24.9 C
Dushanbe

Бонки ҷаҳонӣ: 32 дарсади мардуми Тоҷикистон истеъмоли ғизоро кам кардаанд

Бонки ҷаҳонӣ тибқи як назарсанҷиаш мегӯяд, ки 32 дарсад оилаҳои Тоҷикистон аз сабаби гаронӣ ва вазъи бади иқтисодӣ аз истеъмоли баъзе хӯроквориҳо даст кашидаанд.  

Иқтисоддонҳои Бонки ҷаҳонӣ гуфтаанд, гуруснагӣ дар қисме аз хонаводаҳо “падидаи воқеии соли 2020 будааст”.

Рӯзи 23-юми декабр дафтари Бонки ҷаҳонӣ дар нишасти онлайнӣ гузоришеро дар бораи вазъи иқтисоди Тоҷикистон ва натиҷаҳои назарсанҷии худро тақдим намудааст.

Гуфта мешавад, ин назарсанҷӣ аз соли 2015 ба ин тараф ҳар моҳ дар миёни 1400 хонавода аз ҳама минтақаҳои Тоҷикистон ва қишрҳои гуногун гузаронида мешавад.

Бино ба навиштаи Радиои Озодӣ Алишер Раҷабов, иқтисоддони дафтари Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, ки натиҷаҳои назарсанҷиро муаррифӣ намуда гуфтааст:

“Шумораи хонаводаҳое, ки гуфтанд, истеъмоли хӯроквориро кам карданд, хеле зиёд шуд. Масалан, ба ҳолати моҳи ноябри соли 2020-ум 32 дарсади оилаҳои пурсидашуда гуфтанд, истеъмоли ғизоро кам карданд. Гуруснагӣ як падидаи рӯшани соли ҷорӣ буд. Дар назарсанҷӣ одамон гуфтанд, барои харидани хӯроки кофӣ пул намерасад ва маҷбур мешаванд, рӯзҳо гуруснагиро таҳаммул кунанд.”

Дар идома гуфтааст, назарсанҷӣ нишон медиҳад, ки мушкили гуруснагӣ хусусан моҳи апрел ва майи имсол бузургтар шуд. “Моҳи апрел ва май (авҷи паҳншавии коронавируси нав) хонаводаҳое, ки ба гуруснагӣ мувоҷеҳ шуданд, 6 дарсад афзуд. Моҳи баъде шиддати он каме поин омад, аммо моҳи октябр ва ноябр шумори чунин оилаҳо дубора афзуд”.

Сурат: nm.tj

Дар моҳи апрели 2020 пулҳои фиристодаи муҳоҷирон ба хонаводаҳо якбора 62 дарсад коҳиш ёфтааст. Бонки ҷаҳонӣ мегӯяд, дар тамоми давраи баргузории назарсанҷӣ ин бузургтарин уфти пулҳои интиқолии муҳоҷирон аст.

Аммо ба мушоҳидаи Бонки ҷаҳонӣ, моҳҳои баъдӣ, аз ҷумла август пулгузаронии муҳоҷирон ба хонаводаҳо афзоиш ёфта, то ба сатҳи соли 2019 баробар шудааст.

Вобаста ба вазъи бади иқтисодӣ ва гаронии нархҳо аз бозорҳои Тоҷикистон наворҳои зиёде дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешавад. Баъзе харидорон дар бозорҳо мегӯянд, моҳҳост, ки гӯшт нахӯрдаанд, зеро нархи он қаблан 38-40 сомонӣ буд, вале якбора ба 60-70 сомон расид, ки дигар бо он маоше, ки мегиранд наметавонанд гушт истеъмол кунанд. Инчунин баъзе мегӯянд аз хӯрдани меваҷот низ даст кашидаанд, чун хеле гарон аст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Эмомалӣ бо фиристодаи вижаи Трамп

Эмомалӣ Раҳмон бо фиристодаи вежаи Президенти Амрико дар Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Серҷио Гор мулоқот кард.

Боз як сарбози дигар дар Тоҷикистон “худкушӣ” кард

Шаҳбоз Ҷонмаҳмадзода, сокини 23-солаи ноҳияи Файзобод пас аз ҳашт моҳи хидмат дар артиш худро ба рӯдхонаи Кофарниҳон андохта, худкушӣ кард.

Талафоти ҷонӣ дар ду садамаи маргбор дар роҳҳои Тоҷикистон

Дар пайи садамаҳои нақлиётии ду рӯзи гузашта дар роҳҳои Тоҷикистон ду зан ҷон бохта, чанд нафари дигар захмӣ шуданд.

Лоиҳаи CASA-1000 ба марҳилаи ниҳоӣ наздик мешавад?

Дар шаҳри Душанбе масъалаи суръат бахшидан ба татбиқи лоиҳаи минтақавии энергетикии CASA-1000 ва омодагӣ ба оғози марҳилаи тиҷоратии он баррасӣ гардид.