Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 23-юми сентябр зимни сафараш ба вилояти Суғд аз бунёди ҳазорҳо иншоот ёдовар шуд.
Раҳмон зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд гуфт, ки ба муносибати 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар давоми панҷ соли ахир 15 ҳазору 400 иншооти иҷтимоиву истеҳсолӣ бунёд ва азнавсозӣ шудааст.
Президент гуфт, ин рақам аз нақшаи пешбинишуда 3400 иншоот бештар аст. Танҳо дар се рӯзи сафари кории президент ба Суғд 43 иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ ба истифода дода шуда, дар онҳо, ба гуфтаи Раҳмон, “ҳазорҳо” ҷойи корӣ таъсис ёфтааст.
Ӯ дар суханронияш таъкид кард, ки дар корхонаи маъдантозакунии “Адрасмон” беш аз 1000 ҷойи корӣ ва дар марҳалаи дуюми корхонаи металлургии Тоҷикистону Чин ва корхонаи оҳаки он 320 ҷойи кори нав ташкил шудааст.
Аз 15 ҳазор иншоот чанд ҷойи кори доимӣ таъсис ёфт?
Мақомоти Тоҷикистон бунёди 15 ҳазору 400 иншоот дар вилояти Суғдро нишонаи пешрафт ва рушди иқтисод медонанд, аммо суоле матраҳ мешавад, ки оё ин ҳама сохтмон то чӣ андоза мушкили кори аҳолиро ҳал кардааст?
Тибқи маълумоти расмии мақомоти Суғд, танҳо дар панҷ соли охир дар вилоят 781 корхонаи нави саноатӣ сохта ва ба истифода дода шудааст, ки дар онҳо беш аз 8 ҳазор ҷойи кории нав ташкил шудааст. Ҳоло дар вилоят 1324 корхонаи саноатӣ фаъолият мекунад.
Мақомот ин рақамҳоро далели афзоиши истеҳсолот дар Суғд медонанд. Ҳаҷми маҳсулоти саноатии вилоят, тибқи маълумоти мақомоти маҳаллӣ, аз 1,8 миллиард сомонӣ дар соли 2000 ба 40 миллиард сомонӣ дар соли 2025 расидааст. Маҷмуи маҳсулоти дохилии вилоят низ дар соли 2025 ба 49 миллиард сомонӣ баробар шудааст.
Дар ин оморҳои худ мақомот бештар аз рушди истеҳсолот ва афзоиши ҳаҷми буҷа дар қиёс ба 25 соли пеш мегӯянд, дар ҳоле ки худи аҳолии вилоят беҳтар медонанд, ин “афзоиши истеҳсолот” аз кадом ҳисоб ба даромад ва буҷаи сокинон кумак мекунад.
Масалан, мақомоти давлатӣ дар бораи 781 корхонаи нав ва беш аз 8 ҳазор ҷойи корӣ маълумот медиҳанд, аммо дар бораи он ки ин ҷойҳои корӣ чанд маош доранд, чандтои онҳо доимӣ мебошанд ва то чӣ андоза барои аҳолӣ кори қобили зиндагӣ пешниҳод мекунанд, маълумоти муфассал дар гузоришҳо оварда нашудааст.
Муҳоҷирати корӣ – яке аз мушкили асосӣ
Мақомоти вилояти Суғд дар гузоришҳои расмии худ хабар медиҳанд, ки барои корҷӯён, бекорон ва шаҳрвандони аз муҳоҷирати корӣ баргашта ярмаркаҳои ҷойҳои корӣ баргузор мешаванд. Дар яке аз ҳисоботҳои мақомоти вилоят гуфта шудааст, ки тавассути чунин ярмаркаҳо 1678 нафар бо кори доимӣ таъмин шуда, 1540 нафар ба касбомӯзӣ ва 377 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок ҷалб шудаанд.
Дар ҳамин ҳол бархе аз фаъолони ҷомеа аз ин ярмаркаҳои ҷойҳои корӣ интиқод намуда, сатҳи маоши онҳоро хеле пас мегӯянд. Ба гуфтаи онҳо, ҷойҳои корие, ки мақомот пешниҳод мекунанд, хеле маоши пас ва муаксаран муваққатӣ ҳастанд, на доимӣ.
Сохтмони 15 ҳазору 400 иншоот як рақами бузург аст. Аммо барои аҳолии Тоҷикистон, ки тақрибан як ё ду нафар аз аъзои ҳар оила барои таъмини рӯзгор дар Русия ё кишвари дигар кор мекунанд, масъалаи асосӣ шумори иншоот нест, балки ҷои кори доимӣ бо маоши муносиб аст.
