Тоҷикистон бори аввал номзадии худро ба Шӯрои Амнияти СММ пешниҳод кард

Тоҷикистон дар таърихи худ бори аввал номзадии кишварро ба ҳайси узви ғайридоимии Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2028–2029 пешниҳод кард.

Ин пешниҳод рӯзи 26-уми сентябр аз забони вазири корҳои хориҷии кишвар Сироҷиддин Муҳриддин зимни суханронияш дар нишасти 81-уми Маҷмаи Умумии СММ дар шаҳри Ню-Йорк садо дод.

Вазири корҳои хориҷӣ дар суханронии худ таъкид карда, ки узвият дар Шӯрои Амнияти масъулияти баланд дар робита ба ҳифзи Оинномаи созмон ва нигоҳдории сулҳу бехатарии байналмилалӣ мебошад. Сироҷиддин Муҳриддин ҳамчунин ташаббусҳои Тоҷикистонро дар бораи ҳифзи пиряхҳо, захираҳои об, мубориза бо терроризм ва рушди зеҳни сунъӣ ёдовар шудааст.

Дар ин суханронӣ ҳамчунин изҳор гардида, ки Тоҷикистон аз раванди ислоҳоти “СММ-80”, ки аз ҷониби Дабири кулли созмон Антониу Гутерриш оғоз ёфтааст, пуштибонӣ мекунад. Ин барнома ба беҳтар кардани фаъолияти созмон тавассути тағйироти сохторӣ ва беҳтар кардани манбаъҳо равона шудааст.

Ин дар ҳолест, ки номзадии Қирғизистон ба аъзогии ғайридоимии Шӯрои Амнияти СММ барои солҳои 2027–2028 пазируфта шудааст. Пештар Узбекистон низ номзадии худро ба аъзогии ғайридоимии ин шӯро барои солҳои 2035–2036 пешниҳод карда буд.

Пешниҳоди номзадӣ ба Шӯрои Амнияти СММ аз ҷониби Душанбе як қадами муҳими сиёсӣ дониста мешавад, аммо коршиносон ва созмонҳои мустақил чанд чолиши асосиро дар роҳи ба даст овардани раъйи кишварҳои узв таъкид мекунанд:

Нигарониҳои ҳуқуқӣ ва байналмилалӣ: Баррасии лоиҳаи қарор дар парлумони Тоҷикистон дар бораи хориҷ шудани кишвар аз узвияти Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ, ки баъд аз баҳсҳо дар робита ба боздошт накардани Владимир Путин оғоз шуд.

Масъалаи ҳуқуқи башар: Созмонҳои байналмилалӣ пайваста дар бораи вазъи ҳуқуқи башар ва озодии баён дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ мекунанд. Кишварҳои аъзои СММ ҳангоми раъйдиҳӣ ба нишондиҳандаҳои риояи меъёрҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳ мекунанд.

Рақобати минтақавӣ: Интихоб шудани Қирғизистон (барои солҳои 2027–2028) ва талоши Узбекистон (барои солҳои 2035–2036) нишон медиҳад, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ саъй доранд мавқеи худро дар ҷаҳон таҳким бахшанд, аммо ба назари коршиносон, гирифтани раъйи ду сеюми аъзои Маҷмаи Умумии СММ ба тавони дипломатӣ ва ислоҳоти дохилӣ бастагии бевосита дорад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

ЗИНАИ ДУВУМИ ИСТИҚЛОЛИ МУФТ: ОЁ ТОҶИКИСТОН ИН БОР АЗ ФУРСАТ ИСТИФОДА МЕКУНАД?

Баъди 35 соли расидан ба зинаи аввали истиқлоли муфт, Тоҷикистон дар остонаи зинаи дуввуми истиқлол ва ин дафъа ҳам муфт, қарор гирифтааст.

Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи роҳҳои фиристодани шаҳрвандон ба муҳоҷирати корӣ аст

Тоҷикистон дар як конфронси байналмилалӣ зарурати густариши роҳҳои қонунии муҳоҷирати кориро матраҳ кардааст.

HRW: Саркӯби дигарандешон дар Тоҷикистон идома дорад

Созмони HRW аз вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон нигаронӣ карда, мегӯяд, ки рӯзноманигорон, фаъолон ва мунтақидони сиёсати ҳукумат ҳанӯз ҳам зиндонӣ ҳастанд.

Боздошти ду мансабдори баландпоя барои замин

Мақомоти интизомии Тоҷикистон ду мансабдори баландпояи шаҳри Исфараро бо гумони гирифтани пора боздошт кардаанд.