35.9 C
Dushanbe

Ҳизбҳо дар Тоҷикистон вориди интихобот мешаванд, аммо бо чӣ барномае?

То имрӯз се ҳизб дар Тоҷикистон бо пешниҳод намудани номзадҳояшон аз омодагии худ ва иштирокашон дар интихоботи президентии 11 октяб хабар доданд.

Нахустин шуда Ҳизби аграрии Тоҷикистон 15 август дар анҷумани ғайринавбатии худ Рустам Латифзода, раиси ин ҳизб ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистонро ба ҳайси номзади Ҳизб ба президентӣ пешниҳод кард. Рӯзи шанбе 22 август ҲСТ дар анҷумани 11-умаш аз интихоб гардидани Абдуҳалим Ғаффорзода, раиси ин ҳизб ва вакили Парлумони Тоҷикистон ба мақоми президентӣ иттилоъ дод.

Барои Латифзода ин бори аввал бошад, вале Абдуҳалим Ғаффорзода дар интихоботҳои президентии соли 2006 ва 2013 низ номзад аз ҲСТ  ширкат варзида буд. Ва ин дафъа бори сеюм мешавад, ки дар интихоботҳои президентӣ ҳузур пайдо мекунад. Ғаффорзодада дар ҳеч як аз интихобтҳои гузашта овозҳои лозимаро ба даст наовардааст.

Ҳмчунин 23 августи соли 2020 Ҳизби демократии Тоҷикистон номзадии Сайидҷаъфар Усмонзода, раиси ин ҳизбро ҳамчун номзад ба курсии президентӣ пешбарӣ кард. Ин бори дуюм аст, ки раиси ҲДТ дар интихоботи президентӣ ба ҳайси номзад иштирок мекунад. Усмонзода дар интихоботи президентии соли 2013 иштирок намуда, бино ба иттилои КМИР  хеле овози кам гирифта буд, аммо дар интихоботи прлумонии соли 2015 овозҳои лозимаро ба даст оварда вориди Парлумон гашт.

Маҳмурод Одинаев, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар суҳбат бо “Аздо тв” гуфт, ки онҳо дар интихобот иштирок карданӣ нестанд. Ба гуфтаи Одинаев дар асл тағйир додани рӯзи баргузории интихоботи президентӣ аз 6 ноябр ба 11 октиябр ғайриқонунӣ буд, “ва агар мо иштирок мекардем, мардум мегуфтанд, ки модом ки ғайриқонунӣ бошад чаро Шумо иштирок кардед?” Ба назари ин ҳизб ҷонибдоронаш ин интихоботро қабул надоранд ва ӯ низ намехоҳад қонуншиканӣ кунад. Одинаев мегӯяд, агар эълони рӯзи интихобот қонунӣ мешуд, “ман шахсан номзадиямро пешбарӣ карда дар интихобот иштирок мекардам”. Агарчи ҲСДТ нагуфтанд, ки интихоботро байкот мекунанд, вале зоҳиран пайдост, ки чунин карданиянд.

Аммо боқӣ се ҳизби дигар – ҲХДТ, ҲКТ ва ҲИИТ то ҳол номзади худро пешбарӣ накардаанд. ҲХДТ гуфт, ки 3 сентябр дар анҷумани худ номзад ба мақоми президентиро эълон хоҳад кард. Ба назари коршиносон бо муайян шудани номзади ҲХДТ исми президенти ояндаи Тоҷикистон маълум мешавад.

Ба назари коршиносони соҳа иштироки ҳизбҳои Тоҷикистон дар интихоботи президентии имсола чизеро дар сиёсат тағйир дода наметавонад, зеро ба гуфтаи онҳо аз ҳоло ғолиб кист ва ҳатто президенти оянда маълум аст.

Аммо дар хусуси барномаҳои ҳизбҳое, ки номзадии худро ба интихоботи дарпешистода пешбарӣ карданд, мегӯянд, чандон боварибахш ва амалишаванда нестанд. Ва ҳатто мушаххас гуфта наметавонанд, ки чӣ кор карданиянд. Ин ки ҲСТ мегӯяд дар ҳолати пирӯзӣ дар Душанбе метро месозад ва воридшудани мошинҳоро ба пойтахт пулакӣ мекунад, барномаи лозимӣ гуфта намешавад. Аз ин дида, масоили муҳимми дигаре, мисли муҳоҷират ва мушкилоти иқтисодии ҷиддие дорем, ки бояд ҳизбҳо дар барномаҳояшон онро барои мардум пешниҳод кунанд то дастгирӣ ёбанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

ДБҶ ҳукми боздошти ду раҳбари Толибонро содир кард

Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноятӣ (ICC), воқеъ дар шаҳри Ҳагаи Нидерландия, барои ду раҳбари аршади Толибон, Ҳайбатуллоҳ Охунзода ва Абдулҳаким Ҳаққонӣ ҳукми боздошт содир намуд.

Гуфтугӯҳо миёни Трампу Натанёҳу ба чӣ анҷомид?

Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил рӯзи душанбе барои мулоқот бо Доналд Трамп ба Амрико сафар кард.

Ҳукми зиндони Дилмурод маълум шуд

Мақомоти Тоҷикистон фаъоли сиёсӣ ва узви ҶИРТ Дилмурод Эргашевро ба 8 соли зиндон маҳкум кард.

Гурӯҳе аз имомони мусалмони кишварҳои ғарбӣ ба Исроил сафар карданд

Субҳи 7-уми июл, Президенти Исроил Исаак Ҳерсог дар қароргоҳаш бо як гурӯҳ аз имомон ва намояндагони ҷомеаҳои мусалмонӣ аз Фаронса, Белгия, Нидерланд, Италия ва Британияи Кабир дидору гуфтугӯ намудааст.