10.9 C
Dushanbe

Ду раис дар як ҳизб, яке интихоботро қабул дорад дигарӣ онро ғайриқонунӣ ва ҷиноят медонад

Раиси ҷиноҳи дигари Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, Мирҳусейн Нарзиев, бо пахши як изҳорот гуфтааст, ҲСТ бинобар хилофи Конститутсия таъйин намудани интихоботи президентӣ, баргузор гардидани он ғайриқонунӣ мебошад.

Нарзиев бо далелҳое мисли: таҳти дахолати ҳукумат қарор доштани ҷараёни интихобот, набудани имкониятҳои баробар ба ҳизби ҳоким ва аҳзоби мухолифин, инчунин фурсати кам ҷудо кардан барои ҷамъоварии 5% имзои интихобкунандаҳо дар баробари ин, интихоботи президентиро бе номзадҳои алтернативии воқеӣ (яъне ҳизбҳои оппозитсионӣ) доир намудан, тасарруфи ҳокимияти давлатӣ ва ҷиноят меҳисобад. Ба назари ӯ интихоботи навбатии президентӣ бе истифодаи технологияи нав «саҳначаи» қаблан тарҳрезикардаи ҳукумат аст. Бо ин далоил, ҳизби ӯ ин интихоботро ғайриқонунӣ  унвон мекунад.

Мирҳусайн Нарзиев мегӯяд: “Рӯзи 6 август ҷаласаи якҷояи Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллӣ хилофи талаботхои Конститутся тариқи оҷили интихоботи Президенти мамлакатро эълон намуданд. Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон интизорӣ дошт, ки интихоботи навбатии Президентӣ бо истифода аз технологияи нав – интихоботи биометрӣ баргузор мегардад, ки чунин шакли овоздиҳӣ ба тақаллубкориҳо хотима мебахшад. Новобаста аз ба даст овардани суботи сиёсӣ дар Точикистон, интихоботҳои тақаллубкоронаи қаблии Президентӣ ва Порлумонӣ бо ширкати номзадҳо аз гурӯҳ ва ҳизбҳои ҳукуматисохт, Тоҷикистонро аз меъёрҳои демократӣ ба канор бурда, боиси: рӯшди бемайлони фасод, ки ба амнияти давлат таҳдид намуда истодааст;  хилофи Конститутсия ба Чин додани 1158 км мураббаъ масоҳати мамлакат, риоя нашудани адолати иҷтимоӣ (дар мисоли тақсими беадолатонаи моликияти Шӯравӣ инчунин нафақаи ночизтарин, ки боиси болоравии шиддати иҷтимоӣ ва хориҷи кишвар рахти сафар бастани садҳо ҳазор шаҳрвандон; аз байн бурда гуногунафкории сиёсӣ ва амалан ба яккаҳизбӣ раҳандозии аҳзоб; тасарруфи маблағҳои мизоҷон аз ҷониби бонкҳои давлатӣ, набудани назорати мардумӣ аз болои харҷи маблағҳои бӯҷҷа ва ғайраҳо мисол шуда метавонанд. Баргузории интихоботи Президентӣ тибқи “сахнача”-и қаблан тарҳрези намудаи ҳукумат (яъне танҳо бо ширкати ҲХДТ ва ҳизбҳои ҳукуматисохт, ки ба хотири фиреби назари интихобкунандагон ва ҷомеаи ҷаҳон тарҳрези шудаанд), мантиқи баргузории интихоботи демократиро комилан аз байн мебарад.”

Ба гуфтаи ин масъули ҷиноҳи ҲСТ, интихоботи президентӣ танҳо бо ширкати номзадҳо аз ҳизбҳои ҳукуматисохт (яъне ҲХДТ ва филиалҳои он) мантиқи интихоботи демократиро аз байн мебарад.

Мирҳусейн Нарзиев интихоботи президентии дар пешисотодаро аз номи ҷиноҳи ҲСТ таҳрим мекунад, “Барои гирифтани пеши роҳи тақаллубкориҳо ҳукумати Тоҷикистонро зарур буд, ки таҳти назари СММ, САҲА рестри ягонаи интихобкунандаҳоро бо усули биометрӣ то рӯзи интихобот омодаю баъдан дар ҷараёни интихобот истифода намояд. Чун фосила барои тайёр намудани руйхатти интихобкунандагон бо технологияи нав басанда нест, ҲСТ интихоботи Президентиро ғайриконунӣ, беэътибор аз рӯзи кабули қарори МН ва ММ ҳисобида, аз пешбарии номзади худ худорӣ ва интихобти Президентиро таҳрим менамояд”.

Аммо ҷониби ҷиноҳи дигари Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Абдуғаффор Ҳалимов на ин ки инихоботи президентро таҳрим мекунад, балки номзад ба курсии Президент пешниҳод шудааст.

Гуфтанист, ки ҲСТ дар шаҳри Хуҷанд таъсис ёфта ва нахустин раҳбарии онро зан ба уҳда дошт. Дар соли 1997 раҳбарии ҳизбро Сафаралӣ Кенҷаев, раиси пешини Шӯрои Олӣ ба зимма гирифт. Соли 2000 пас аз  кушта гардидани  Кенҷаев, Мирҳусейн Нарзиев корманди Пажӯҳишгоҳи физики нуҷумии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон раҳбари ин ҳизб интихоб шуд. Соли  2004 дар миёни аъзо ва тарафдорони ин ҳизб ихтилоф ба миён омад. Абдуҳалим Ғаффоров ва Қурбон Восиев дар моҳи июли ҳамон сол ҷаласа баргузор намуда  Мирҳусейн Нарзиевро аз роҳбарии ҳизб барканор карданд ва Абдуҳалим Ғаффоров роҳбар эълон шуд, вале  чанд сол мешавад, ки Нарзиев низ дар баробари Ғаффоров худро раиси ин ҳизб мешуморад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Таксиҳои Тоҷикистон нав мешаванд

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар додааст, ки тамоми ширкатҳое, ки дар пойтахт ба хидматрасонии таксӣ машғул ҳастанд, бояд ба мошинҳои барқӣ гузаранд.

Сармоягузории $270 миллиони Чин ба “Роғун”

Бино ба гузорише Бонки сармоягузории зерсохтории Осиё (AIIB) барои бунёди Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” 270 миллион доллар маблағгузорӣ мекунад.

Омодагии мақомоти тоҷик ба нишастҳои матбуотӣ

Ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти вазорату идораҳои Тоҷикистон барои соли 2024 аз 27-уми январи соли ҷорӣ оғоз мегардад.

Даргузашти як маҳбуси сиёсии дигар дар зиндон

Шаби 12 ба 13-уми январи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе маҳбуси сиёсӣ ва фаъоли зодаи Бадахшон Қулмамад Паллаев дар дохили зиндон даргузашт.