7.9 C
Dushanbe

Боздошту зиндонӣ намудани донишҷӯёни дар хориҷ таҳсилкарда

Тибқи хабарҳои расида, дар чанд моҳи охир ҳудуди 50 нафар аз онҳое, ки дар Эрон таҳсил кардаанд, дар Тоҷикистон мавриди боздошту бозҷӯӣ қарор гирифтанд. Мақомот онҳоро асосан дар ҳамкорӣ бо мақомоти Ҷумҳурии исломии Эрон бо иттиҳоми ҷосусӣ ва ҳамчунин ба узвият ё ҳамкорӣ бо гуруҳҳои ифротӣ ва мамнӯъ гумонбар медонанд.

Яке аз ин боздоштшудаҳо Иброҳимов Раҳим, зодаи совхози Ангурбоғи н.Восеъ буда, пеш аз ҷанги шаҳрвандӣ дар мактаб ба ҳайси муаллим кору фаъолият мекардааст. Иброҳимов баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ дар яке аз донишгоҳҳои Ҷумҳурии исломии Эрон дар риштаи фалсафа ва калом таҳсил намуда, баъд аз хатми он дар Ройзании фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон кору фаъолият кардааст.

Дар мурофиаи судии аввал айбдоркунандаи давлатӣ барои Иброҳимов Раҳим 17 соли зиндон талаб карда буд. Ҳоло маълум нест, ки Иброҳимовро ба муддати чанд сол равонаи зиндон кардаанд.

Боздоштшудаи дигарӣ низ хатмкардаи яке аз донишгоҳҳои Эрон буда, Абдулвоҳид Мирзоев ном дорад. Мирзоев дар зиндони Ваҳдат қарор дошта, ба 12 соли зиндон маҳкум шудааст.

Дар байни боздоштшудаҳо писари тағои Бобоев Абдусаттор узви Раёсати олии ҲНИТ бо номи Салоҳиддин Нуриддинов ҳаст, ки дар боздоштгоҳи муввақатӣ қарор дорад ва қазияи ӯ то ҳол маълум нест.

Дар ҳамин ҳол рӯзи 22 сентябр сомонаи “Ахбор” аз боздошту бозпурсии қариб 50 нафаре, ки дар Эрон таҳсил кардаанд, хабар дода буд. Додгоҳи олии Тоҷикистон чанд нафари онҳоро бо ҷурмҳои “хиёнат ба Ватан” (моддаи 305-и Кодекси ҷиноятии ҶТ) ва вайрон кардани қоидаҳои истифодаи система ё шабакаи компютерӣ (моддаи 304) ба солҳои тӯлонӣ, равонаи зиндон кардааст.

Дар миёни боздоштшудаҳо, ки моҳи июл дастгир шуда буданд, писарони Эшони Қиёмиддини Ғозӣ, низ ҳастанд.

Қаблан яке аз писарони Эшони Қиёмиддин – Саидмуҳаммади 44-соларо Додгоҳи шаҳри Душанбе паси дарҳои баста бо иттиҳоми “фаъолият намудан ба манфиати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар охири солҳои 90-ум” айбдор намуда барои 13 сол равонаи зиндон намуда буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба вазъи тоҷикон дар Русия

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вазъи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русияро нигаронкунанда ва мушкил арзёбӣ кардааст.

Аввалин тоҷик қаҳрамони куштии озоди Фаронса шуд

Рӯзҳои 27 ва 28-уми апрели соли ҷорӣ, дар шаҳри Тулузи Фаронсаи қаҳрамонии куштии озоди Фаронса миёни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид.

Натанёҳу боздошт ва зиндонӣ мешавад?

Эҳтимол меравад Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ барои боздошти Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил ҳукм содир кунад.

ВКХ: Шаҳрвандони Тоҷикистон бе зарурат ба Русия нараванд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия ба шаҳрвандони кишвар тавсия додааст, ки бе зарурат муваққатан ба Русия сафар накунанд.