Нишасти САҲА ва курсии холии Тоҷикистон

Нишастҳои навбатии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар мавриди санҷиш ва баҳодиҳии ҳуқуқи инсон дар шаҳри Варшава, пойтахти Лаҳистон аз имрӯз, 5-уми октябри соли 2026 шуруъ шуд.

Дар нишастҳои САҲА масъалаҳои ҳуқуқи башар, озодиҳои бунёдӣ, озодии баён ва расона, ҳуқуқ ва озодиҳои ақалиятҳо, интихоботи озод ва ғайра баҳсу баррасӣ мешаванд. Ин нишастҳо то 15-уми октябр идома хоҳад кард.

Нишасти имсола таҳти раҳбарии Суис (Швейцария) баргузор шуда, дар он намояндагони 57 давлати узв, шарикон ва ниҳодҳои САҲА ва дигар сохторҳо, инчунин намояндагони созмонҳои байниҳукуматӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат мекунанд.

Ин нишаст ҳар сол як маротиба дар шаҳри Варшава баргузор мегардад, аммо ба сабаби авҷи бемории ҳамагири COVID-19 солҳои 2020 ва 2021 баргузор нашуда буд.

Бояд гуфт, дар нишастҳои Созмони Амният ва Ҳамкоири Аврупо дар мавриди санҷиш ва баҳодиҳии ҳуқуқи инсон солҳои 2016 то 2019 миёни мухолифони тоҷик ва намояндагони ҳукумат баҳсҳои зиёде сурат гирифта буд. 

Аммо чанд соли ахир Тоҷикистон ҳамроҳи Русия ва Белорус дар ин нишастҳо иштирок надоранд. Ва дар рӯзи аввали нишасти имсола низ курсии Тоҷикистон холӣ аст.  

Аммо ба намояндагӣ аз Тоҷикистон, ба ҷуз намояндагони ҳукумат, аз мухолифин “Гурӯҳи 24”, Паймони миллии Тоҷикистон (ПМТ) ва дигар шахсони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин нишаст ҳузур доранд.

Мақомоти Тоҷикистон то ҳол расман шарҳ надодаанд, ки чаро намояндагонаш дар чанд нишасти соли ахир иштирок надоранд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

“Бедор мешавем!”: Рейди беш аз 500 муҳоҷир дар ҷойи хоб

Пулиси Русия субҳи барвақти 5-уми октябр дар чаҳор сохтмон дар ноҳияи Приморскийи шаҳри Санкт-Петербург рейд гузаронида, муҳоҷирони зиёдеро дастгир кардааст.

Дар пасманзари буҳрони минтақавӣ БРО ба Тоҷикистон 20,5 миллион доллар ҷудо кард

Бонки рушди Осиё (БРО) барои дастгирии ислоҳоти низоми нафақа ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон 20,5 миллион доллар кумаки молӣ ҷудо кардааст.

Марзи номус: Галустяни “ҚАҲРАМОН” ва Раҷабови “ҶИНОЯТКОР”

Ду таҳқир, ду вокуниш: ҷомеъа якеашро диду вокуниш нишон дод, аммо мақомоти ҳардуяшро нодида гирифтанд ва ҳатто дар таҳқири миллат шарик шуданд.

Дар Русия мехоҳанд аз пули фиристодаи муҳоҷирон андоз ситонанд

Баъзе аз сиёсатмадорон дар Русия пешниҳод кардаанд, ки ҳангоми интиқоли пул аз Русия ба хориҷ то 3 дарсад маблағи иловагӣ ситонида шавад.