Шаҳрвандони бандмонади тоҷик аз гузаргоҳи “Жибе Жоли” ба Ватан оварда шуданд

Ба иттилои сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳури Тоҷикистон 164 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар марзи байни Узбекистону Қазоқистон, дар гузаргоҳи «Жибек Жоли» банд монда буданд, рӯзи 31 август ба кишвар бар гардонида шуданд.

Гуфта шудааст, ки баргардонидани шаҳрвандон бо ҳамкорӣ бо мақомоти марбутаи Ҷумҳурии Қазоқистон сурат гирифтааст, ки бо парвози махсуси ширкати “Сомон Эйр” муталлиқ ба Ҳасанд Асадуллозода, додарарӯси Президент, анҷом пазируфтааст.

Қабалан низ чунин бозгардониҳо буданд, ки мақомоти тоҷик гуфта буданд, ки бо дастур ва ҳидоятҳои Президент, муҳоҷирони дармонда дар марзи Қазоқистон ва Узбекистонро бар гардонидем. Вале баъдтар сафи дармондаҳо бештар шуд ва бо дахолат ва кумаки давлати Норвегия шаҳрвандони Тоҷикистон аз марз, ки рӯзҳои зиёде азоби сахтро аз сар гузаронида буданд, ба Ватан бозгардонида шуданд.

Рӯзи 20-уми июн сафорати Амрико дар Тоҷикистон гуфта буд, ки барои бозгардондани шаҳрвандон Оҷонси Иёлоти Муттаҳида оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ва Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират 635 шаҳрванди дармондаи Тоҷикистонро дар марзи Қазоқистону Узбекистон мусоида карда буд, ки бо чаҳордаҳ автобус ба Ватан оварда шуда буданд.

Аз 16 марти соли 2020 бинобар эълон гардидани вазъияти фавқулода дар Қазоқистон ва ҷорӣ шудани чораҳои маҳдудкунанда дар Узбекистон бар асари пандемияи COVID-19 барои ворид шудан ба ҳудуди ин ду давлат маҳдудиятҳо ҷорӣ шудаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Шиддати гармо Аврупо: Олмон ва Фаронса ба сокинон ҳушдор доданд

Кишварҳои Аврупо рӯзҳои охир бо яке аз шадидтарин мавҷҳои гармо дар солҳои охир рӯбарӯ шудаанд.

Боздошти зодаи Тоҷикистон дар Амрико

Мақомоти муҳоҷирати Иёлоти Муттаҳида як ҷавони 28-солаи тоҷикро бо гумони будубоши ғайриқонунӣ дар ин кишвар боздошт кардаанд.

Пас аз шаш сол: ҳаракати қатори Душанбе–Маскав дубора оғоз шуд

Пас аз шаш соли таваққуф, ҳаракати қатори мусофирбари Душанбе–Москва дубора барқарор гардид. Аввалин қатор рӯзи 21-уми июн ба роҳ баромад.

Шиканҷа дар Тоҷикистон – дарди бедавои ҳукумат

Чанд рӯз қабл аз фаро расидани Рӯзи байналмилалии ҳимоят...