13.9 C
Dushanbe

Дар Душанбе Иди каду, харбуза ва тарбуз таҷлил мешавад

Акс аз: theworldnews.net

Қарор аст дар Тоҷикистон рӯзи 30 августи соли равон бо ташаббуси Вазорати кишоварзии ин кишвар дар Маҷмааи савдои «Меҳргон»-и шаҳри Душанбе Иди каду, харбуза ва тарбуз доир шавад. Дар ин бора хабаргузории давлатӣ “Ховар” бо истинод ба маркази матбуотии Вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар дод.

«Дар  Маҷмааи савдои «Меҳргон» кишоварзон аз шаҳру  ноҳияҳои мамлакат маҳсулоти полезии худро ба намоишу фурӯш мегузоранд. Инчунин аз ҷониби кишоварзон дастархон бо анвои маҳсулоти полезӣ оро дода мешавад. Дар ин рӯз ярмарка — фурӯши маҳсулотҳои кишоварзӣ ташкил мегардад, ки сокинону меҳмонони  пойтахт метавонанд маҳсулотҳои кишоварзиро бо нархи дастрас харидорӣ намоянд»,-омадааст дар хабри Оҷонсии “Ховар”.

Гуфта мешавад, ки ҳамасола Иди каду ва хабарбузаву тарбуз ҳар кадом дар алоҳидагӣ гузаронида мешуд, вале имсол бо дарназардошти вазъияти пандемия ва паҳншавии бемории сироятии COVID-19 тасмим гирифта шудааст, ки идҳои мазкур дар якҷоягӣ таҷлил карда шаванд.

Шуруъ аз соли 2018 тибқи як фармони Раисҷумҳури кишвар дар хусуси иду маросимҳо ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон ҳар сол рӯзи якшанбеи ҳафтаи охири моҳи август Иди каду рӯзи шанбеи ҳафтаи аввали моҳи сентябр Иди харбуза ва тарбуз баргузор мешавад.

Ҷашнгирии Иди каду ва ё маҳсулоти кишоварзии дигар дар Тоҷикистон чанд солест ривоҷ пайдо кардааст. Солҳои гузашта ҳангоми баргузории ин гуна идҳо мардум дар шабакаҳои иҷтимоӣ масхараомез менавиштанд, ки аз баргузории ин ид мо чӣ суд мебарем. Ҳатто баъзе эълони чунин идҳоро хандаовар унвон карда буданд.

Аммо ба назари коршиносон таҷлил аз Иди каду ва ё харбузаву тарбуз агарчи дар баъзе давлатҳои дигар гузаронида мешавад, аммо тақлиди Тоҷикистон аз онҳоро дар ин бора ба маврид намедонанд. Онҳо мегӯянд, Тоҷикистон фақиртарин давлати пасошӯравӣ ба ҳисоб меравад ва зиёда аз якуним млн шаҳрвандаш дар хориҷи кишвар кор мекунанд, бо ин шароити пасти иқтисодӣ бояд шумори ҷашнҳои пурмасрафашро кам кунад ва барномаҳои рушди иқтисоди миллиро рӯй даст бигирад ва инчунин берун шудан аз ин бунбасти иқтисодиро дар мадди аввали барномаҳои худ гузорад.

“Вақте давлатҳои аврупоӣ ва пешрафта аз каду ва ягон мевае ҷашн мегиранд, онҳо иқтисоди баланд доранд ва масорифи ҷашнҳояшон низ кам аст, аммо давлати мо дар чунин ҷашнҳо ё соҳибкоронро маҷбур месозад ва ё аз буҷаи давлат масраф мекунад ва ё аз мардуми гирду атрофе, ки ҷашн онҷо баргузор мешавад, ҷамъоварӣ мекунанд, ки дар ҳама сурати зикршуда зарар бар иқтисоди шахс ва давлат дида мешавад”,- мегӯяд як коршинос бо шарти зикр нашудани номаш.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.