Оҷонсии зидди фасод: дар Тоҷикистон фурӯхтани кумакҳои башардӯстона мушоҳида нашудааст

Раиси Оҷонсии зидди фасоди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти матбуотии имрӯз 28 июл гуфт, ки дар давоми 6 моҳи ахир 1218 ҷинояти хусусияти корупсиёнидошта ба қайд гирифта шудааст.

Масъулони ин ниҳод дар посухи суоли марбут ба пулситонии табибон зимни муолиҷаи вируси COVID-19 ва ҳолатҳои фурӯхтани кумакҳои башардӯстон гуфтанд, ки аз оғози интишори COVID-19 то ҳол аз ҷониби табибон ҳолатҳои пулситонӣ барои табобати каронавирус мушоҳида нашудааст.

Аммо хабари пулситонии табибонро аксари корафтодагон ва гирифторони бемории вируси COVID-19 тасдиқ карда буданд ва ин дар расонаҳо нашр шуда буд.

Ҳамзамон муовини аввали директори Оҷонсии зидди фасод, Аҳмадзода Музаффар гуфт, ки ҳолатҳои ба фурӯш баровардани кумакҳои башардӯстона умуман дар Тоҷикистон сабт нашудааст.

Ин дар ҳолест, ки аз рӯзи аввали боздошт шудани шаҳрдори Кулоб, Баҳром Иноятзода расонаҳо навиштанд, ки ӯ бо ҷурми фурӯхтани кумакҳои башардӯстона дастгир шудааст. Вале баъдан ин иттҳомро мақомот инкор кард ва гуфт, ки ӯ ба гирифтани пора дар ҳаҷми 400 ҳазор сомонӣ муттаҳам мешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Марзи номус: Галустяни “ҚАҲРАМОН” ва Раҷабови “ҶИНОЯТКОР”

Ду таҳқир, ду вокуниш: ҷомеъа якеашро диду вокуниш нишон дод, аммо мақомоти ҳардуяшро нодида гирифтанд ва ҳатто дар таҳқири миллат шарик шуданд.

Дар Русия мехоҳанд аз пули фиристодаи муҳоҷирон андоз ситонанд

Баъзе аз сиёсатмадорон дар Русия пешниҳод кардаанд, ки ҳангоми интиқоли пул аз Русия ба хориҷ то 3 дарсад маблағи иловагӣ ситонида шавад.

СММ: Беш аз 70 дарсади офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон ба об рабт доранд

Беш аз 70 дарсади офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон ба об рабт дошта, зиёда аз 80 дарсади хисороти аз офатҳои табиӣ расидаро ташкил медиҳанд.

“Бесавод” ва “неандертал”: Интиқоди Шаҳидӣ аз мунтақидони Галустян

Пас аз сафари Михаил Галустян ба Тоҷикистон ва вокунишҳои тунди ҷомеаи шаҳрвандӣ, Табрез Шаҳидӣ, писари оҳангсоз Толиб Шаҳидӣ аз ӯ ҳимоят карда, мунтақидонро "неандертал" хонд.