26.9 C
Dushanbe

Кумакҳои милюнии Комиссияи Аврупо ба Тоҷикистон ба куҷо сарф хоҳанд шуд?

112 млн евро маблағи тахсисдодаи Комиссиюни Аврупо барои бахшҳои маориф, ҳифзи сиҳати омма ва бахши иҷтимоии Тоҷикистон масраф мешавад. Дар як иттиллоияи расмӣ Комиссибни Аврупо дар ин бора хабар додааст.

Ютта Урпилайнен, комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байнулмилалӣ дар ин робита изҳор доштааст, ки Иттиҳод ба Тоҷикистон барои вокуниш ба хатари коронавирус ва қонеъ намудани талаботи тиббӣ-санитарӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодӣ 112 милон евро барои Тоҷикистон ҷудо кардааст:

Ютта Урпилайнен, комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байнулмилалӣ  гуфт: “Тоҷикистон сатҳи фарогирии хизматрасонии тиббиро беҳтар карда, ҷавонони тоҷикистонӣ барои гирифтани маълумоти хушсифат дастрасии бештар ва минбаъд дарёфти шуғли шоиста имкон пайдо мекунанд”.

Гуфта шудааст, ки басти кумак аз се барномаи ба ҳам алоқаманд иборат аст: Барномаи рушди соҳаи тандурустӣ (52,2 млн Евро), Барномаи дастгирии маълумоти хушсифат II (50 млн Евро) ва Барномаи дастгирии ислоҳоти низоми бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ (10 млн Евро).

Ду барномаи аввал (ба маблағи умумии 46,2 млн Евро) аз тадбирҳое иборатанд, ки мустақиман ба дастгирии вокуниши фаврӣ ба пандемия, тақвият бахшидани талошҳо баҳри сабукгардонии оқибатҳои манфии он равона мегарданд.

Комиссиюни Аврупо қаблан низ барномаҳои алоҳидаи давлати Тоҷикистон, аз ҷумла таҳким ва навсозии таҷҳизоти фаннӣ барои марзбонони тоҷик ва аз ҷумла дидбонгоҳ ва гузаргоҳҳои марзиро таййи чанд сол бар уҳда дошт. Худравҳои вижа, сарулибоси низомӣ, васоити мухобирот ва хаймаҳои саҳроӣ ба марзбонони тоҷикро ин Комиссиюн дар доираи барномаҳои гуногун дастрас кардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вазорат латтукӯби бераҳмонаи сарбозро рад кард, аммо шоҳидон чизи дигар мегӯянд

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон бо нашри изҳороте хабари бераҳмона латтукӯб шудани сарбози қаторӣ Маҷидов Аслиддинро аз ҷониби ҳамхизматонаш беасос номид. 

Истеъфои сармуррабии футбол

Сармураббии дастаи пуровазадори "Регар-ТадАЗ"-и шаҳри Турсунзода аз мақомаш истеъфо дод.

Ҳалокати як ҷавони тоҷик бар асри раъду барқ

Бар асри боришоти зиёди жола ва зарби раъду барқ дар бархе манотиқи кӯҳистонии Тоҷикистон як нафар ба ҳалок расидааст.

Мақомоти тоҷик аз боздоштҳои муҳоҷирон ба сафири Русия гила карданд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар мулоқот бо сафири Русия аз боздоштҳои оммавии муҳоҷирон, ки тавассути мақомоти рус анҷом дода мешавад, изҳори нигоронӣ кардааст.