Мулоқоти раисони КДАМ-и Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Хуҷанд

Дар шаҳри Хуҷанд, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов бо ҳамтои қирғизаш Камчыбек Ташиев мулоқот мекунад. Дар ин бора аз маркази матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар доданд.

Гуфта мешавад, ки аз 15 то 18 март ҷаласаи навбатии комиссияҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад баргузор мешавад.

“Ҳайати Қирғизистонро раиси комиссияи байниҳукуматӣ, роҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон генерал-лейтенант Камчыбек Ташиев ва ҷониби Тоҷикистонро раиси Кумитаи давлатии амнияти Миллии Тоҷикистон генерал полковник Саймумин Ятимов роҳбарӣ мекунанд. Ин аввалин мулоқоти онҳо ба ҳайси роҳбарони Кумитаи ҷонибҳо мебошад. Дар ин мулоқот ғайр аз муҳокимаи масъалаҳои делимитатсия ва демаркатсияи марзхо, муҳокимаи дигар масъалаҳои мубрами фаъолияти муштараки ҳарду кишвар, аз ҷумла муқовимат бо чолишҳои муосир ва таҳдидҳо ба амният ба нақша гирифта шудааст.” – хабар дод  КДАМ-и Қирғизистон.

Қаблан гуфта шуда буд, ки гурӯҳи муштарак оид ба делимитатсия ва демаркатсияи қисматҳои алоҳидаи марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон марҳилаи навбатии кор дар шаҳри Гулистон-и Тоҷикистонро оғоз мекунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Марзи номус: Галустяни “ҚАҲРАМОН” ва Раҷабови “ҶИНОЯТКОР”

Ду таҳқир, ду вокуниш: ҷомеъа якеашро диду вокуниш нишон дод, аммо мақомоти ҳардуяшро нодида гирифтанд ва ҳатто дар таҳқири миллат шарик шуданд.

Дар Русия мехоҳанд аз пули фиристодаи муҳоҷирон андоз ситонанд

Баъзе аз сиёсатмадорон дар Русия пешниҳод кардаанд, ки ҳангоми интиқоли пул аз Русия ба хориҷ то 3 дарсад маблағи иловагӣ ситонида шавад.

СММ: Беш аз 70 дарсади офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон ба об рабт доранд

Беш аз 70 дарсади офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон ба об рабт дошта, зиёда аз 80 дарсади хисороти аз офатҳои табиӣ расидаро ташкил медиҳанд.

“Бесавод” ва “неандертал”: Интиқоди Шаҳидӣ аз мунтақидони Галустян

Пас аз сафари Михаил Галустян ба Тоҷикистон ва вокунишҳои тунди ҷомеаи шаҳрвандӣ, Табрез Шаҳидӣ, писари оҳангсоз Толиб Шаҳидӣ аз ӯ ҳимоят карда, мунтақидонро "неандертал" хонд.