Баъди интихобот дар Тоҷикистон боз қарантина эълон мешавад?

Тайи чанд рӯзи охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтугузорҳое вуҷуд дорад, ки пас аз 11 октябр баъди баргузории интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон дари мактабҳо бар рӯи хонандагон дуввумбора баста мешаванд.

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон сару садоҳо дар бораи таътили дуҳафтаина дар мактабҳо пас аз интихоботи президентиро рад кардааст.

Дар Вазорати маориф ба “Азия-Плюс” гуфтаанд:

“Ин овозаҳо, ки дар байни сокинони кишвар паҳн шудаанд, беасосанд. Таътили тирамоҳии мактаббачагон тибқи ҷадвали қаблан тасдиқшуда сурат мегирад: аз 1 то 10 ноябр. То ҳол мо дар бораи таътили умумии мактаббачагон ва донишҷӯён ё эълон шудани карантин маълумоте надорем”.

Ҳамчунин дар идома гуфтааст, эълон гардидани карантини саросарӣ дар донишгоҳҳову мактабҳо Ситоди ҷумҳуриявӣ мубориза бо коронавирус тасмим мегирад.

Дар Тоҷикистон шурӯъ аз 30 апрели соли равон вуҷуди каронавирус тасдиқ шуд ва пас аз он дари масҷидҳову бозорҳо ва мактабҳо баста шуд, аммо қарантинаи умумӣ эълон нагардида буд. Пас аз чанде маҳдудиятҳо бардошта шуд ва дари ин маконҳои ҷои таҷаммӯи одамон боз гардиданд. Вале бори дигар танҳо дари масҷидҳо баста гардиданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҷосусӣ тавассути реклама: дастгоҳҳои “Ал-Ҷазира” ҳадаф қарор гирифтанд

Пажӯҳишгоҳи Citizen Lab ошкор кардааст, ки рекламаҳои интернетӣ барои олуда кардани дастгоҳҳои кормандони “Ал-Ҷазира” ба ҷосусафзор истифода шудаанд.

Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, "сиҳату саломат" пайдо шудааст.

Мулоқот бо СБП: кадом хавфҳои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд?

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Тайланд бо роҳбарияти СБП масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ ва таҳкими суботи иқтисодиро баррасӣ кард.

Аз тиб то сартарошхона: муҳоҷирон дар Санкт-Петербург аз кор дар чанд соҳа маҳрум шуданд

Дар шаҳри Санкт-Петербург барои муҳоҷироне, ки бо патент фаъолият мекунанд, маҳдудиятҳои нави корӣ ҷорӣ шуд.