13.9 C
Dushanbe

ҲСДТ интихоботи президентии 11 октябри соли 2020-ро таҳрим кард

Раҳматиллоҳ Зоиров, раиси ҲСДТ дар саҳифаи фейсбукаш хулосаи қарори Шӯрои ҳизбашро нашр кард. Зоиров мегӯяд, Шӯрои сиёсии Ҳизб ба хулосае расид, ки интихоботи президентии 11 октябр дар Тоҷикистон ба чанд банди Сарқонун мухолиф буда, аз ин рӯ, онро таҳрим мекунад.

Ба навиштаи Зоиров дар ҷаласаи Ҳизб интихоботи дар пешбуда бидуни риояи қавонини интихоботии Конститутсияи Ҷумҳури Тоҷикистон сурат мегирад ва иштирок дар он ғайриимкон мебошад.

Дар ҷаласаи Шӯрои сиёсии ҲСДТ қайд гардидааст, ки таъйини интихоботи президентӣ аз 6 ноябр ба санаи 11 октябри соли 2020 ғайриқонунӣ ва зидди модаҳои 67-68 Конститутсияи амалкунанда мебошад, дар баробари ин ҷамъоварии 250 ҳазор имзо, ки чунин пешбини гардидааст, ғайри имкон аст, зеро 50 дарсади шаҳрвандони Ҷумҳури Тоҷикистон дар хориҷ ба сар мебаранд ва наметавонанд дар ҷамъоварии имзоҳо ширкат дошта бошанд ва ин яке аз масъалаҳои муҳим мебошад.

Дар баробари ин қабули қонуни нав дар бораи Комиссияи интихобот, ки бо иштироки 31 ҳазор аъзо ташкил шудааст, таъсиси он принсипи «бепартиявӣ» гирифтааст, ки 25 ҳазораи онро аъзоени Ҳизби ҳалқи-демократӣ ташкил медиҳанд.

Дар идома гуфта шудааст, ки Президенти амалкунанда набояд раиси ҳизби сиёсӣ бошад. Раисии ӯ низоми бисёрҳизбиро халалдор кардааст ва онро ба низоми якаҳизбӣ мубаддал гардондааст.

Ҳамчунин Шӯрои сиёсии ҲСДТ гуфтааст: “Ҳаммаи комиссияҳои интихоботи ва субъектҳои пешбарикунандаи номзад ба президенти ҶТ (ҳизбҳои сиёсӣ, маҷлисҳои вилоятии намояндагони халқ, иттифоқи касаба, кумитаи кор бо ҷавонон сохторҳои хокимияти давлатианд ва фаъолияташон ба манфиати президенти амалкунанда нигаронида шудааст.

Зоиров навиштааст, ки дар асоси далелҳои дар боло зикр гардида ва бо назардошти вазъи феълӣ бо риояи нагардидани меъёрҳои қонунгузории интихоботи демократи ва озоду шаффоф, манофеи ҷомеа ва давлатдории мутамаддин мешавад, Шӯрои сиёсии ҳизб аз пешбарии номзад ба мансаби президенти ҶТ ҳамҷун намоянда аз ҲСДТ бо сабаби ғайриконститутсионӣ таъйин шудани интихобот ва дигар сабабҳои дар боло зикргардида худдорӣ мекунад ва онро таҳрим менамояд.

ҲСДТ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИИ ҶТАЗ 11 ОКТЯБРИ СОЛИ 2020 – РО ТАҲРИМ МЕКУНАД!!!Қарори Шӯрои сиёсии ҲСДТ …

Gepostet von Рахматилло Зойиров am Montag, 31. August 2020

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Манъи ҳиҷоб дар мактабу беморҳохонаҳо

Мақомоти тоҷик пас аз қабули тарҳи нави қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим” дар мактабу бемористонҳо "рейд" гузаронда, ҳиҷоби занҳоро зӯран мекашанд.

Сарвазирро кӣ ва чаро парронд?

Рӯзи чоршанбе, 4-уми май пас аз як нишасти давлатӣ, ба ҷони Сарвазири Словакия Роберт Фитсо сӯиқасд сурат гирифта, ӯ ба бемористон мунтақил шуд.

Тамдиди муҳлати ҳабси гумонбарони ҳамла ба Крокус

Додгоҳе дар Русия муҳлати ҳабси чор зодаи Тоҷикистонро, ки дар дар ҳамлаи хунин ба “Крокус Сити Ҳолл” гумонбар мебошанд, барои 3 моҳи дигар дароз кард.

“Идгардак”-у пешвози ҳоҷиён ва “либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона” манъ шуд

Дар Тоҷикистон "идгардак"-и кӯдаконро дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Қурбонро манъ карданд.