ ба муҳлатҳои аз панҷуним то шашуним соли зиндон маҳкум шуда буданд.

Масъалаи қонуншиканӣ дар замин дар Тоҷикистон солҳост боқӣ мондааст. Мақомоти кишвар низ эътироф мекунанд, ки фурӯши ғайриқонунии замин ва дигар қонуншиканиҳо дар ин соҳа то ҳол аз мушкилоти ҷиддӣ ба шумор мераванд.

Тибқи маълумоти расмӣ, танҳо дар соли 2025 дар Тоҷикистон тақрибан 13 ҳазору 500 ҳолати риоя нашудан ё беэътиноӣ ба талаботи қонунгузории замин ошкор шудааст. Дар миёни минтақаҳои дорои шумораи зиёди чунин қонуншиканиҳо ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳрҳои Исфараву Кӯлоб низ зикр шудаанд.

Бо вуҷуди боздошти пайвастаи мансабдорони масъули тақсим ва истифодаи замин, мушкили қонуншиканӣ дар ин соҳа то ҳол пурра ҳал нашудааст. Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон низ қаблан хабар дода буд, ки Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти прокуратура дар бораи мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирии қонуншиканиҳо, аз ҷумла заминфурӯшӣ, дастуру супориш додааст. Аммо маълумоти марбут ба ҳазорон ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи замин нишон медиҳад, ки ин падида ҳаллии худро наёфтааст. 

Ба навиштаи таҳлилгар Сорбон Азимӣ, сабаби асосии идома ёфтани заминфурӯшӣ дар Тоҷикистонро танҳо дар фаъолияти чанд корманди Идораи замин ё мақомоти маҳаллӣ ҷустуҷӯ кардан дуруст нест. Ӯ бар ин назар аст, ки вақте барои қонуншиканиҳои вобаста ба замин мансабдорони гуногун пайваста боздошт мешаванд, аммо мушкил боқӣ мемонад, ин метавонад аз мавҷудияти мушкилоти амиқтар дар сохтори идоракунии замин ва муносибатҳои коррупсионӣ дарак диҳад. Ба гуфтаи Азимӣ, заминфурӯшӣ дар кишвар ба як мушкили фарогир табдил ёфтааст ва танҳо муҷозоти чанд мансабдор наметавонад онро аз байн барад.

Ӯ ҳамчунин ба мавридҳое ишора мекунад, ки баъзе мансабдорон баъди барканорӣ дубора ба вазифа барқарор мешаванд. Азимӣ бар ин назар аст, ки чунин ҳолатҳо эътимод ба самаранокии мубориза бо фасодро коҳиш медиҳанд. Ба гуфтаи ӯ, то замоне ки механизмҳои тақсим ва назорати замин ва масъулияти мансабдорони дахлдор ба таври ҷиддӣ тағйир наёбанд, боздошти алоҳидаи кормандони Идораи замин ё дигар мақомоти маҳаллӣ наметавонад мушкили заминфурӯширо ба таври куллӣ ҳал кунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

HRW: Саркӯби дигарандешон дар Тоҷикистон идома дорад

Созмони HRW аз вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон нигаронӣ карда, мегӯяд, ки рӯзноманигорон, фаъолон ва мунтақидони сиёсати ҳукумат ҳанӯз ҳам зиндонӣ ҳастанд.

Ҳамла бо корд дар Лаҳистон: як руҳонӣ кушта ва чаҳор нафар захмӣ шуданд

Дар шаҳри Ярослави вилояти Подкарпатии Лаҳистон як мард бо корд ба одамон дар дохили ибодатгоҳ ҳамла кард. Дар натиҷа як рӯҳонӣ ҷон бохта, чаҳор нафар захмӣ шудаанд.

Аз таҳдиди ҷанг бо Эрон то буҳрони Ғазза: муҳимтарин суханрониҳои Маҷмаи умумии СММ

Ҷанг дар Ховари Миёна, Украина, Ғазза, ояндаи СММ, тағйири иқлим ва танзими ҳушни маснуӣ аз мавзуъҳои асосии суханрониҳои раҳбарони ҷаҳон дар ду рӯзи ахир дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид буданд.

Лағви парвози Теҳрон–Душанбе дар пайи таҳримҳои нави Амрико алайҳи Эрон

Парвози ширкати ҳавопаймоии "Вареш" аз Теҳрон ба Душанбе рӯзи 24-уми сентябр пас аз парвоз лағв шуд ва ҳавопаймо ба фурудгоҳ баргашт.