Ҷарима шудани корманди ҳукумат ба хотири ҷавоб надодан ба муроҷиати шаҳрвандон

Дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон як корманди ҳукуматро ба хотири ҷавоб надодан ба муроҷиати шаҳрвандон ҷарима карданд. Дар ин бора Прокуратураи генералии Тоҷикистон иттилоъ дод.

Прокуратураи генералии кишвар менависад, ки ба хотири дағалона вайрон кардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” аз ҷониби Сатторов Абдураҳим, мудири заминсозии ҷамоати деҳоти Носири Хисрави ноҳияи Қубодиён ба миқдори 100 нишондиҳанда ҷарима карда шуд.

“Сатторов Абдураҳим аз 04 майи соли 2015 дар вазифаи заминсози ҷамоати деҳоти Носири Хисрави ноҳияи Қубодиён кору фаъолият намуда, дар давраи фаъолияти кориаш талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикмстон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ»-ро дағалона вайрон намуда, муроҷиатҳои шаҳрвандон Худойназарова О., Хушвахтов М., Беков А., Норов Б., Бобомуротов С., Дустмуродова И., Бобомуродов С. ва муроҷиати сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Қубодиёнро мавриди баррасӣ қарор надода, ба ҳуқуқ ва манфиатҳои ҳифзшудаи онҳо зарари ҷиддӣ расонидааст”, – омадааст дар хабари ин ниҳод.

Гуфта мешавад, нисбати Сатторов А. Прокуратураи вилояти Хатлон 18 сентябри соли 2020 бо моддаи 163-қисми 1-и (баррасӣ накардани муроҷиатҳои шаҳрвандон) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда он баъди анҷоми тафтиши пешакӣ ба суд ирсол карда шуд.

Ба гуфтаи Прокуратураи генералӣ, суди ноҳияи Қубодиён Сатторовро тибқи моддаи 163-қисми 1-и КҶ Ҷумҳури Тоҷикистон гунаҳгор дониста ва ба андозаи 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 5800 сомонӣ ҷарима карда шуд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Маҷлиси намояндагони Амрико салоҳиятҳои Трампро дар ҷанг бо Эрон маҳдуд мекунад

Маҷлиси намояндагони Иёлоти Муттаҳида қатъномаеро қабул кард, ки ҳадаф аз он маҳдуд кардани салоҳиятҳои раисиҷумҳур Доналд Трамп дар истифода аз нерӯи низомӣ алайҳи Эрон аст.

Курсҳои ройгони омодагӣ ба имтиҳони забони русӣ барои муҳоҷирони корӣ

Дар Душанбе барои шаҳрвандоне, ки барои кор ба Русия...

ҲНИТ калимаи “ҳизб”-ро аз номаш гирифт

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) бо нашри баёнияе эълон кард, ки аз номаш калимаи "ҳизб"-ро бардоштааст.

Додситони ноҳияи Балҷувон пас аз тафтиши дохилӣ аз мақом барканор шуд

Мурод Муқимзода, додситони ноҳияи Балҷувон, пас аз тақрибан як соли фаъолият аз вазифааш барканор шудааст.