Шаҳрвандони Тоҷикистон дар фурудгоҳҳои Бишкек ва Ош боздошт мешаванд

Ба навиштаи хабаргузории “Азия Плюс” фаъоли маъруфи ҳомии ҳуқуқи башар Валентина Чупик бо паёми видеоие дар сафҳаи фейсбукияш аз бархурди нораво ва ҳолатҳои ғайриқонунии марзбонони Қирғиз нисбати шаҳрвандони Тоҷикистони мегуяд.

Дар оғози ин паёми видеоӣ қайд мекунад, ки ҳоло дар минтақаҳои назди сарҳадӣ миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон вазъияти даҳшатноке ба амал омада истодааст. Аммо ин ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба Қирғизистон меоянд, пахн шудан гирифт. Шаҳрвандони Тоҷикистониро дар фурудгоҳҳои Бишкек ва Ош боздошт кардани шуданд, нисбати онҳо чораҳои нокофӣ андешида шуданд. Яъне соатҳо дар фурудгоҳҳо нигоҳ дошта мешаванд. Ба онҳо хӯрок намедиҳанд, тахкир мешаванд ва ба онхо гуфта мешавад, ки агар хоҳанд департатсия мекунанд.

Маълум аст ҳамаи одамон эҳсосотӣ хастанд, марзбонон низ метавонанд баъзе эҳсосот дошта бошанд, аммо ин маънои онро надорад, ки ин эҳсосот бояд ба шаҳрвандони оддӣ, ки тамоман дар он ширкат надоранд гузаронида шавад.

Ин ҳомии ҳуқуқи башар дар идомаи паёми видеоияш таъкид мекунад, ки эҳсосот бешубҳа дӯсти корманди давлат нест, зеро корманди давлатӣ бояд масъулиятеро, ки давлат бар души ӯ гузошта, онро иҷро кунад ва нисбати шаҳрвандон аз куҷое, ки набошанд табъиз қоил нашавад.

Сурат: интернет. Валентина Чупик

Хонуми Чупик дар идомаи сӯҳбаташ ба масъулини давлати Қирғизистон мегуяд: “Бо марзбонони Қиргизистон дар фурудгоҳҳои Бишкек ва Ош коре кунед, дар ин бара аллакай дархостҳои зиёде дарёфт кардем. Ин Қирғизистонро аслан ҳамчун давлат ороиш намедиҳад ва танҳо ба муносиботи давлат зарар мерасонад. Ҳоло ба созиш даст ёфтед, ин вазъро дубора барқарор кардан лозим аст. Лутфан ба хидматчиёни давлати худ кумак кунед то муқаррари шаванд ва ба манфиати давлати худ кор кунанд на баръакс.”

Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ муроҷиатҳо ва шикоятҳои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар фурудгоҳҳои Қирғизистон ба ҷойҳои дигар ва ё аз дигар ҷойҳо тариқи транзит ба Қирғизистон парвоз мекарданд нашр шуда буд. Онҳо аз фишор, тамаъҷӯи ва латукуби афрод, алалхусус дар фурудгоҳи Ош шикоят мекарданд.

Дар ҳамин ҳол раҳбари Диаспораи тоҷикон “Дӯсти” дар Ош Холикназар Алиназар ба радиои Озодӣ гуфт, ки вазъ дар шаҳр ором аст ва рӯзҳои ахир дар интернет дезинформатсия паҳн карда мешавад. Агентҳои амният бо мо доимо дар тамос ҳастанд ба мо занг мезананд ва вазъро мепурсанд, шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки аз Русия тавассути транзит омадаанд бар асоси маълумоти мо бо мошин то марзи Узбекистон гусел мекунанд, гуфт роҳбари Диаспораи тоҷикон дар Ош.

Сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон ба Радиои Озодӣ иттилоъ доданд, ки онҳо маълумотро дар бораи вазъи шаҳрвандони Тоҷикистон назорат мекунанд ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистон мерасонанд. Мо итминон дорем, ки вазъ таҳти назорат аст ва шаҳрвандон муҳофизат хоҳанд шуд, гуфтанд масъулини сафорати Тоҷикистон.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Хадамоти муҳоҷират аз ҷамъоварии пул барои кумакҳо ҳушдор дод

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, бархе афрод ва бунёдҳои қалбакӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо нашри аксу наворҳои сохта аз мардум пул ҷамъ мекунанд.

Демократҳо дар интихоботи миёндавраии ИМА пешсаф шуданд

Ҳизби демократи Амрико бо пирӯзии аксарият бар ҷумҳурихоҳони ин кишвар дар ҳарду палатаи Конгресс ғолиб омаданд.

Вазорати мудофиа: Беш аз 97 дарсади нақшаи даъвати тирамоҳӣ иҷро шуд

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон рӯзи 2-юми ноябр хабар дод, ки дар моҳи аввали даъвати тирамоҳӣ беш аз 97 дарсади нақшаи даъвати сарбозон ба артиш иҷро шудааст.

Тоҷикистон 100 миллион доллар аз САСР қарз гирифт

Тоҷикистон бахши аввали қарзи 200-миллиондолларии Сандуқи авруосиёии суботу рушд (САСР)-ро дарёфт кард.