5.9 C
Dushanbe

Парванда алайҳи муовини додситони ноҳияи Фирдавсӣ оғоз шуд

Ислом Анварзода, муовини додситони ноҳияи Фирдвасии шаҳри Душанбе

Додситони шаҳри Душанбе алайҳи Ислом Анварзода, муовини додситони ноҳияи Фирдавсӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст. Ислом Анварзода, ронандаи мошини сабукраве аст, ки субҳи 7 август ба садама дучор шуд, ки дар дохили он сарояндаи маъруфи тоҷик, Баҳроми Ғафурӣ низ буд, ки номбурда дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расид.

Гуфта мешавад, Ислом Анварзода, ки пас аз ҳодисаи маргбор дар ҳолати вазнин ба беморхона бурда шуд, то чанд рӯз дар кома буд, ҳоло ба ҳуш омадааст. Баъд аз вуқӯи ин ҳодиса Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон зимни шарҳи он гуфта буд, ки Ислом Анварзода ва ҳамроҳонаш “дар ҳолати мастӣ” савори “Ландкрузер-200” ба “Камаз” бархӯрданд.

Радиои Озодӣ аз қавли мақомоти тафтишотӣ навиштааст, ки ҳодиса бар асоси қисми чаҳори моддаи 212-и Кодекси ҷиноӣ таҳқиқ мешавад. Ин банди Кодекси ҷиноӣ ҷазо ба ронандаеро пешбинӣ мекунад, ки “дар ҳолати мастӣ ҳаракати роҳро вайрон мекунад ва боис ба марги инсон ва ё зарари вазнин ба саломатӣ мешавад”.

Як табиб аз беморхонаи Қарияи Боло ба Радиои Озодӣ гуфтааст, пас аз ҷарроҳӣ Ислом Анварзодаро ба шифохонаи хусусии “Мадади Акбар” интиқол доданд. Ӯ гуфтааст, устухони дасти чапи Анварзода, ки пора-пора шуда буд, гирифтанд ва пойи росташ низ аз чанд ҷой ҷарроҳӣ шуд.

Ингуна садамаҳо аз ҷониби фарзандони мансабдорон дар ҳолати мастӣ бисёр рух додааст, онҳое, ки хабарашон расонаӣ шуда буд, барои хомуш кардани сару садоҳо як ҷаримаи сатҳӣ ва ё ба ном парвандае алайҳашон аз ҷониби мақомот боз мешуд, вале баъди як муддати кӯтоҳ раҳо мешуданд.

Аз ҷумлаи ин ҳодисаҳо расонаӣ шудани хабари ёвари додситони ноҳияи Сино Фирӯз Холиқзода буд, ки моҳи сентябри соли 2014 як зани роҳрӯбро пахш карда, ба ҳалокат расонд, ӯро се моҳ боздошт намуда сипас раҳояш карданд.

Инчунин яке аз пурсару садотарин хабари ҷинояти фарзанди мансабдор, ин садамаи писари Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ, раиси собиқи ширкати Роҳи оҳан буд, ки соли 2013 дар як садама се нафарро ба ҳалокат расонида буд. Мақомот ҳамсари ин мансабдорро барои “иҷро нагардидани ӯҳдадориҳо оид ба тарбияи ноболиғон” дар ҳаҷми 120 сомонӣ ҷарима бастанду халос. Инчунин фарзанди Нусратулло Абдуллоев, раиси пешини Додгоҳи олии Тоҷикистон низ дар садамае, ки боис ба ҳалокати одамон мешаванд, гумонбар буд, вале дар ниҳоят парвандаҳои онҳо то ба додгоҳ нарасида ба охир мерасид.

Соли 2016 дар садамае бо иштироки Фаромуз Саидов, писари Давлаталӣ Саид, муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон ду нафар ҳалок шуд, вале дар охир садамаро “камбудии техникӣ” унвон кардан ва ӯро аз ҷавобгарӣ раҳо карданд.

Ислом Анварзода, писари Анвари текстил, роҳбари корхонаи нассоҷии Тоҷикистон ва яке афроди наздики раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки тавонистааст ин бузургтарин корхонаи саноати ба истилоҳ сабуки кишварро хусусӣ кунад. Имрӯз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ мепурсанд, ки оё ин парвандаи мансабдор низ ба монанди дигарон яктарафа ҳал хоҳад шуд ва ё масъала дақиқ баррасӣ мешавад?

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

RSF: Тоҷикистон бояд бидуни қайду шарт Рухшона Ҳакимоваро озод кунад!

Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз (RSF) аз Тоҷикистон бори дигар талаб кард, ки рӯзноманигори зиндонӣ ва модари ду кӯдаки хурдсол Рухшона Ҳакимоваро бе қайду шарт озод кунад.

Як зани тоҷик дар Русия фарзандонашро аз 16-ум ошёна партофту худкушӣ кард

Дар шаҳри Сосновий Бори вилояти Ленинград як зани 23-сола зодаи Тоҷикистон ду духтари хурдсолашро аз балкони бинои баландошёна ба поён партофтааст.

Сатҳи талоқ дар Тоҷикистон нигаронкунанда аст

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода мегӯяд, бо вуҷуди коҳиш ёфтани омори талоқ дар кишвар, ин масъала ҳамоно нигаронкунанда боқӣ мемонад.

Интернети Starlink дар Тоҷикистон дастрас шуд

Интернети моҳвораии Starlink расман фаъолияти худро дар Тоҷикистон оғоз кард. Дар ин бора ширкати Илон Маск 5-уми феврал хабар дод.