Президенти ояндаи Тоҷикистон муайян шуд. ҲХДТ номзад ба интихоботи президентиро пешниҳод кард

Ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикисктон имрӯз 3- сентябр номзадии Президенти кунунии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро барои иштирок дар интихоботи президентии 11 октябр пешниҳод кард. Дар ин бора сомонаи ҳукуматии “Ховар” хабар медиҳад.

Ба навиштаи ин сомона, имрӯз дар Кохи Борбад Анҷумани XIV- ҲХДТ баргузор гардидааст. Дар ин анҷуман аз тарафи вакил Зубайда Шарипова номзадии президент Э.Раҳмон ба мансаби Президенти Тоҷикистон пешниҳод гардида, аз ҷониби ҳамаи вакилони Анҷуман дастгирӣ ёфтааст. Намояндагони расонаҳои мустақил барои иштирок дар Анҷумани ҲХДТ, иҷозат наёфтаанд.

Ба гуфтаи масъулони ҲХДТ ин ҳизб 496 ҳазор нафар аъзо дорад, ки 37% онро ҷавонон ташкил медиҳанд. Мухолифин мегӯянд, ин рақам дар натиҷаи истифода аз қудрат ба даст омадааст.  

Пеш аз баргузории анҷумани ҲХДТ, номзадии Э.Раҳмон барои ширкат дар интихобот аз ҷониби Иттифоқҳои касаба ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон пешниҳод гардида буд.

То имрӯз 7 номзад аз иштироки худ дар интихобот хабар додаанд, ки 2 нафари онҳо аз тариқи худпешбарӣ мебошанд.

Ягона ҳизби мухолифи сотсиал-демократи Тоҷикистон аз иштирок дар интихобот даст кашида, интихоботи 11-уми октябрро ғайриқонунӣ номида онро бойкот кард.

Э. Раҳмони 68-сола, 28 сол шуд зимоми қудратро дар даст дорад. Тибқи Конститутсияи Тоҷикистон як нафар метавонад ду давраи ҳафтсола раҳбари давлат бошад, вале Президент Раҳмон қаблан бо тағйири Конститутсия, ҳаққи роҳбарии худро то соли 2020 тамдид кард ва соли 2016 бо дарёфти мақоми Пешвои миллат ҳамчунин ҳаққи пешбарии бидуни маҳдудият ба президентиро низ ба даст овард.

То пешбарии номзадии Э.Раҳмон ҳадсу гумонҳо дар бораи президенти ояндаи Тоҷикистон зиёд буд. Баъзеҳо бар ин назар буданд, ки номзадии шаҳрдори пойтахт ва раиси Маҷлисӣ Олӣ Рустами Эмомалӣ дар интихоботи 11 октябр пешниҳод мегардад ва ба ин тариқ сенарияи интиқоли қудрат аз падар ба писар татбиқ мегардад. Пештар коршиносон гуфта буданд, ки бо муайян шудани номзади ҲХДТ исми президенти ояндаи Тоҷикистон низ муайян мешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

ЗИНАИ ДУВУМИ ИСТИҚЛОЛИ МУФТ: ОЁ ТОҶИКИСТОН ИН БОР АЗ ФУРСАТ ИСТИФОДА МЕКУНАД?

Баъди 35 соли расидан ба зинаи аввали истиқлоли муфт, Тоҷикистон дар остонаи зинаи дуввуми истиқлол ва ин дафъа ҳам муфт, қарор гирифтааст.

Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи роҳҳои фиристодани шаҳрвандон ба муҳоҷирати корӣ аст

Тоҷикистон дар як конфронси байналмилалӣ зарурати густариши роҳҳои қонунии муҳоҷирати кориро матраҳ кардааст.

HRW: Саркӯби дигарандешон дар Тоҷикистон идома дорад

Созмони HRW аз вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон нигаронӣ карда, мегӯяд, ки рӯзноманигорон, фаъолон ва мунтақидони сиёсати ҳукумат ҳанӯз ҳам зиндонӣ ҳастанд.

Боздошти ду мансабдори баландпоя барои замин

Мақомоти интизомии Тоҷикистон ду мансабдори баландпояи шаҳри Исфараро бо гумони гирифтани пора боздошт кардаанд.