17.9 C
Dushanbe

Наздик ба 10 ҳазор нафар ба рухсатии маҷбурии бемузд фиристода шуданд

Акс аз pravoedelo.perm.ru

Дар нимсолаи авввали соли равон дар Тоҷикистон қариб 10 ҳазор нафар аз ҷониби корфармоён ба рухсатии маҷбурии бемузд фиристода шудаанд.

Агентии омори назди президенти Тоҷикистон мегӯяд, 7.8 ҳазор нафари онҳо ба рухсатии бемузд фиристода шуда, дар реҷаи ҳафтаи кории нопурра ё рӯзи кории нопурра 200 нафари дигар фаъолият доштаанд.

Агентии омор сатҳи бекорӣ бо назардошти бекории пасипардагиро 2.5% аз шумори умумии қувваи корӣ меҳисобад.

Бекории пасипардагӣ шуғли нопуррае мебошад, ки бар асари бозмондани истеҳсолот қисме аз кормандон дар рухсатии маҷбурӣ қарор доранд ё бо реҷаи ҳафтаи кории нопурра ё рӯзи кории нопурра фаъолият мекунанд.

Тибқи арзёбии пешакии Агентии омор дар Тоҷикистон 2 млн 445 ҳазор нафар қувваи корӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ин шумор танҳо 51.5 ҳазор нафар расман мақоми бекор доранд, ки 2.1 % аз шумораи умумии қувваи кориро ташкил медиҳад. Боқимонда 2 млн 394 ҳазор нафар дар соҳаи иқтисод машғули кор будаанд.

Зиёда аз 1 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор доранд.

Коршиносон рақамҳои овардаи Агенти омори Тоҷикстонро зери суол мебаранд ва мегӯянд, дар давлате, ки сатҳи фақр хеле болост ва шаҳрвандони зиёдаш дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд, шумораи бекорон чӣ гуна 51.5 ҳазор нафарро ташкил медиҳад? Ба назари онҳо шумораи бекорон бештар аз онест, ки мақомот мегӯяд. Агар дар нимсолаи аввал бештар аз 9 ҳазор нафар ба рухсатии маҷбурӣ фиристода шуда бошанд, пас муҳоҷироне, ки аз сабаби пандемияи коронавирус бекор мондаанд ва бо рейсҳои чартерӣ ба Ватан баргашта истодаанд, ҳукумат онҳоро чӣ гуна мехоҳад бо ҷойи кор таъмин кунад?

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳабси боз як нафар барои фиристодани пул ба “Ислоҳ”

Дар Тоҷикистон боз як муҳоҷири собиқро барои фиристодани маблағ ба Муҳаммадиқболи Садриддин маҳкум ба зиндон карданд.

Эҳтимоли азсаргирии ҳамлаи Амрико ба Эрон баррасӣ мешавад

Қарор аст рӯзи панҷшанбе, 30-ми апрел Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико нақшаи ҷадиди ҳамла ба Эронро, ки аз ҷониби низомиён пешниҳод мешавад, баррасӣ кунад.

Куштори даҳшатнок: дӯсташро кушт ва ҷасадашро пора кард

Дар ноҳияи Файзобод аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ як ҳодисаи мудҳиши ҷинояти куштор ошкор гардид, ки ҷомеаро такон дод.

Президент музди командони IT-ро бештар мекунад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон бо имзои фармоне маоши кормандони соҳаи технологияи IT-ро бештар карданист.