17.9 C
Dushanbe

Боздошти корманди ВКД бо иттиҳоми порагирӣ

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Агнетии давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ғаюров Таҳмурас Файзидинович корманди ШКВД дар ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар вазифаи сардори қисми навбатдорӣ фаъолият мекардааст, бо иттиҳоми гирифтани пора аз ҷониби ин ниҳод боздошт шуд.

Гуфта мешавад, Ғаюров моҳи июли соли 2018 аз шаҳрванд Собирова Х.Б. барои итиқоли фарзандаш аз Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун пора 3 ҳазор доллари ИМА талаб намудааст.

Ба навиштаи сомонаи Агентӣ номбурда аз маблағи талабнамудааш 15.000 сомониашро аз худ кардааст.

Нисбати Ғаюров Т.Ф. бо моддаи 247 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Бунёди лоиҳаи нави “энергияи сабз” дар Тоҷикистон

Ширкатҳои ғайридавлатӣ дар Тоҷикистон талош доранд бо имзои созишнома бо Ҳукумат дар кишвар лоиҳаҳои истеҳсоли барқи офтобиро роҳандозӣ кунанд.

Ҳушдори нав ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Мақомот ба муҳоҷирони тоҷики муқими Русия ҳушдор додаанд, ки ба корти бонкии шахсони ношинос маблағ нагузаронанд.

Танишҳо байни Амрико ва Эрон дар тангаи Ҳурмуз. Ҷанг боз шуруъ шуд?

Рӯзи 7-уми май расонаҳо аз рух додани даргириҳо ва табодули оташ дар тангаи Ҳурмуз  хабар доданд.

ВКД-и Русия қоидаҳои нав барои муҳоҷирон пешниҳод кард

Ҳукумати Федератсияи Русия қасд дорад то 2 миллион муҳоҷирро ҷалб намуда, низоми нави кирояи онҳоро роҳандозӣ кунад.