ЗИНАИ ДУВУМИ ИСТИҚЛОЛИ МУФТ: ОЁ ТОҶИКИСТОН ИН БОР АЗ ФУРСАТ ИСТИФОДА МЕКУНАД?

Баъди 35 соли расидан ба зинаи аввали истиқлоли муфт, Тоҷикистон дар остонаи зинаи дуввуми истиқлол ва ин дафъа ҳам муфт, қарор гирифтааст. Оё кишвар, бо фарқ аз шонси аввал, аз шонси дувумаш истифода хоҳад кард ё муфт будани истиқлол ин дафъа ҳам сабаб мешавад қадри он шинохта нашавад?  

Бо вуҷуди пайдо шудани гурӯҳҳои озодандеш дар авоили солҳои 70-уми асри гузашта дар Тоҷикистон ва каме дертар ба яке аз аввалин гурӯҳҳои истиқлолхоҳ дар саросари Шӯравӣ табдил шудани он, мусаллам аст, ки истиқлол ба Тоҷикистон ва аксари кишварҳои собиқ Шӯравӣ муфт расидааст. Таъсири гурӯҳҳои истиқлолхоҳ ба пош хӯрдани Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ то ҳол тақрибан омӯхта нашудааст, аммо дар гумон аст нақши ҳалкунанда дошта бошад. 

Ҳарчанд истиқлолияти давлатӣ ба даст омад, рӯи харитаи ҷаҳон номҳои нав падид омаданд, бештари кишварҳои Осиёи Миёнаву Қафқоз то дер зери таъсир ва нуфузи Русия боқӣ монданд, то ҷое, ки ҳатто аз ҷониби рақибонаш то ба наздики “манотиқи таҳти нуфузи Русия” эътироф мешуданд. Бархе аз кишварҳои собиқи Шӯравӣ бо суръат (мисли кишварҳои назди Балтик) ва бархе бо оҳистагӣ (мисли Украину Озарбойҷон) аз зери нуфузи Русия хориҷ шуданд ва бархеи дигар ҳанӯз ин равандро гом ба гом идома медиҳанд (мисли Узбекистону Гурҷистону Арманистон). Мешавад Молдоваву Қазоқистонро низ ба ин гурӯҳ шомил кард.  

Аммо мутаассифона, Тоҷикистону Қирғизистон на танҳо аз худи истиқлоли муфт истифодаи дуруст карда натавонистанд, балки то ҳанӯз чанд шонси таҳкими истиқлолашонро ҳам аз даст доданд. Ин ду кишвар ҳанӯз ҳам зери таъсири Русия дар ҳама самтҳо – сиёсӣ, низомӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ боқӣ мондаанд, бо фарқ аз кишварҳои дигар, ки бо истифода аз ҳар шонс таъсири яке аз бахшҳоро камтар карда, аз бархе комилан ва аз бархе қисман озод шудаанд. Барои мисол, Озарбойҷону Узбекистон аз ҳар дафъаи заъифтар шудани Русия истифода карда, аз созмону сохторҳои зери нуфузи Русия худро дуртар мегиранд, ки дар натиҷа Озарбойҷон тақрибан пурра аз зери қаноти он берун рафтаву Узбекистон ҳам гомҳои муваффақе дар ин самт бардоштааст. Ҳатто Арманистон, ки вазъаш дар масъалаи вобастагӣ ба Русия то дирӯз аз Тоҷикистону Қирғизистон фарқи камтаре дошт, аз шонси охир – ҷанги Укроин муваффақона истифода кард ва сатҳи истиқлолашро болотар бурд.

Муваффақиятҳои чанд моҳи охири Укроин дар ҷанг бо Русия, аз ҷумла хеле маҳдуд сохтани тақаррукоти киштиҳояш дар Баҳри Сиёҳ – аслитарин тариқи содироти ин кишвар, зарбаҳои муҳлик ба коркарди нафт, ба таври чашмгире маҳдуд кардани таҳвили бор, аз ҷумла маҳсулоти нафтӣ ба Қрим ва манотиқи ишғолии Укроин, пешравӣ дар чанд хати ҷанг (бо вуҷуди ақабнишинӣ дар чанд хати дигар) ва ғайра ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои ҳамсояву шарики Русияро рӯбарӯи воқеъияти нав қарор додааст: Русия на танҳо аз ин ҷанг хеле заъифшуда, балки шояд шикастхӯрда берун ояд, ки барои якчунин империя ва на танҳо ба худи империя, авоқиби пешбининашавандае дорад. Ва яке аз ин авоқиб метавонад ин бошад, ки Русия таъсиру нуфузаш дар хориҷро ба таври густардае аз даст медиҳад ва аз масъулиятҳояш дар манотиқи таҳти нуфузи худ шона холӣ мекунад. 

