41.9 C
Dushanbe

Муҳокимаи парвандаи “ихвониҳо” паси дарҳои баста оғоз шуд

Муҳокимаи парвандаи дастаҷамъонаи 116 гумонбаршудаи ҳамкорӣ бо созмони мамнӯи “Ихвон-ул-муслимин” (Бародарони Мусалмон) рӯзи 7-уми июл дар Додгоҳи Олии Тоҷикистон паси дарҳои баста шуруъ шудааст.

Дафтари матбуоти додгоҳ ин хабарро ба расонаҳо тасдиқ карда вале гуфтааст, ба иллати пӯшида будани баррасӣ шарҳи бештар дода наметавонад.

Дар ҳамин ҳол манобеи Додситонии кулли Тоҷикистон гуфтаанд,ки парванда 114 шаҳрванди Тоҷикистон ва ду шаҳрванди Мисрро аз рӯйи 4 банд 179,2, 307,1,2,3 КҶТ ба ташкили созмони ифротӣ ва сармоягузорӣ ба чунин ниҳод айбдор мекунад.

Радиои Озодӣ аз қавли додситонӣ гуфтааст:

“Парванда ду ҳафта пеш ба додгоҳ фиристода шуд. Айбдоршавандагон бар асоси моддаҳои 179, замимаи 2-и Кодекси ҷиноӣ (маблағгузории ҷиноятҳои хусусияти терористидошта) ва моддаи 307, замимаи 1 (Даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва сафедкунии оммавии экстремизм), моддаи 307, иловаи 2 (Ташкили иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ), моддаи 307, иловаи 3 (Ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) айбдор дониста шудаанд.”

Бар асоси айбномаи пешниҳодшуда ба боздоштшудагон то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.

Гуфта мешавад ҷаласаи аввали додгоҳии “ихвониҳо” дар СИЗО -и як таҳти раёсати додраси Додгоҳи олӣ Муҳаммад Раҳмонзода баргузор шудааст

Вакилони гумонбаршудагон аз суҳбат бо Радиои Озодӣ худдорӣ карданд ва фақат зикр намуданд, ки парванда зери муҳри “махфӣ” баррасӣ мешавад, биноан, ҳаққи додани маълумотро надоранд.

Хешовандони муттаҳамон низ аз суҳбат канораҷӯӣ карданд, аммо яке аз онҳо, Нусратулло Алиев аз шаҳри Бохтар, гуфт, ба ӯ дар бораи парвандаи писараш маълумоте надодаанд: “То ҳол намедонам, барои кадом кор ӯро боздошт кардаанд. Ман фақат ба Боздоштгоҳ ғизо мебарам ва то ҳол худи ӯро надидаам. Адвокати мо қариб бо мо гап намезанад.”

Ин шахс афзуд, писараш дар Донишгоҳи исломӣ аз забони англисӣ дарс медод ва моҳи феврал дастгир шуд.

Дар авоили соли ҷорӣ мақомоти амниятии Тоҷикистон даҳҳо нафар аза қишри босаводи ҷомеа, донишҷӯ, устоди донишгоҳ, номзади илм ва корманди ҳукуматиро бо иттиҳоми узвият ва ҳамкори бо “Ихвон-ул-муслимин” дастгир карда буданд.

Як манбаъ, ки нахост номаш фош шавад ба “Аздо тв” гуфт, рӯзи 06 июли соли ҷорӣ дар Додгоҳи шаҳри Кулоб ду парвандаро бо ҳамин иттиҳом баррасӣ намуда, якеро ба муҳлати 5 сол зиндони низомаш умумӣ ва дигареро низ ба ҳамин муддат шартан ҳукм карданд. Ин манбаъ мегӯяд:

“Хеши мо дар шаҳри Душанбе донишҷӯи курсҳои поёонӣ буд, бо пешниҳоди ҳамкурсонаш барои омӯзиши забони англисӣ ба “Маркази забономӯзии Маърифат-2012” мерафтааст, ӯ бачаи қишлоқ буду ба ҳеч ҳизбу гурӯҳе шомил набуд. Инчунин на вакили дифоъ дошт ва на пуле, ки худро халос кунад. Бегуноҳ барои 5 сол зиндонӣ шуд”.

Ҳуқуқшиноси тоҷик Бахтиёр Насруллоев гуфтааст,ки  “парвандаи “ихвониҳо” парвандаи ақидавӣ аст, яъне ақидаи боздоштшудагонро мақомот “ихвонӣ” меҳисобанд, аммо мухолифон чунин намеҳисобанд. Тибқи карори Додгоҳи олӣ фаъолияти созмон дар Тоҷикистон манъ аст, аз ин ҷо узв шудан ба он ҷиноят аст.”

Созмони “Ихвон-ул-муслимин” дар Тоҷикистон аз соли 2006 ба ин сӯ дар кишвар манъ аст. Он соли 1928 дар Миср ташкил шуда, як ҷамоати диниву сиёсӣ аст. Тарафдоронаш онро муътадил мехонанд, аммо баъзе ҳукуматҳо террористиву ифротгаро медонанд.

Бо ин ҳол коршиносон ва таҳлилгарони мустақил бар ин боваранд,ки парвандаи маъруф ба ихвониҳо як барномаи махсусе аз тарафи мақомоти амниятии Тоҷикистон аст, ки бо ин васила талош доранд Тоҷикистонро дар шумори кишварҳои дучори мушкил бо созмонҳову гурӯҳҳои сиёсии динӣ ҷилва бидиҳанд. Зеро бар пояи маълумоти расида аз дохили Тоҷикистон бархе аз афроди муттаҳам ба ихвонӣ аслан огоҳӣ надоранд, ки ихвониҳо киҳоянд ва ихвонулмуслимин чи ташкилот аст?

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳушдор! Ба Белорус сафар накунед!

Он муҳоҷирони тоҷикистоние, ки аз Русия бо сабабҳое ихроҷ ва мамнуъулвуруд шудаанд, ба Белорус ҳам сафар карда наметавонанд.

Гуфтугӯи телефонии Муҳриддин ва Ароқчӣ

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои эрониаш суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Задухӯрди навбатӣ дар марз бо Афғонистон

Дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон боз ду қочоқбари афғон кушта ва даҳҳо кг маводи мухаддир мусодира шудааст. 

Фоҷеа: Модари ҷавон 4 фарзандашро ба дарё андохту кушт

Як зани 27-сола бо номи Мадина Ҳалимова, сокини ноҳияи Фархор, бо се духтар ва як писари хурдсолаш худро ба дарёи Сурхоб андохт, вале худаш аз марг наҷот ёфт.