7.9 C
Dushanbe

Нотаи эътирозии Тоҷикистон ба сафири Қирғизистон

Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон дирӯз 27 апрел ба дасти сафири Қирғизистон дар Душанбе нотаи эътирозӣ супорид. Дар ин бора ВКХ рӯзи 28 апрел хабар дод.

Гуфта мешавад, баъд аз эҳзори сафири Ҷумҳурии Қирғизистон дар Душанбе Ҷениш Рустамбеков ба Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон муовини вазири корҳои хориҷа, Музаффар Ҳусейнзода бо сафири Қирғизистон нотаро супоридааст.

Дар нома изҳори нигаронии амиқи ҷониби Тоҷикистон аз амалҳои ғайриқонунии намояндагони хадамоти давлатии  марзбонии Қирғизистон нисбати ду шаҳрванди ноболиғи Тоҷикистон дар минтақаи кулики ҷамоати Ворух Исфара баён шуда аст.

Музаффар Ҳусейнзода ғайри қобили қабул будани чунин амалҳои ғайри қонуниро эълом кард, ки боиси ноором гардидани вазъи минтақаи марзӣ мешавад. Муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ҷониби Қирғизистонро даъват кард, ки барои ба ҷавобгари кашидани гунохкорони ҳодиса чораҳои фаврӣ бинанд. Вай ҳамчунин даъват кард ки ҷониби Тоҷикистонро аз натиҷааш хабардор кунанд.

Ҷониби Тоҷикистон ҷонибдори рушди пайвастаи муносиботи дӯстӣ ва ҳамсоягии нек бо Қирғизистон дар шароити сулҳу субот ва эҳтироми мутақобил дар асоси анъанаҳо ва арзишҳои муштараки маънавӣ ва фарҳангии ду халки бародар мебошад, ибороз дошт Ҳусейнзода.

Ёдовар мешавем, ки дирӯз мақомоти ҷамоати Ворух хабар доданд, ки марзбонони Қирғизистон ду хонандаи ин ҷамоъатро рабуда ва лату куб карданд. Қайд карда шуд, ки кудакон дар чарогоҳи назди маҳаллаи Заҳматободи ҷамоати Ворух молҳои худро мечарониданд ва ин қаламрави Тоҷикистон аст. Танҳо пас аз як соат баъд аз дахолати марзбонони тоҷик низомиёни қирғиз кудаконро баргардониданд.

Аммо имрӯз мақомоти марзбонии Қирғизистон зимни пахши як хабар боздошти ва лату кӯб шудани ин ду мактабхони тоҷикро аз ҷониби марзбонони қирғиз такзиб кард ва гуфт, ки ин хабар воқеият надорад.

“Пас аз пайдо шудани матолиб дар ВАО, гуфтугӯи телефонӣ байни намояндагони сарҳадии Қирғизистон ва Тоҷикистон сурат гирифт, ки дар ҷараёни он ҷониби Тоҷикистон далели боздошт ва латукӯби мактаббачагони тоҷик аз ҷониби марзбонони Қирғизистонро расман рад кард”, – гуфтааст Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон.

Қаблан Қирғизистон бино ба гузориши расонаҳои қирғизи, сафири Тоҷикистонро дар Бишкек даъват карда ва ба ӯ дар робита ба рабуда шудани он кишвар аз ҷониби Тоҷикистон нотаи эътирозӣ супурда аст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба вазъи тоҷикон дар Русия

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вазъи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русияро нигаронкунанда ва мушкил арзёбӣ кардааст.

Аввалин тоҷик қаҳрамони куштии озоди Фаронса шуд

Рӯзҳои 27 ва 28-уми апрели соли ҷорӣ, дар шаҳри Тулузи Фаронсаи қаҳрамонии куштии озоди Фаронса миёни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид.

Натанёҳу боздошт ва зиндонӣ мешавад?

Эҳтимол меравад Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ барои боздошти Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил ҳукм содир кунад.

ВКХ: Шаҳрвандони Тоҷикистон бе зарурат ба Русия нараванд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия ба шаҳрвандони кишвар тавсия додааст, ки бе зарурат муваққатан ба Русия сафар накунанд.