9.9 C
Dushanbe

Аз пири барҷомонда то тифли навзоди тоҷик 330$ аз хориҷа қарздор аст

Акс аз вебсайти “itd2.mycdn.me”

Ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистони  $3 млрд. 96,1 млн. – ро ташкил медиҳад, ки ин мабалағ ба сари ҳаряк шаҳрванди ин кишвар аз пири барҷомонда то кӯдаки гаҳвора $330  мерасад.

Хабаргузории “Avesta.Tj” менависад, ин нишондод бар пояи омори аҳолии Тоҷикистон,ки айни замон 9,3 млн. гуфта мешавад баровард шудааст. Ҳамчунин ба ҳангоми  ин ҳисобу китоб ҳаҷми умумии қарзи хориҷии Тоҷикстон дар назар гирифта шудааст, ки бар пояи маълумоти вазорати молия дар аввали июли соли 2010 маблағи қарзи хориҷӣ $3 млрд 96,1  млн ҳисоб шудааст. Аз вазорати молияи Тоҷикистон ба ин хабаргузорӣ гуфтаанд, ки ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон дар  нимослаи аввали соли ҷорӣ 36.1% тавлидоти нохолиси миллио ташкил медиҳад.

Барои хидматрасонии ин миқдор қарзи хориҷӣ дар нимсолаи аввал   958,9 млн. сомони масраф шудааст. Дар вазорат ҳамчунин гуфтаанд,ки дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 16 лоиҳаи қарзӣ ва грантӣ ба маблағи $587,2 млн ба имзо расидааст.Аз ин ҳисоб беш аз $361,2 млни он марбути лоиҳаҳои грантӣ ва маблағи $220 млни боқимонда марбути созишномаҳои қарзӣ мебошад. Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми қарзи берунаи Тоҷикстон $170,9 млн. афзудааст.

Бар пояи маълумоти вазорати молия ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон дар назди муассиса ва созмонҳои молиявӣ аз ин қарор аст:

«Эксимбанк»-и Чин – $1 млрд. 133,4 млн.,

Бонки ҷаҳонӣ – $338,5 млн.,

Бонки осиёии рушд, – $287,3 млн., Бонки рушди исломӣ  –  $131,9 млн

Андозаи уҳдадориҳои қарзӣ аз евробондҳо $500 млн.

Ёдовар мешавем евробондҳо-ва ё авроқи гаронарзиши Тоҷикистон,ки дар сентябри соли 2017 дар биржаи Люксембург барои харидорони урупоӣ ва амрикоӣ бароварда шуд, барои сохтмони неругоҳи Роғун ва бо кафолати ҳукумати Тоҷикистон фурӯхта шудааст. Ин муомиларо Ҷамолиддин Нуралиев,муовини аввaли раиси Бонки миллӣ ва домоди раиси ҷумҳурии Тоҷикистон доир кардааст. Ниммиллиард доллар пули ба дастомада солона ҳудуди 35 млн доллар баҳра дорад ва дар ин се сол беш аз 105 млн доллар “протсент” хурдааст. Зеро баҳраи он  дар сол 7.2 муқаррар карда шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҷангро Амрико шуруъ кард, аммо кӣ онро хотима медиҳад?

Раҳбари Инқилоби исломии Эрон тайи ҳамлаи мушакии муштараки Амрико ва Исроил ба ин кишвар кушта шуд.

Суқути чанд ҳавопаймои ҷангии Амрико дар Кувайт

Вазорати дифои Кувайт рӯзи душанбе аз суқути чанд ҳавопаймои ҷангии Амрико дар хоки ин кишвар хабар дод. Вале маълум нест, шумори дақиқи ҳавопаймоҳо чандто аст.

Изи ВКД-и Тоҷикистон дар занозании гурӯҳии муҳоҷирони тоҷик дар Варшава

Дар пайи як занозании гурӯҳии муҳоҷирон дар Варшаваи Лаҳистон се зодаи Тоҷикистон боздошт гардида, як нафари дигар бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон интиқол ёфт.

Ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эрон оғоз шуд

Субҳи рӯзи 28-уми феврали соли 2026 Амрико дар ҳамроҳӣ бо Исроил ҳамлаҳои низомии худро бар зидди Эрон оғоз карданд.