Бонки рушди Осиё (БРО) барои дастгирии ислоҳоти низоми нафақа ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон 20,5 миллион доллар кумаки молӣ ҷудо кардааст.
Ба иттилои БРО, маблағ барои навсозии низоми пардохти нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ, рақамикунонии хидматрасониҳо, таҳкими амнияти сайберӣ, беҳтар кардани мубодилаи байниидоравии маълумот ва навсозии идораҳои Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар истифода мешавад. Ҳамчунин бозомӯзии кормандони ин ниҳод низ дар назар аст.
Тибқи маълумоти бонк, аз маблағи умумӣ 19,5 миллион доллар аз ҳисоби Сандуқи рушди Осиё ва 1 миллион доллар аз Сандуқи фанновариҳои пешрафта ҷудо шудааст. Аз ҷумла, 12,32 миллион доллар дар доираи бастаи дастгирии БРО барои кишварҳое ихтисос ёфтааст, ки аз паёмадҳои иқтисодӣ ва молиявии даргириҳо дар Ховари Миёна осеб дидаанд.
Ин тарҳ инчунин васеъ намудани фарогирии низоми нафақаро барои кормандони бахши ғайрирасмӣ, муҳоҷирони корӣ ва аъзои оилаҳои онҳо пешбинӣ мекунад. Бар асоси ҳисобҳои БРО, дар натиҷаи татбиқи лоиҳа беш аз 320 ҳазор суғурташуда ва 250 ҳазор нафақахӯр ба хидматрасониҳои зудтар, бехатартар ва дастрасӣ бештар пайдо хоҳанд кард.
Тибқи маълумоти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон, то 1 сентябри соли 2026 дар кишвар 893 ҳазору 49 нафар нафақагир ба қайд гирифта шудаанд. Нафақаи миёна 505,67 сомониро ташкил медиҳад. Тоҷикистон ҳамоно дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ яке аз пасттарин сатҳи нафақаро дорад ва барои аксари шаҳрвандони солхӯрда нафақаи давлатӣ манбаи асосии даромад боқӣ мемонад.
Ба назари бархе коршиносон, ҷудо шудани чунин маблағ дар заминаи афзоиши фишорҳои иқтисодӣ сурат мегирад. Иқтисоди Тоҷикистон то ҳадди зиёд ба маблағҳои интиқолии муҳоҷирони корӣ вобаста аст ва қисми зиёди онҳо дар Русия фаъолият мекунанд. Ҷанги Русия ва Украина, даргириҳои Ховари Миёна, аз ҷумла танишҳои марбут ба Исроил, Иёлоти Муттаҳида ва Эрон, инчунин болоравии нархи сӯзишворӣ, хароҷоти ҳамлу нақл ва дигар омилҳои иқтисодӣ ба вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар таъсир расондаанд. Дар чунин шароит, дастгирии молии созмонҳои байналмилалӣ метавонад барои коҳиш додани таъсири ин фишорҳо ба низоми ҳифзи иҷтимоӣ мусоидат кунад.
