Дар Тоҷикистон аз ин ба баъд партовҳо коркард мешаванд?

Дар Тоҷикистон аз партови пластика ва сӯхтаҳои ангишт бензину газ, сӯзишвории дизелӣ, оҳан ва нурӣ истеҳсол мекунанд.

Кормандони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии саноати назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон таҷҳизотеро барои коркарди партов аз ангишт ва пластикро омода кардаанд.

Директори Пажуҳишгоҳ Маъруф Баҳромов ба “Азия-Плюс” гуфтааст, алҳол маҳсулот талаботи худи пажуҳишгоҳро қонеъ месозад. Барои татбиқи лоиҳа дар миқёси саноатӣ дастгирии давлат ва тиҷорати бузург зарур аст. Технологияи мазкур бензину газ, сӯзишвории дизелӣ, кокс, оҳан ва ғайраро истеҳсол мекунад”.

Ардашер Шерзодов, корманди Пажӯҳишгоҳ гуфтааст:

“Ин технологияи нав набуда, кайҳо инҷониб дар кишварҳои пешрафта истифода мешавад. Дар Тоҷикистон бошад, он комилан нав аст. Бо назардошти айни замон зиёд шудани ҳаҷми партовҳо аз пластик ва боқимондаҳои ангишт, технологияи аз ҷониби мо таҳияшуда барои тозагии экология нафъи зиёд дошта, барои касоне, ки коркарди ашёи хоми дуюмдараҷаро дар миқёси саноатӣ ба роҳ мемонанд, фоидаи зиёд меорад”.

Масъулони Пажӯҳишгоҳи саноат мегӯянд, аз 500 кило боқимондаи ангишт бо иловаи як миқдор маводи кимиёвӣ метавон 1 250 метри мукааб газ, 20 литр бензин, 10 литр сӯзишвории дизелӣ, 350 кило кокс, 60 кило оҳан ва 150 кило нуриҳо барои истифода дар бахши кишоварзӣ истеҳсол намуд.

Ба гуфтаи мутахасисон технология 370 ҳазор сомонӣ арзиши дошта, ба роҳандозии истеҳсолот 8 маротиба дар як моҳ бо назардошти музди меҳнат, ҳамагӣ дар зарфи 9 моҳ хароҷоти сарфшударо ҷуброн мекунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Кушта шудани 35 нафар дар ҳамлаи Русия ба автобусҳо дар Украина

Дар пайи ҳамлаи ҳавоии Русия ба ду автобуси мусофирбар дар шаҳри Краматорски вилояти Донетск даҳҳо нафар куштааст.

“Ҷумъаи хунин”: ҳамлаҳои эҳтимолӣ ба мактабҳои Лаҳистон ва боздошти беш аз 10 нафар

Пас аз ду ҳамла дар муассисаҳои таълимии вилояти Мазовияи Лаҳистон (Полша) дар миёни хонандагон ва волидон овозаҳо дар бораи эҳтимоли ҳамлаҳои нав бо номи “ҷумъаи хунин” паҳн шудаанд.

Тоҷикистон ва ИМА таъмини бозори кишвар бо маҳсулоти нафтиро баррасӣ карданд

Тоҷикистон бо намояндагони Амрико дар Душанбе масъалаи таъмини бозори дохилии кишвар бо маҳсулоти нафтиро баррасӣ мекунад.

Амрико эҳтимоли ҳамлаи нав ба Эронро пеш аз интихоботи миёндавраӣ баррасӣ мекунад

Доналд Трамп имкони анҷоми ҳамлаҳои нави низомӣ ба Эронро пеш аз интихоботи миёндавраии ИМА баррасӣ мекунад. Аммо ҳанӯз дар бораи оғози чунин амалиёт қарор гирифта нашудааст.