13.9 C
Dushanbe

Муҳорибаи Ҳабиб Нурмагомедов бо Ҷастин Гейҷӣ

Сурат: footballua.tv

24 октябр соли 2020 UFC 254 баргузор мегардад, ки дар он Ҳабиб Нурмагомедов бо Ҷастин Гэйҷӣ барои қаҳрамонӣ дар вазни сабук, дар сабқати асосӣ мубориза мебаранд.

Инчунин дар ин мусобиқа Ислом Махачев бо Рафаэл Дос Анйос, собиқ қаҳрамони дивизияи миёна Роберт Уиттакер бо Ҷаред Канноне ва Александр Волков бо Уолт Харрис вомехӯранд. Размкори 32-солаи Доғистонӣ дар 28 муҳориба 28 пирӯзӣ ба даст овардааст, Амрикоии 31-сола дар 22 муҳориба пирӯз шуда, ду шикаст дорад.

Дар нишасти матбуотии ниҳоӣ пеш аз мубориза Ҳабиб маҳорати истодаи рақибашро ситоиш кард,дар идома афзуд, ки кӯшиш хоҳад кард то ҳарифашро 100 маротиба ба замин биандозад. Дар навбати худ Гейҷӣ гуфтааст, ки дар қувваозмоӣ аз қаҳрамони феълӣ камӣ надорад ва умед дорад рӯзи шанбе дар мубориза ӯ пирӯз хоҳад шуд.

Дар охир Дана Уайт президенти UFC фаворитро эълон накард, аммо гуфт, ки дар сурати муваффақ шудан, Нурмагомедов метавонад дар рейтинги размкорон, новобаста аз категорияҳои вазн, ҷои аввалро ишғол кунад.

Ҳабиб Нурмагомедов соли 1988 дар деҳаи Силди ноҳияи Цумадинии Доғистон таваллуд шудааст. Вай аз кӯдакӣ бо роҳбарии падари худ Абдулманап Нурмагомедов тамрин мекард, ки моҳи июл падараш аз дунё чашм пушид.

Ҳангоми будубош дар Иёлоти Муттаҳида, дар толори AKA (American Academy Kickboxing) таҳти роҳбарии Хавер Мендес тамрин мекунад. Аз 30 марти соли 2020 Ҳабиб дар рейтинги расмии UFC дар байни беҳтарин размкорон, новобаста аз категорияи вазн дар ҷои дуввум қарор дорад . Рейтинги Sherdog Нурмагомедовро ҳам дар вазни сабук ва ҳам дар рӯйхати беҳтарин размкорон новобаста аз категорияи вазн дар ҷои аввал қарор медиҳад.

Бояд қайд кард, ки дар байни ҷавонони тоҷик Ҳабиб ҳаводорони зиёди худро дорад ва соли 2017 ба Тоҷикистон рафта буд. Муҳорибаи охири Ҳабиб Нурмагомедов моҳи сентябри соли 2019 баргузор гардид. Ӯ дар ин муҳориба ба рақиби худ Дастин Поре ғолиб омада буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Селҳои ахир дар Тоҷикистон ҷони 3 нафарро гирифт

Давоми ду рӯзи ахир дар аксар шаҳру навоҳии Тоҷикистон боронҳои шадид борида, селҳо ба вуҷуд омад ва дар натиҷа ба сокинон хасорати зиёд ворид гашт.

Эмомалӣ Раҳмон Русия меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои иштирок дар "парад"-и низомӣ...

Русия тамрини силоҳи ҳастаиро оғоз кард

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба Вазорати дифои кишвараш тамирини омодагӣ барои истифода аз силоҳҳои ҳастаиро иҷозат дод.

Суҳбати телефонии Лавров ва Муҳриддин

Имрӯз, 30-юми апрел бо ташаббуси ҷониби Русия суҳбати телефонии...