Пажӯҳишгоҳи Citizen Lab ошкор кардааст, ки рекламаҳои интернетӣ барои олуда кардани дастгоҳҳои кормандони “Ал-Ҷазира” ба ҷосусафзор истифода шудаанд.
Тибқи гузориши Citizen Lab-и Донишгоҳи Торонто, ки 15-уми октябр нашр шуд, солҳои 2024–2025 дастикам 45 дастгоҳи кормандони шабакаи байналмилалии “Ал-Ҷазира” ҳадафи ҳамла қарор гирифтаанд. Таҳлили сабтҳои шабакавӣ ва намунаи нармафзори зараровар ба муҳаққиқон имкон додааст, олудашавии дастгоҳҳоро тавассути реклама тасдиқ кунанд.
Пажӯҳишгарон ин ҳамлаҳоро бо эътимоди баланд ба ҷосусафзори ширкати исроилии “Candiru” нисбат медиҳанд, ки ҳоло бо номи “Integrity Labs” фаъолият мекунад. “Candiru” соли 2021 аз ҷониби Вазорати тиҷорати Амрико ба феҳристи маҳдудиятҳои содиротӣ ворид шуда буд. Мақомоти амрикоӣ он замон ширкатро ба таҳияи абзорҳое муттаҳам карданд, ки барои назорати намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ истифода мешуданд.
Ҳамлае, ки пахши пайванд (линк)-ро талаб намекунад
Citizen Lab ин шеваро AdFection номидааст. Ба гуфтаи муҳаққиқон, ин нахустин тасдиқи оммавии фаннии паҳн кардани ҷосусафзори тиҷоратӣ тавассути рекламаи ҳадафнок бо усули «zero-click» — бе клик мебошад.
Дар чунин ҳамла корбар аслан пайванди шубҳанокеро пахш намкунад, ё файлеро зеркашӣ намекунад ва ё замимаеро боз намекунад. Танҳо намоиши рекламаи сомона ё барномае дар экрани дастгоҳ метавонад барои оғози ҳамла кофӣ бошад.
Гуфта мешавад, ҳамлагарон аз низоми музоядаи худкори реклама — Real-Time Bidding (RTB) — истифода кардаанд. Ин низом дар камтар аз як сония муайян мекунад, ки кадом реклама ба корбар нишон дода шавад. Танҳо намоиши реклама маълумоте чун нишонии IP, хусусиятҳои дастгоҳ ва шиносаҳои таблиғотии қурбониро мушаххас мекунад.
Тибқи таҳқиқот, ширкати исроилии Discover-Tech, ки худро таъминкунандаи хидматҳои рекламавӣ муаррифӣ мекунад, ба воситаи платформаҳо ва шарикони худ дар шабакаҳои бузурги реклама, аз ҷумла Google, Yandex ва Beeswax, реклама ҷойгир мекардааст.
Платформаи дигари он — Controlium — имкон медодааст, дастгоҳҳои мушаххас аз рӯйи шиносаи таблиғотӣ, шиносаи браузер ё нишонии IP барои пайгирӣ ва ҳамла интихоб шаванд.
Реклама чӣ гуна ҷосусафзорро мерасонд?
Рекламаҳои Discover-Tech рамзи дарунсохте доштаанд, ки ҳангоми намоиш ба сервери ширкат пайваст мешавад. Сервер бо истифода аз маълумоти дастгоҳ муайян мекунад, ки оё он бояд ҳадафи ҳамла қарор гирад ё на.
Агар дастгоҳ интихоб шавад, сервер метавонад рамзи иловагии JavaScript фиристад ва занҷираи ҳамларо оғоз кунад. Дар дастгоҳҳои олудашудаи “Ал-Ҷазира” муҳаққиқон пайдарпайии мушаххасро мушоҳида кардаанд: аввал пайвастшавӣ ба зерсохтори Discover-Tech, сипас ба сервери санҷиши Candiru ва дар ниҳоят ба сервери идоракунии ҷосусафзор.
Дар ин раванд корбар метавонад танҳо сомона ё барномаи маъмулии худро истифода барад, вале аз ҳамла умуан огоҳ намешавад.
Миқёси фаъолият: миллиардҳо сабт ва ҳазорон сомона
Пажӯҳишгарон қариб чор миллиард сабти музоядаҳои рекламавиро таҳлил кардаанд. Ин маълумот нишон медиҳад, ки дар давоми чор моҳ рекламаҳои дорои рамзҳои ҳамлагар дар беш аз 75 ҳазор барномаи Android ва iOS ва 120 ҳазор сомона намоиш дода шудаанд.
Дар миёни барномаҳои зикршуда Viber, MX Player, Lark Player, Opera Mini, Snap VPN ва Truecaller низ ҳастанд.
