-0.1 C
Dushanbe

Эмомалӣ Раҳмон аъзои нави кобинаашро интихоб кард

Эмомалӣ Раҳмон баъди дигарбора интихоб шуданаш ба мақоми Президенти Тоҷикистон рӯзи 03. 11. 2020 кобинаи нави ҳукуматашро таъйин намуд. Дар ин таъйиноти ҷадид чеҳраҳои нав ангуштшуморанд, боқӣ ҳама собиқ аъзои ҳукумати қаблиянд, ки ҳеч кадоме маснади худро аз даст надод.

Тибқи фармонҳои нави Эмомалӣ Раҳмон, Шералӣ Кабир вазири саноат ва тенхнологияҳои нав таъйин шуд, ки ӯ то ин дам раиси Шӯрои мудирони Ширкати алюминии тоҷик ё “Талко” буд.

Инчунин Далер Ҷумъаев, вазири нави обу энергетикаи Тоҷикистон таъин гардид. Ҷумъаев қаблан ҳамчун раиси Ширкати “Помирэнержӣ” фаъолият мекард. Ин нафарон аз аъзоёни нави кобинаи Раҳмон муаррифӣ шуданд.

Боқӣ аксари вазирону раисон дар мақомҳои қаблии худ боқӣ монданд.

Қоҳир Расулзода дар мақоми сарвазри Тоҷикистон боқӣ монд, Матлубахон Сатториён муовини нави сарвазир таъин шуд, ки то ин дам раиси Ҳизби халқии демкоратии Тоҷикистон дар вилояти Суғд буд.

Инчунин ба ҳайати нави ҳукумат Ширин Амонзода, ки то ин дам раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон буд, ба унвони вазири меҳнату муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон таъйин гардид. Ӯ дар ин мақом ба ҷойи Гулрӯ Ҷабборзода омад, ки чанде пеш вазир таъин шуда буд.

Дар маҷмуъ Ҳукумати пешину нави Тоҷикистон ба қарори зайл аст:

Ҳайати пешин:

Қоҳир Расулзода, сарвазир

Давлаталӣ Саид, муовини аввали сарвазир

Давлатшо Гулмаҳмадзода, муовини сарвазир

Ширин Исматуллозода, муовини сарвазир

Музаффар Ашӯриён, вазири адлия

Амонулло Салимзода, вазири кишоварзӣ

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷӣ

Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илм

Гулрӯ Ҷабборзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молия

Шералӣ Мирзо, вазири мудофиа

Азим Иброҳим, вазири нақлиёт

Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдо

Зарробиддин Файзуллозода, вазири саноат ва технологияи нав

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанг

Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои об

Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ

Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ

Фаррух Ҳамрализода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ

Ҳайати навин:

Қоҳир Расулзода, сарвазир

Давлаталӣ Саид, муовини якуми сарвазир

Давлатшо Гулмаҳмадзода, муовини сарвазир

Матлубахон Сатториён, муовини сарвазир

Усмоналӣ Усмонзода, муовини сарвазир

Музаффар Ашӯриён, вазири адлия

Сулаймон Зиёзода, вазири кишоварзӣ (то ин дам раиси ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд)

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷӣ

Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илм

Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молия

Шералӣ Мирзо, вазири мудофиа

Азим Иброҳим, вазири нақлиёт

Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдо

Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нав

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанг

Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои об

Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ

Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ

Фаррух Ҳамрализода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздоштҳои сиёсӣ ва истирдоди шаҳрвандон аз хориҷ ба кишвар дар соли 2024

Боздошти чеҳраҳои сиёсӣ ва истирдоди шаҳрвандон аз хориҷ ба Тоҷикистон аз хабарҳои муҳиме буд, ки соли 2024 дар титри расонаҳои дохил ва хориҷ қарор гирифт.

Радиои Озодӣ соҳибони Net Solutions-ро дар Тоҷикистон ошкор кард

Санадҳои ёфтаи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ нишон медиҳанд, ки...

Омили террори генерали рус аз муҳоҷирони Осиёи Марказӣ будааст

Мақомоти Русия аз боздошти як шаҳрванди узбекистонӣ хабар доданд, ки дар террори генерли 54-солаи рус гумонбар мешавад.

Набераи раисҷумҳури Тоҷикистон дар 9-солагӣ аз Дубай хона харид. Бо кадом маблағ?

Набераи 9-солаи Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи соҳилибаҳрии Дубай як хонаи сеҳуҷрагӣ харидааст, ки арзиши он 1,3 миллион доллар аст.