18.9 C
Dushanbe

Чаро даргириҳои марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон хотима намеёбад?

Чанде пеш вобаста ба авҷ гирифтани танишҳои марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон Маскав пешниҳоди миёнҷаигарӣ карда буд. Аммо ин ду кишвар пешниҳоди Маскавро рад карданд. Ва даргириҳорои байнисарҳадиро мушкилоти дохилии худ хонда иброз намуданд, ки дар ин қазия ба миёнҷигарии Маскав зарурате надоранд.

Дар рӯзҳои гузашта Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон дар вокуниш ба пешниҳоди Маскав нотаи эътирозӣ фиристода дахолати Маскавро дар ин қазия напазируфт.Ҳамзамон ВКХ Қирғизистон низ да паёми худ иброз дошт, ки ин масъала сирф мушкилоти дохилии ин ду кишвар аст ва роҳи ҳал бо гуфту шунидҳо ҳал хоҳанд шуд.

Биноба хабаргузории “Форс” дар ин росто бо муқоиса бо паёми Қирғизистон вокуниши ВКХ Тоҷикистон лаҳни шадидтаре дошт. Чуноне, ки дар нотаи эътирозӣ омадаст: “Мушкилоти марзии Қиғизистону Тоҷикистон дар нишасти ахири Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ матраҳ нашуда ва масоили марбут ба аломатгузории марзҳои кишварҳои узви созмони мазкур умури дохилии он кишварҳост ва танҳо дар сатҳи дуҷониба баррасӣ мешавад ва дахолати тарафи саввум дар ин раванд лозим нест”.

Аммо коршиноси масоили сиёсии Русия Александр Кинязов, дар робита ба ин масъала ибрози андеша намуда гуфтааст, ки ҳалли масоили марзии Қирғизистону Тоҷикистон дар чорчуби ихтиёроти СААД нест ва созмон ба ҳалли ин мушкилот кумак карда наметавонад. Ӯ афзудааст, Русия барои он қодир аст ин мушкилотро бартараф намояд, ки дар хазина (архив)-ҳои он нақшаҳо ва санадҳои марбут ба марзҳои ин ду кишвар вуҷуд дорад.

Ҷаноби Князев дар робита ба эътирози шадидулаҳни кишварҳои ҳамсоя баён доштааст, ки ҳарду тараф дар масъалаи истиқлолашон нигарон нестанд, балки онҳо аз шиддатнокии вазъият дар марзҳои муштарак манфиатдоранд.Ин коршинос ба асли масъала ишора намуда мегӯяд: “Ин даргириҳо маъмулӣ нестанд, балки дар он раванди эҷоди таассуби миллӣ хашин (носиюнолисм) и зидди тоҷикӣ дар Қирғизистон ва зидди қирғизӣ дар Тоҷикистон нақш дорад ва албатта, ҳузури нухбагони сиёсӣ низ дар раванд баъид нест”.Вай афзудааст, ки илова бар ин дар он минтақа гурӯҳҳои ҷиноӣ бо ҳамкории ниҳодҳои давлатӣ роҳҳои қочоқро дар даст доранд ва назорат мекунанд, ки албатта, хоҳони оддӣ сохтани вазъият дар марзҳо нестанд.

Ёдовар мешавем, ки тай чанд соли ахир пайваста дар марзи ин ду кишвар байни сокинони деҳаҳои наздик ва ҳатто марзбонон даргириҳо рух медиҳад, бо вуҷуди онеки президентҳои ин ду кишвар барои ҳалли масъала дидору гуфтугӯ доштанд, аммл мушкилоти ҷойдошта ҳалли худро наёфт.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Як соҳибкор ба хотири писараш боздоштгоҳи нав сохт

Як соҳибкори маҳаллӣ аз Истаравшан пас аз дидани вазъи фарзанди боздоштшудааш, як боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и наве сохта ба мақомот додааст.

Дар интихоботи Маҷористон ҳампаймони Амрико шикаст хӯрд

Виктор Орбан, "дӯст"-и Путин ва Трамп дар интихоботи парлумонии Маҷористон шикаст хӯрд.

Боздошти як зани овозхон бо итиҳоми ҷалби духтарон ба танфурӯшӣ

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри иттилоияе аз боздошти як зани овозхон хабар дод, ки дар ҷиноятҳои шаҳвонӣ гумонбар дониста мешавад.

Ҷанги Амрико ва Эрон: Аз аҳдофи нотамом то музокироти ноком

Эъломи оташбаси дуҳафтаӣ дар миёни Амрико ҳамроҳ бо Исроил ва Эрон ва нокомии даври аввали музокирот байни ҷонибҳо абъоди тозаеро ба вуҷуд овардааст.