ИМА як шаҳрванди Тоҷикистонро барои мусоидат ба харидории силоҳи зиддиҳавоӣ барои Эрон таҳрим кард

Департаменти давлатии ИМА рӯзи 4-уми ноябр алайҳи се шахс ва чанд ширкат таҳрим ҷорӣ кард, ки дар миёни онҳо як шаҳрванди Тоҷикистон низ ҳаст.

Дар ин таҳримҳои нави Амрико шахсон ва ширкатҳое шомил шуданд, ки ба гуфтаи Вашингтон, дар талошҳо барои дастрас кардани низомҳои сайёри мушакии зиддиҳавоӣ ба Эрон даст доштаанд. Дар ин таҳримҳо Алишер Домуллоҷонов, зодаи шаҳри Душанбе, ки шаҳрвандии Тоҷикистон ва Русияро дорад, шомил шудааст.

Тибқи иттилои Департаменти давлатӣ, Домуллоҷонов дар талошҳо барои мусоидат ба харидории маҷмааи сайёри мушакии зиддиҳавоӣ (MANPADS) барои Эрон даст доштааст.

Дар ин рӯйхат ҳамчунин Муҳаммад Алӣ Толибов, мудири иҷроияи ширкати “Armory Alliance”, ки дар Беларус сабти ном шудааст ва ширкати “Vanguard Tactical Supply Limited” аз Нигерия шомил шудаанд.

Мақомоти Амрико иддао доранд, ки “Armory Alliance” ҳамчун миёнарав миёни ширкатҳои чинӣ ва Эрон амал карда, барои харидории садҳо маҷмааи сайёри мушакии зиддиҳавоӣ мусоидат кардааст. Ба гуфтаи Вашингтон, “Vanguard Tactical Supply Limited” низ дар талошҳои интиқоли чунин низомҳои истеҳсоли Чин ба Эрон бо истифода аз маълумоти бардурӯғ дар бораи истифодабарандагони ниҳоӣ иштирок доштааст.

Департаменти давлатӣ мегӯяд, ин иқдом бахше аз маъракаи идомадори ИМА барои халалдор кардани шабакаҳои таъминоти низомии Эрон аст. Ба иттилои ин ниҳод, таҳримҳои нав дар пайи чораҳои шабеҳе ҷорӣ шудаанд, ки 8-уми май, 10-уми июн ва 15-уми июли соли 2026 эълон шуда буданд. Вашингтон ҳамчунин ин иқдомро ба иҷрои эмбаргои силоҳ алайҳи Эрон, ки моҳи сентябри соли 2025 аз ҷониби СММ барқарор шудааст, рабт медиҳад.

Бар асоси таҳримҳои нав, дороиҳо ва манфиатҳои молии шахсону ширкатҳои номбаршуда, ки дар ИМА қарор доранд ё таҳти назорати шаҳрвандон ва ниҳодҳои амрикоӣ мебошанд, масдуд карда мешаванд. Ҳамчунин анҷоми муомилоти молиявӣ бо онҳо дар қаламрави ИМА ё аз ҷониби шаҳрвандони ин кишвар манъ шудааст.

Ин бори аввал нест, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар робита ба шабакаҳои молиявӣ ё таъминоти низомии марбут ба Эрон мавриди таҳримҳои Амрико қарор мегиранд. Қаблан Суҳроб Оймуҳаммадов, роҳбари ширкати “Zedx DMCC” дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, низ ба рӯйхати таҳримҳо ворид шуда буд. Мақомоти ИМА ӯро ба ҳамкорӣ бо шабакаи молиявии миллиардери эронӣ Бобак Занҷонӣ муттаҳам карда буданд.

Бояд гуфт, ҳам назари Алишер Домулоҷонов ва ҳам Суҳроб Оймуҳаммадов дар ин маврид дастрас нест.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тайсон ва Ҳолифилд дар Душанбе: пушти даъвати ситораҳои дунё чӣ ҳадафе ҳаст?

Шоми рӯзи 5-уми ноябр дар Душанбе ҳамоише бо ҳузури чеҳраҳои саршиноси ҷаҳон дар риштаҳои гуногун баргузор шуд.

Созмонҳо аз Олмон хостанд, ки Саидтаиб Саидмамудовро ихроҷ накунад

Ҳаракати сиёсии "Гурӯҳи 24" аз мақомоти Олмон даъват кардааст, ки аз ихроҷи Саидтаиб Саидмамудов, ҷонибдори ин ҳаракат ва намояндаи ҷомеаи помириҳо ба Тоҷикистон пешгирӣ кунанд.

Шикоят аз бетаваҷҷуҳӣ дар бемористон: бемор пас аз чанд соат интизорӣ ба кома рафт

Наворе, ки рӯзноманигор Шаҳлои Гулхоҷа дар саҳифаи худ дар...

Хадамоти муҳоҷират аз ҷамъоварии пул барои кумакҳо ҳушдор дод

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, бархе афрод ва бунёдҳои қалбакӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо нашри аксу наворҳои сохта аз мардум пул ҷамъ мекунанд.