0.9 C
Dushanbe

Вазир мегӯяд, дар Тоҷикистон маоши коргарон 85 баробар афзудааст

Завқӣ Завқизода. Сурат: Asia-Plus

Бино ба иттилои “Спутник” Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳаҷми ММД аз 1,7 млрд сомонии соли 2000 то 77,4 млрд сомонӣ дар соли 2019, яъне 45,5 маротиба зиёд шуд. ММД ба ҳар сари аҳолӣ 29 маротиба (аз 288,7 сомонӣ то 8388 сомонӣ) афзоиш ёфт.

Ҳамчунин гуфта шудааст, ки  “Сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 2000 то ба 26,3 фоиз дар соли 2020 коҳиш ёфтааст.”

Ба гуфтаи Завқизода даромади пулии аҳолӣ аз 1 миллиард сомонии соли 2000 то 48 миллиард дар соли 2019 (яъне 48 баробар) ва музди меҳнати миёнаи як корманд аз 15,6 сомонӣ то 1335 сомонӣ (яъне 85,6 баробар) афзоиш ёфтааст.  

Изҳороти вазири рушди иқтисод ва савдо дар ҳолест, ки чанде пеш ниҳодҳои молии байналмиллалӣ Тоҷикистонро дар радифи кишварҳои фақиртарини дунё қарор доданд. Сатҳи бекорӣ маоши кам ва муҳоҷирати шаҳрвандон аз мушкилоти асосии Тоҷикистон гуфта мешавад.

Коршиносон бар ин назаранд, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҳамеша ба мардум ва ҷомеа маълумоти нодуруст ироа мекунад.

Як коршиноси масоили иқтисодӣ ба шарти зикр нагардидани номаш ба “Аздо тв” гуфт:

“маълумоте, ки ниҳодҳои иқтисодии Тоҷикистон ироа мекунанд, ҳеҷ вақт ба вазъияти кунунии кишвар дуруст намегирад. Шумо бубинед, ки ҳоло нафақаи миёна дар Тоҷикистон чӣ қадар аст? 240 ё 300 сомонӣ аст, ки бо қурби ҳозираи доллар ба 26 доллару 46 сент баробар аст, ки ҳатто як халтаи орд ҳам харида намешавад, оё бо ин миқдори маош ё нафақа метавон гуфт, ки сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон паст гардидааст?”,- мегӯяд манбаи мо.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қирғизистон барои муҳоҷиронаш аз болои Русия ба додгоҳ шикоят бурд

Қирғизистон алайҳи Русия барои иҷро накардани шартномаҳо ба Додгоҳи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё шикоят бурдааст.

Танҳо дар як сол дуздони барқ садҳо миллион сомонӣ зарар расонданд

Соли 2025 дар Тоҷикистон 3,8 ҳазор нафарро барои истифодаи ғайриқонунӣ ва дуздии барқ ба маблағи умумии 1,8 млн сомонӣ ҷарима карданд.

Худкушии як сарбози ҷавони Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон

Мақомоти амниятии Тоҷикистон мегӯянд, Муҳаммадсаид Саидов, сарбози 20-солаи Нерӯҳои марзбонии кишвар ҳангоми адои хидмат худкушӣ кардааст.

Мавқеи Узбекистон дар радабандии ҷаҳонии низомӣ боло рафтааст, аз Тоҷикистон чӣ?

Узбекистон мавқеи худро дар радабандии ҷаҳонии қудрати низомӣ "Global...