Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, бархе афрод ва бунёдҳои қалбакӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо нашри аксу наворҳои сохта аз мардум пул ҷамъ мекунанд. Ин ниҳод рӯзи 4-уми ноябр хабар дод, ки кормандонаш дар фурудгоҳи Душанбе мусофиронро аз ин шеваи фиреб огоҳ кардаанд.
Хадамот аз шаҳрвандон хостааст, ки пеш аз фиристодани пул номи расмии созмон, ҳадафи ҷамъоварии маблағ ва ба кӣ тааллуқ доштани суратҳисоби бонкиро бисанҷанд. Ин ниҳод ба хусус аз интиқоли пул ба кортҳое ҳушдор додааст, ки рақамашон дар каналҳои ношиноси Телеграм ё аз номи шахсони бегона дар паёмрасонҳо паҳн мешавад.
Хадамоти муҳоҷират моҳи октябр низ дар ҳамин фурудгоҳ ба шаҳрвандоне, ки барои кор ба Русия мерафтанд, ҳушдори монанд дода буд. Аммо аз эъломияи нав маълум нест, ки оё сабаби такрори ҳушдор шикояти мушаххаси муҳоҷирон будааст ё фақат барои пешгирӣ. Ҳамзамон Хадамоти муҳоҷирати кишвар номи ҳеч бунёд ё саҳифаи қалбакиро наовардааст ва шарҳ ҳам надодааст, ки шахсе, ки дар чунин дом меафтад ва фиреб мехӯрад, барои бозгардонии маблағаш ба куҷо муроҷиат кунад.
Дар Тоҷикистон қаблан низ аз ҷамъоварии пул бо баҳонаи кумак ба ниёзмандон хабар додаанд. Дар гузашта низ Вазорати корҳои дохилии кишвар гузориш дода буд, ки бархе аз сокини Душанбе барои таъсиси саҳифаи қалбакӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо баҳонаи ҷамъоварии пул барои кумак ба ниёзмандон дастгир шуда буднд. Ба гуфтаи пулис, шахсони гумонбар аз як тараф аз мардум барои ниёзмандон пул ҷамъ мекарданд ва аз тарафи дигар, аз худи ниёзмандон ҳам барои ворид кардани номашон ба рӯйхати кумакгирандагон маблағ мегирифтанд.
