Дар идораи пулис муҳоҷирони тоҷикро маҷбур кардаанд, ки фаршҳои биноро бишӯянд

Акс: аз видеои Озодӣ

Шаби 28 сентябр зиёда аз 40 муҳоҷири тоҷикро дар ноҳияи Одинтсовои Маскав пулис дастгир кард.

Як муҳоҷир ба Радиои Озодӣ гуфтааст: шоми гузашта ба Шуъбаи пулис бурда, маҷбур кардаанд, фаршҳои биноро бишӯем.

“Аз гуруснагӣ мадори аз ҷо боло шудан надорем. Хеле вазъиятамон бад аст”.

Аз боздошти муҳоҷирон консулгарии Тоҷикистон огоҳ будаанд, гуфтаанд, аз доираи қонун ба онҳо ёрӣ мерасонанд.

Як фаъоли хуқуқ Муҳаммад Собиров, ки ин қазияи боздошти муҳоҷиронро пайгирӣ мекунад, ба Радиои Озодӣ гуфтааст:

“муҳоҷиронро ба додгоҳ буранд ва аксарияти боздоштшудаҳо патенти Маскав доранд, ки бо он кор кардан дар Одинтсово мумкин нест”.

Тибқи қонунҳои Руссия  муҳоҷироне, ки дар як шаҳр патент мегирад, кор кардан дар дигар минтақа мумкин нест.  Гуфтааст, Собиров.

Ба гуфтаи Собиров “Бар асоси қонун онҳоро панҷ ҳазор рубл ҷарима мекунанд, вале то моҳи декабр ҳақ надоранд, аз Русия ихроҷ намоянд. Муҳоҷирон баъди ҷарима шудан метавонанд, аз нав патент кунанд ва кор кунанд”.

Ин бори аввал нест, ки муҳоҷирон аз ҷониби Пулиси Русия дастгир мешаванд, рӯзи 9-уми сентябр низ ҳудуди 50 муҳоҷири тоҷик дар ноҳияи Шербинкаи вилояти Маскав, субҳи барвақт аз тарафи шахсоне, ки дар тан либоси кормандони дастаи зудамал ё ОМОН-и Русияро доштанд лату кӯб гардида буданд, ки  навори боздошти онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ интишор гардида буд.

Аммо он муҳоҷирон аз тарси ихроҷ нагардидан аз ин кишвар ба ҷое шикоят накарда буданд, ки мақомоти Русия ба онҳо чап мешаванд, дар сурати исбот нагардидан онҳоро аз Русия ихроҷ мекунанд. Дар шароите, ки ҳоло дар Тоҷикистон ҳукмфармост, пайдо кардани кор як мушкилии дигар барояшон мешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳамла бо корд дар Лаҳистон: як руҳонӣ кушта ва чаҳор нафар захмӣ шуданд

Дар шаҳри Ярослави вилояти Подкарпатии Лаҳистон як мард бо корд ба одамон дар дохили ибодатгоҳ ҳамла кард. Дар натиҷа як рӯҳонӣ ҷон бохта, чаҳор нафар захмӣ шудаанд.

Аз таҳдиди ҷанг бо Эрон то буҳрони Ғазза: муҳимтарин суханрониҳои Маҷмаи умумии СММ

Ҷанг дар Ховари Миёна, Украина, Ғазза, ояндаи СММ, тағйири иқлим ва танзими ҳушни маснуӣ аз мавзуъҳои асосии суханрониҳои раҳбарони ҷаҳон дар ду рӯзи ахир дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид буданд.

Лағви парвози Теҳрон–Душанбе дар пайи таҳримҳои нави Амрико алайҳи Эрон

Парвози ширкати ҳавопаймоии "Вареш" аз Теҳрон ба Душанбе рӯзи 24-уми сентябр пас аз парвоз лағв шуд ва ҳавопаймо ба фурудгоҳ баргашт.

Аҳолӣ ба иншоот ниёз дорад ё ба ҷои кори доимӣ?

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 23-юми сентябр зимни сафараш ба вилояти Суғд аз бунёди ҳазорҳо иншоот ёдовар шуд.