23.9 C
Dushanbe

Бозорсӯзии навбатӣ. “Султони Кабир” ба коми оташ рафт

Бино ба хабари Радиои Озодӣ субҳи имрӯз 25 январ “Султони Кабир” – яке аз бозорҳои калони шаҳри Душанбе оташ гирифт. Ин оташсӯзӣ дар қисмати дохилӣ ва ҷойи фурӯши чархҳои мошин сар задааст. Сӯхтор тахминан соати 7:30 сар зада, баъди ду соат хомӯш карда шуд.

Бино ба гуфтаи масъулини Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сӯхтор “дар натиҷаи расиши кӯтоҳи ноқилҳо сар зада, ду айвони фурӯши молҳои пластикиро фаро гирифт”.

Мақомот гуфтанд, барои хомӯш кардани оташ 16 автомашинаи оташнишонӣ фиристода шудааст.

Бино ба гузориши баъзе манобеъ, барои нигоҳ доштани тартибот дар ҷойи ҳодиса наздики 200 корманди ВКД ҳузур доштаанд. Ин дар ҳолест, ки соҳибкорон ба хабарнигорони Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки аз кори оташнишонҳо норозиянд, чун онҳо саривақт оташро хомӯш накарданд.

Вазорати корҳои дохилӣ хисороти дар пайи сӯхтор ба амал омадаро тахминан 800 ҳазор сомонӣ шумурдааст. Ба иттилои ВКД, дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, сабабҳои дақиқи ҳодиса муайян мешавад.

Дар 3 соли ахир ин бори дувум аст, ки дар ин бозори калони Душанбе оташсӯзӣ сар мезанад. Дар сухтори қаблие, ки моҳи июни соли 2018 сар зада буд, дар ин бозор бистуяк мағозаву дӯкон ба коми оташ рафта буд.

“Султони Кабир” яке аз бозорҳои аслии фурӯши маҳсулоти сохтмон ва қисмҳои эҳтиётӣ мебошад. Ин бозор соли 2000 сохта шуда, дар он 1700 соҳибкор кор мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Собиқ раиси Конибодом зиндонӣ шуд

Собиқ раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода ба 12 соли зиндон маҳкум шуд.

Нигаронии мақомот аз таълимоти динии ҷавонон

Мақомоти Тоҷикистон боз аз ҷалб шудани ҷавонон ба таълимоти - ба гуфти худашон - "ғайриқонунии динӣ" изҳори нигаронӣ карданд.

Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав сафар кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати ҳамтои русаш Владимир Путин бо сафари корӣ ба Маскав рафт.

Аввалин сафари Аҳмад Шаръ ба Аврупо ва гуфтугӯҳои муҳим бо Макрон

Аҳмад Шаръ, раисҷумҳури Сурия пас аз суқути Башор Асад бори аввал аст, ки ба Аврупо даъват мешавад.