Дар ин сурат Тоҷикистон (аз ин ҷо ба баъд баҳсро танҳо бар Тоҷикистон мутамарказ мекунем ) мисли соли 1991 пешорӯи истиқлоли дигаре қарор мегирад: истиқлоли комили иқтисодӣ, сиёсӣ, низомӣ ва ҳатто то ҷое фарҳангӣ аз Русия. Ва оё кишвар омодааст ин истиқлолро пазирад ва ё аз ноилоҷӣ худро ба оғӯши қудрате дигар хоҳад партофт?

Дар ҳоле, ки ҷумҳуриҳои собиқшӯравии дигар аз ҳар зинаи коҳиши қудрати Маскав барои васеъ кардани истиқлоли худ истифода мекунанд, Тоҷикистон на иқтисоди мустақил сохтааст, на сиёсати хориҷии мутавозин ва на ҷойгузине барои муҳоҷирати Русия дорад. Гомҳои бисёр хурду номутмаине, ки дар ин самтҳо бардошта шудаанд, дар сурати расидани ногаҳонии зинаи дуввуми истиқлолият наметавонанд ба ҳайси пойдевори истиқлоли комил хидмат кунанд. 

Тибқи охирин додаҳои мақомот, дар соли 2025 бо ҷаҳиши якбораи 46-дарсадӣ ва нишондиҳандаи $2,9 млрд.ӣ, Чин ба шарики тиҷории рақами аввали Тоҷикистон табдил шуд. Албатта ин “ҷаҳиш” шарҳи алоҳида мехоҳад, аммо чун мавзуъи мавриди баҳс дигар аст, онро ба замони мувофиқтар мегузорем. Дар ҳамин ҳол, дар ин додугирифт на танҳо таносуб ба нафъи панҷкаратаи Чин аст, балки худи таркиби молу колои додугирифтшаванда аз ҳарду тараф ҳам асосан ба манфиъат Чин кор мекунанд: Тоҷикистон аз Чин маҳсулоти тайёр – сар аз қаламу қоғаз ва ҷӯробу таҳпӯш то техника, мошин, таҷҳизот, молҳои саноатӣ мехарад ва дар муқобил ба Чин асосан маъдан, филиз, пахта ва дигар ашёи хом содир мекунад. Ва ин ҳам бо фарқи қариб панҷбаробарӣ: дар тақрибан 2,33 млрд доллар воридот аз Чин, содироти Тоҷикистон ба ин кишвар танҳо 524 млн долларро ташкил додааст. Ва он ҳам тақрибан пурра аз маҳсулоти хом шакл гирифта, ки коркарди онҳо ва арзиши изофии асосӣ дар Чин иттиоқ меафтад ва ҷойҳои корӣ низ асосан насиби иқтисоди Чин мешаванд. 

Албатта, дар ин авохир бунёди корхонаҳои муштараке, ки бар коркарди маҳсулоти хом равона шудаанд, афзоиш ёфтаанд, аммо, мутассифона, бештари корхонаҳо танҳо дар омори расмӣ “тоҷикию чинӣ” номида мешаванд, дар асл бошад саҳми назоратӣ, технология ва идоракунӣ дар дасти тарафи чинӣ мебошад. Намунаҳои муҳим корхонаи тилои “Зарафшон” бо сармояи ширкати чинии Zijin Mining, корхонаи тилои “Покрӯд”, Ширкати кӯҳии саноатии Тоҷикистону Чин, ки сурбу руҳ ва дигар маъданҳоро коркард мекунад, корхонаҳои сементи Huaxin Gayur ва ғайра мебошанд. 

Вақте маълумоте дар бораи сохтори ин ширкатҳо вуҷуд надорад – мисли саҳмдори асосӣ кист, кӣ қарор қабул мекунад, фоида ба куҷо меравад, даромади воқеъии Тоҷикистон (на шахсони алоҳида) аз ин “корхонаҳои муштарак” чӣ қадар аст, консессия чандсола аст, захира то кай дар ихтиёри ширкати хориҷӣ мемонад, чанд тоҷик ва дар кадом сатҳ кор мекунад, фарқи моҳонаи тоқикон аз чиниҳо ба нафъи кадом тараф ва чӣ қадар аст, андозу имтиёзҳо чӣ гунаанд ва ғайра, шубҳа бештар мешавад. Бе дастрасӣ ба ин маълумот наметавон муайян кард, ки корхонаҳои мазкур вобастагии ашёии Тоҷикистонро кам мекунанд ё онро дар шакли нав — вобастагӣ аз сармоя, технология ва идоракунии Чин — амиқтар месозанд.  

