Барномаи хабарии “ҲАФТА”

Рӯйдоду гузоришҳое, ки тӯли як ҳафта дар ҷомеа рух додааст онро бо шарҳу тафсилоти бештар дар барнома метавонед тамошо кунед.

● Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон нақшаи баргузории интихоботи президентиро эълон кард. Тибқи нақшаи эълоншуда, номзадҳо ба мақоми президенти Тоҷикистон то 15 сентябр ба қайд гирифта мешаванд ва имзоҳо ба тарафдории онҳо бояд то 30 рӯзи пеш аз интихобот ҷамъоварӣ шаванд.

● Оҷонси мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз боздошти ду сарҳанги Кумитаи давлатии амнияти миллӣ хабар медиҳад. Ҷанг байни ду ниҳоди қудратӣ, Оҷонсии зиддифасод ду амниятиро дастгир кард.

● Эмомалӣ Раҳмон имрӯз 20 август зимни вохӯрӣ бо сокинони ноҳияи Ванҷ ба масъалаи сулҳу субот ва роҳҳои таъмини он дар кишвар ишора намуда, гуфт, ки танҳо аз соли 2014 то имрӯз 53 нафар сокинони ноҳия дар ҳайати ташкилоту гурӯҳҳои байналмилалии террористиву экстремистӣ дар муқовиматҳои мусаллаҳона дар қаламрави дигар давлатҳо иштирок доранд. Эмомалӣ Раҳмон гуфт: 50 марду 3 зани сокинони Ванҷ ҳамчун террорист дар пайгарданд.

Тафсилоти бештар вобаста ба мавзӯъҳои “Ҳафта” дар шакли видеоӣ инҷост:

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Нигаронии наздикони Саидумар Ҳусайнӣ аз вазъи саломатии ӯ дар зиндон

Писари Саидумар Ҳусайнӣ, муовини зиндонии раиси Наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, вазъи саломатии падараш дар зиндон хуб нест.

“Тоҷик Эйр” дар интизори бозгашт ба парвозҳои байналмилалӣ аст

Ширкати миллии ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" эълом кард, ки барои азсаргирии парвозҳои байналмилалӣ омодагӣ мебинад.

Ҷавони беморро ба артиш бурданд. Падар ба мақомот шикоят кард

Як сокини шаҳри Истаравшан аз мақомоти Тоҷикистон дархост карда, ки писари 25-солааш Дӯстмурод Маъруфовро бо сабаби беморӣ аз адои хидмати ҳарбӣ ҷавоб диҳанд.

Ташдид танишҳои низомӣ байни Амрико ва Эрон: Созишномаи оташбас бекор шуд?

Таниш миёни Иёлоти Муттаҳида ва Ҷумҳурии Исломии Эрон бо оғози даври нави ҳамлаҳои низомӣ боз ҳам шиддат гирифт.