6.9 C
Dushanbe

Эмомалӣ Раҳмон ба Москва даъват шуд. Барои иштирок дар ҷашн ё “на ковёр”?

Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои ширкат дар ҷашни бахшида ба 75-умин солгарди пирӯзии Шӯравӣ дар Ҷанги ҷаҳонии дуввум, ба Маскав даъват шудааст.

Оҷонсии телеграфии ТоҷикТа аз қавли департаменти иттилоотии Вазорати хориҷии Тоҷикистон навиштааст, ки қарор аст Раҳмон дар ин ҷашн, ки 24 июн доир мешавад, ширкат меварзад.

Маросими 75-умин солгарди ин ҷашн, ки қарор буд 9 май доир шавад, ба иллати пандемияи КОВИД-19 мавқуф гузошта шуд. Тавре хабаргузориҳои русӣ менависанд, 24 июн ба он хотир он рӯзро иваз кардааст, ки нахустин режаи низомӣ бахшида ба ин ҷашн баъди соли 1945 барои аввалин бор дар Маскав маҳз 24 июн доир шуда будааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳоле озими Маскав хоҳад шуд, ки дар ин авохир зоҳиран миёни Русия ва Тоҷикистон як навъ тирагии равобит ба назар мерасад. Масъалаи муноқишаи марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон зоҳиран ин сардии муносибатҳоро рӯ занонд ва ба дунболи пешниҳоди миёнаравии Русия барои ин муноқиша вазорати хориҷаи Тоҷикистон бо ирсоли як номаи эътирозии бесобиқа ва шадидуллаҳн Русияро “тарафи саввум” хонд ва пешниҳоди ӯро барои рафъи ин муноқиша “мудохила” ва худи масъаларо “кори дохилии ду давлат” арзёбӣ кард. 

Ин ҳам дар ҳоле аст, ки Тоҷикистон то ду моҳи дигар вориди масъалаи расмии корзори интихоботи риёсати ҷумҳурӣ хоҳад шуд ва Раҳмон қасд дорад курсии худро ба писраш вогузор кунад. Кореро, ки Назарбоев мехост дар Қазоқистон бо духтараш анҷом диҳад. Аммо чанд ҳафтае пештар Дариға Назарбоева, духтари меросбари Назарбоевро аз симмати раиси Маҷлиси ин кишвар ҳам барканор карданд.

Ҳамин тавр президентҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова ва Сербия ширкати худ дар  ин маросимро таъйид кардаанд. Тибқи навиштаи хабаргузории «Коммерсанть», раиси Ҷумҳурии Узбакистон низ ба эҳтимоли зиёд дар ин ҷашн ширкат хоҳад кард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ваъдаи навбати мақомдорони тоҷик дар бораи лимити барқ

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки агар боридану барфу борон зиёд шавад, лимити барқ камтар мешавад.

3500 тоҷик дар рӯйхати сурхи Интерпол. Оё ҳамаи онҳо ҷинояткоранд?

Мақомоти Тоҷикистон механизмҳои Интерполро асосан барои ҷустуҷӯи мухолифони сиёсӣ ва шаҳрвандони мусалмонаш истифода мебарад, ки ба гурӯҳҳои террористӣ иртибот надоранд.

Сардори раёсати тандурустии Суғд чаро боздошт шуд?

Сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд боздошт шудааст. Вале то ҳанӯз маълум нест ӯро кадом ниҳод ва бо кадом гуноҳ боздошт кардаанд.

Афзоиши ҳамлаҳои Русия ба Украина

Рӯзи 28-уми январ нерӯҳои Русия ба шаҳри Киев ва чанд минтақаи дигари Украина ҳамлаи нав анҷом доданд.