Корманди Фурудгоҳи Душанбе даст ба худкушӣ зад

Акси марҳум Шерафган Хоҷақулов: аз Фейсбук

Як корманди фурӯдгоҳи байналмиллалии Душанбе рӯзи 26 октябр даст ба худкушӣ задааст. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар дод. Нафаре, ки даст ба худкушӣ зада, ба ҳалокат расидааст, Шерафган Хоҷақулов ном дошта, дар Бахши бехатарии Фурудгоҳ кор мекард.

Шерафган Хоҷақулов, ки 9 моҳ шуд маоши худро нагирифта буд, бо нишони эътироз худро бо таппончаи хидматӣ паррондааст. Ҷамшед Давлатов тағои Шерафган ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки ҷиянаш 9 моҳ боз маош нагирифта буд ва дар хонаи иҷора зиндагӣ мекард. Хоҷақулов ба бародараш соати 13 паёмак навишта гуфтааст, ки “омада мурдаи маро аз фурудгоҳ баред.”

Бародари Шерафган, Умед Хоҷақулов гуфтаҳои тағояшро тасдиқ карда гуфтааст, ки бародараш аз манзили иҷорааш 14 ҳазор сомонӣ қарздор буд ва соҳибхона талаб кардааст, ки хонаро холӣ кунад. Дар идома Умед гуфт, ки ҷасадро ба ӯ нишон додаанд ва ӯ осори тирро дар дили бародараш мушоҳида кардааст.

Ҷасади Шерафганро барои ташхис ба бемористони Ёрии таъҷилии Душанбе овардаанд ва баъд аз ташхис ба наздиконаш медодаанд. Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон рух додани ин ҳодисаро тасдиқ карда, гуфтааст, ки додситонӣ ба таҳқиқи он шуруъ кардааст. Аммо то ҳол назари масъулини Фурудгоҳи Душанбе дар ин бора маълум нест.

“Ахбор.ком” аз манобеъаш иттилоъ медиҳад, ки кормандони фурудгоҳ аз моҳи март маош нагирифтаанд. Шерафган Хоҷақулов рӯзи 26-уми октябр талаб кардааст, ки маоши 9 моҳаи ӯро пардохт кунанд. Аммо вақте посухи рад мегирад, бо масъулини фурудгоҳ баҳс мекунад ва ба дилаш мепарронад. Бино ба навиштаи “Ахбор” ба шакли эътироз худкушӣ кардани кормандони фурудгоҳ ин бори аввал набудааст. Моҳи сентябр низ як муҳофизи дигари фурудгоҳ, ки аз бонк қарздор будааст, худро дар хонааш овехта буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

“Фирдавс Киллер” дар ҷанги зидди Украина кушта шуд

Фирдавс Салоҳов, зодаи ноҳияи Ванҷи ВМКБ, ки дар ҳайати нерӯҳои Русия бар зидди Украина меҷангид, кушта шудааст.

Чор узви як хонавода дар садамаи маргбор ҷони худро аз даст доданд

Бар асари як садамаи нақлиётӣ дар шаҳри Ваҳдат шаш нафар ҷони худро аз даст додаанд. Ҳодиса субҳи 1-уми августи соли 2026 дар роҳи Норак–Ваҳдат, дар ҳудуди минтақаи Зардолуи шаҳри Ваҳдат рух додааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шукуфоӣ аз рӯи озодии баён дар поёни рӯйхат қарор гирифт

Раддабандии нави ҷаҳонии шукуфоӣ нишон медиҳад, ки Тоҷикистон аз рӯи озодии баён ва сифати фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ дар қатори кишварҳои дорои пасттарин нишондиҳандаҳо қарор дорад.

Тоҷикистониён барои визаи ИМА метавонанд то 20 ҳазор доллар гарав супоранд

Вазорати корҳои хориҷии Амрико барномаи гарави раводид (Visa Bond Program)-ро ба таври доимӣ ҷорӣ кард.