Вазъ дар бахши низомӣ боз бадтар аст: агар дар бахши иқтисодӣ баъзе алтернативаҳо вуҷду доранд, Тоҷикистон дар бахши низомӣ тақрибан пурра вобастаи Русия аст. Шуруъ аз омодасозии кадрҳои низомӣ то таркиби силоҳҳои кишвар ва билохира ҳузури пойгоҳи Русия, ки шармандавор “кафолати амнияти Тоҷикистон” талаққӣ мешавад. Агар дар бахши иқтисодӣ каме ҳам бошад имкони маневр вуҷуд дорад, дар бахши низомӣ кишвар дар ҳамон ҳолати соли 1991 қарор хоҳад гирифт: вақте раҳбарияти кишвар намедонист бо ин ҳама аслиҳае, ки аз Шӯравӣ боқӣ мондааст чӣ кор хоҳад кард (чун тақрибан ҳеҷ кадри баландпояи миллии низомие вуҷуд надошт) ва онро бо ду дасти адаб ба Маскаву Тошканд супурд ва тавони артиши кишвари тозабаистиқлолрасидаро ба сифр баробар кард.   

Дар бахши сиёсӣ ҳам бо вуҷуди иддаъоҳои баландпарвоз, кори камтаре ба иҷро расидааст ва имкони маневр бисёр заъиф аст. Барои мисол, бо фарқ аз кишварҳои туркзабони ҳамсоя, ки заминаи қавие барои ояндаи сиёсии худ дар ҳайати кишварҳои туркзабон таҳти раҳбарии Туркия омода кардаанд, Тоҷикистон баъди канда шудани эҳтимолии пои Русия аз минтақа, метавонад худро дар халои геополитикие пайдо кунад, ки барои пур кардани он Чин, Туркия, Эрон ва дигар қудратҳо рақобат хоҳанд кард, дар ҳоле ки худи Душанбе барои интихоби шарикон абзорҳои кофӣ надорад. 

Яке аз паёмадҳои муфт ба даст омадани истиқлолияти давлатӣ ҳам ин буду ҳаст, ки бо вуҷуди ба бузургтарин ҷашни давлатӣ табдил додани ҷашни истиқлол, худи дарк аз он дар сатҳи ҳамин ҷашну рақсу бозӣ боқӣ мондааст. Яъне, посухи аксари мардум ба суоли “истиқлол чист” тақрибан чунин аст: истиқлол идест, ки бояд бо шукӯҳи тамом ҷашн гирифта шавад. Албатта, бояд аз инсоф канор наравем ва эътироф кунем: қисмате аз мардум дар фаҳмиши мафҳуми истиқлол каме пештар рафтаанд. Барои онҳо истиқлол чунин маънӣ дорад: дар харитаи ҷаҳон кишвари мустақиле бо номи Тоҷикистон пайдо шудааст, ки ҳаргиз набуд. Тамом!   

Ҳанӯз ҳам шонси истифода аз зинаи дуввуми истиқлоли муфт аз даст нарафтааст. Танҳо кишвар – ҳам ҳукумат ва ҳам мардум бояд ба дарки воқеъии истиқлол бирасанд ва онро бо омодагӣ истиқбол кунанд. Омодагиҳое мисли:

  1. сохтани ҷойгузин барои бозори меҳнати Русия;
  2. диверсификатсияи савдо ва роҳҳои нақлиётӣ; 
  3. таъсиси артиши воқеан миллӣ ва коҳиши вобастагӣ аз пойгоҳи Русия; 
  4. шаффоф кардани шартномаҳо бо Чин ва дигар қудратҳо;
  5. табдил додани сиёсати хориҷӣ аз интихоби “оғӯши нав” ба мувозинати чандҷониба.

Абдуманнон Шералиев

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи роҳҳои фиристодани шаҳрвандон ба муҳоҷирати корӣ аст

Тоҷикистон дар як конфронси байналмилалӣ зарурати густариши роҳҳои қонунии муҳоҷирати кориро матраҳ кардааст.

HRW: Саркӯби дигарандешон дар Тоҷикистон идома дорад

Созмони HRW аз вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон нигаронӣ карда, мегӯяд, ки рӯзноманигорон, фаъолон ва мунтақидони сиёсати ҳукумат ҳанӯз ҳам зиндонӣ ҳастанд.

Боздошти ду мансабдори баландпоя барои замин

Мақомоти интизомии Тоҷикистон ду мансабдори баландпояи шаҳри Исфараро бо гумони гирифтани пора боздошт кардаанд.

Ҳамла бо корд дар Лаҳистон: як руҳонӣ кушта ва чаҳор нафар захмӣ шуданд

Дар шаҳри Ярослави вилояти Подкарпатии Лаҳистон як мард бо корд ба одамон дар дохили ибодатгоҳ ҳамла кард. Дар натиҷа як рӯҳонӣ ҷон бохта, чаҳор нафар захмӣ шудаанд.