Ба гуфтаи муҳаққиқон, на ҳамаи намоиши чунин реклама маънои олуда шудани дастгоҳҳо ё ҳамкории таҳиягарони ин барномаҳоро бо ҳамлагарон дорад. Ҷосусафзор ба дастгоҳҳои интихобшуда равона мешавад ва барои корбарони дигар низ ҷамъоварии маълумот ва пайгирӣ имконпазир мебошад.
Нишонаҳои намоиши ин рекламаҳо дар шабакаҳои марбут ба НАТО, Созмони Милали Муттаҳид, Парлумони Аврупо ва Комиссияи Аврупо, инчунин мақомоти давлатӣ ва зерсохторҳои муҳим дар беш аз 20 кишвар мушоҳида шудаанд.
Таҳқиқоти ҳамзамони ширкати амнияти рекламавии “Confiant” низ нишонаҳои намоиши чунин рекламаҳоро дар шабакаҳои марбут ба Вазорати дифои Амрико, Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ ва Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ пайдо кардааст. Вале, гуфта нашудааст, ки ин бозёфтҳо дастгоҳҳои ҳамаи ин ниҳодҳоро ба ҷосусафзор олуда кардаанд.
Citizen Lab мегӯяд, нишонаҳои рекламаҳоро дар шабакаҳои расонаҳои дигари байналмилалӣ низ ёфтааст ва таҳқиқи ин ҳолатҳо идома дорад.
Ҷосусафзор ба чӣ дастрасӣ пайдо мекунад?
Тибқи маълумоти таҳқиқот, ҷосусафзор метавонад ба доираи васеи маълумоти дастгоҳи олудашуда дастрасӣ пайдо кунад. Аз ҷумла, паролҳои захирашуда, маълумоти браузер, ҳуҷҷатҳо, почтаи электронӣ ва маълумоти барномаҳои паёмрасон барояш дастрас мешаванд.
Он ҳамчунин имкони сабти пахши тугмаҳои клавиатура, гирифтани тасвири экран ва фаъол кардани фосилавии микрофону камераро дорад.
Ҳатто истифодаи паёмрасони рамзгузоришуда дар сурати олуда шудани худи дастгоҳ муҳофизати комил намешавад: маълумот метавонад ҳангоми намоиш дар экран ё ворид кардани он дастрас шавад.
Ширкатҳои рекламавӣ чӣ чора андешиданд?
Тибқи иттилои манбаъ, пас аз огоҳ шудани ширкатҳо аз натиҷаҳои таҳқиқот, чанде аз онҳо дастрасии Discover-Tech-ро маҳдуд карданд. Қисме аз ин чораҳо дар аввали октябр, пеш аз нашри оммавии гузориш, андешида шудааст.
Google дастрасии ширкатро ба платформаҳои биржаи рекламавии худ қатъ кардааст. Beeswax онро аз платформаи хариди реклама хориҷ намуда, Vungle, ки ба Liftoff тааллуқ дорад, дастрасиро то анҷоми санҷиш боздошт ва Eskimi ҳисобҳои корбариву доменҳои марбут ба ширкатро масдуд кардааст.
Созмони соҳавии IAB Europe низ Discover-Tech-ро аз феҳристи таъминкунандагони реклама хориҷ кардааст.
Ҳушдор барои расонаҳои мустақил
Баъд аз нашри ин гузориш бархе коршиносон ҳушдор медиҳанд, ки шабакаи бузурге мисли “Ал-Ҷазира” аз чунин ҳамла эмин намонд, пас хабарнигорон ва расонаҳои хурд бояд ҳушёр бошанд чун онҳо низ дар хатаранд.
Коршиносони амнияти рақамӣ тавсия медиҳанд, рӯзноманигорон ва дар умум тамоми корбарон танҳо бо накушодани “пайвандҳои шубҳанок” иқтифо накунанд. Чун дар ҳамлаҳои AdFection танҳо намоиши реклама метавонад роҳи расондани ҷосусафзор бошад.
Барои рӯзноманигорон чунин ҳамла на танҳо хатари аз даст рафтани маълумоти шахсӣ, балки эҳтимоли фош шудани манбаъҳои махфӣ, мукотиба ва маводи таҳқиқотиро ба миён меорад.
Тавсияҳои асосие, ки коршиносон медиҳанд:
. агар дар хатар бошед, дар iPhone “Ҳолати қуфл” (Lockdown Mode)-ро фаъол кунед.
. абзори бастани таблиғ насб кунед;
. шиносаи таблиғотии гӯширо пок ё хомӯш кунед;
. гӯшӣ ва барномаҳоро пайваста навсозӣ кунед;
. аз барномаҳои ройгони пуртаблиғ ва VPN-ҳои ношинос дурӣ ҷӯед;
