HRW: Саркӯби дигарандешон дар Тоҷикистон идома дорад

Созмони Human Rights Watch (Дидбони Ҳуқуқи Башар) аз баста шудани баррасии махфии шикоят алайҳи Тоҷикистон дар Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид (СММ) изҳори нигаронӣ карда, мегӯяд, ки рӯзноманигорон, фаъолон ва чеҳраҳои ҷамъиятӣ ва мунтақидони сиёсати ҳукумат ҳанӯз ҳам зиндонӣ ҳастанд.

Human Rights Watch (HRW) ин мавқеъро 22-юми сентябр дар ҷараёни иҷлосияи 63-уми Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар Женева баён кард. Дар изҳорот вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар баробари Чин ва Венесуэла баррасӣ шудааст.

HRW гуфт, ки аз баста шудани шикояти махфӣ алайҳи Тоҷикистон дар доираи расмиёти шикоятии Шӯрои ҳуқуқи башар, ки ин созмон онро “ғайришаффоф” номид, изҳори таассуф мекунад.

Ба гуфтаи ин созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқ, теъдоди зиёди рӯзноманигорон ва чеҳраҳои ҷамъиятӣ барои изҳори андешаҳои худ дар бораи сиёсати ҳукумат дар зиндон боқӣ мемонанд. HRW мегӯяд, ки аксари онҳо аз авфи ахири маҳбусон баҳра набурдаанд ё муҳлати ҷазояшон танҳо ба миқдори кам коҳиш ёфтааст.

HRW: Фишор ба ҷомеаи шаҳрвандӣ идома дорад

Созмон ҳамчунин иддао мекунад, ки садҳо созмони ғайриҳукуматӣ баста шудаанд ва фишор ба намояндагони ақаллиятҳои этникӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон идома дорад.

HRW инчунин мегӯяд, Тоҷикистон ба таъқиби фаромарзии мунтақидон ва мухолифон дар хориҷ аз кишвар идома медиҳад.

Дар изҳорот гуфта мешавад, ки ҳаракатҳо ва ҳизбҳои сиёсие, ки ҳукумат онҳоро таҳдид ба худ медонад, мамнуъ шудаанд ва аъзои онҳо ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шудаанд.

Созмон аз Шӯрои ҳуқуқи башари СММ хостааст, ки бо иштироки қурбониёни нақзи ҳуқуқ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва коршиносони ҳуқуқи башари СММ ҷаласаи ошкор баргузор карда, масъалаи иҷрои чораҳоеро, ки ба гуфтаи HRW ҳукумати Тоҷикистон ба онҳо уҳдадор шудааст, баррасӣ кунад.

HRW дар гузориши солонаи худ оид ба Тоҷикистон низ навиштааст, ки дар соли 2025 фишор ба дигарандешон идома дошта, ҳафт рӯзноманигор дар зиндон боқӣ монда буданд. Созмон ҳамчунин аз ҳукмҳои тӯлонии зиндон алайҳи чанде аз чеҳраҳои сиёсӣ ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ хабар додааст.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон дар мавридҳои қаблӣ танқидҳои созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башарро рад карда, таъкид кардаанд, ки парвандаҳои марбут ба фаъолон, рӯзноманигорон ва мухолифон тибқи қонун баррасӣ мешаванд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи роҳҳои фиристодани шаҳрвандон ба муҳоҷирати корӣ аст

Тоҷикистон дар як конфронси байналмилалӣ зарурати густариши роҳҳои қонунии муҳоҷирати кориро матраҳ кардааст.

Боздошти ду мансабдори баландпоя барои замин

Мақомоти интизомии Тоҷикистон ду мансабдори баландпояи шаҳри Исфараро бо гумони гирифтани пора боздошт кардаанд.

Ҳамла бо корд дар Лаҳистон: як руҳонӣ кушта ва чаҳор нафар захмӣ шуданд

Дар шаҳри Ярослави вилояти Подкарпатии Лаҳистон як мард бо корд ба одамон дар дохили ибодатгоҳ ҳамла кард. Дар натиҷа як рӯҳонӣ ҷон бохта, чаҳор нафар захмӣ шудаанд.

Аз таҳдиди ҷанг бо Эрон то буҳрони Ғазза: муҳимтарин суханрониҳои Маҷмаи умумии СММ

Ҷанг дар Ховари Миёна, Украина, Ғазза, ояндаи СММ, тағйири иқлим ва танзими ҳушни маснуӣ аз мавзуъҳои асосии суханрониҳои раҳбарони ҷаҳон дар ду рӯзи ахир дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид буданд.