18.9 C
Dushanbe

Кумакҳои милюнии Комиссияи Аврупо ба Тоҷикистон ба куҷо сарф хоҳанд шуд?

112 млн евро маблағи тахсисдодаи Комиссиюни Аврупо барои бахшҳои маориф, ҳифзи сиҳати омма ва бахши иҷтимоии Тоҷикистон масраф мешавад. Дар як иттиллоияи расмӣ Комиссибни Аврупо дар ин бора хабар додааст.

Ютта Урпилайнен, комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байнулмилалӣ дар ин робита изҳор доштааст, ки Иттиҳод ба Тоҷикистон барои вокуниш ба хатари коронавирус ва қонеъ намудани талаботи тиббӣ-санитарӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодӣ 112 милон евро барои Тоҷикистон ҷудо кардааст:

Ютта Урпилайнен, комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байнулмилалӣ  гуфт: “Тоҷикистон сатҳи фарогирии хизматрасонии тиббиро беҳтар карда, ҷавонони тоҷикистонӣ барои гирифтани маълумоти хушсифат дастрасии бештар ва минбаъд дарёфти шуғли шоиста имкон пайдо мекунанд”.

Гуфта шудааст, ки басти кумак аз се барномаи ба ҳам алоқаманд иборат аст: Барномаи рушди соҳаи тандурустӣ (52,2 млн Евро), Барномаи дастгирии маълумоти хушсифат II (50 млн Евро) ва Барномаи дастгирии ислоҳоти низоми бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ (10 млн Евро).

Ду барномаи аввал (ба маблағи умумии 46,2 млн Евро) аз тадбирҳое иборатанд, ки мустақиман ба дастгирии вокуниши фаврӣ ба пандемия, тақвият бахшидани талошҳо баҳри сабукгардонии оқибатҳои манфии он равона мегарданд.

Комиссиюни Аврупо қаблан низ барномаҳои алоҳидаи давлати Тоҷикистон, аз ҷумла таҳким ва навсозии таҷҳизоти фаннӣ барои марзбонони тоҷик ва аз ҷумла дидбонгоҳ ва гузаргоҳҳои марзиро таййи чанд сол бар уҳда дошт. Худравҳои вижа, сарулибоси низомӣ, васоити мухобирот ва хаймаҳои саҳроӣ ба марзбонони тоҷикро ин Комиссиюн дар доираи барномаҳои гуногун дастрас кардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Муҳоҷири тоҷик дар Русия ҷони се кӯдакро наҷот дод

Як муҳоҷири 32-солаи тоҷик дар Русия бо номи Сайвалӣ Шарипов аз як хонаи оташгирифта се кӯдакро наҷот дод.

Дар Русия назорат болои муҳоҷирон сахттар мешавад

Мақомоти Русия назорат болои муҳоҷирон, аз ҷумла зодагони Тоҷикистонро сахттар мекунад.

Иттиҳоди Аврупо таҳримҳо алайҳи Сурияро бекор кард

Рӯзи сешанбе Иттиҳоди Аврупо эълон кард, ки таҳримҳои иқтисодие, ки алайҳи кишвари Сурия гузошта шуда буд, бекор кард.

Тоҷикистону Чин дурнамои ҳамкориҳои тиҷоратиро баррасӣ карданд

Мақомдорони Тоҷикистону Чин зимни дидоре дар шаҳри Остонаи Қазоқистон масоили рушди ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи нақлиёт ва дурнамои онро баррасӣ карданд.