Ҳамдардии раисҷумҳури Тоҷикистон ба хонаводаҳои қурбониён дар Афғонистон

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ҳамлаи террористӣ ба як мактаби духтаронаи Кобул ба раисҷумҳури Афғонистон барқияи тасаллият фиристод.

Хабаргузории “Спутник” бо такя ба хабари дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон навишта, ки рғзи 10 май Эмомалӣ Раҳмон ба Ашраф Ғанӣ раисҷумҳури Афғонистон изҳори ҳамдардӣ намуд.

Дар ин барқияи ҳамдардӣ аз ҷумла омада аст “хабари ба ҳалокат расидан ва маҷрӯҳ шудани теъдоди зиёди мардуми осоишта ба шумули духтарони наврас дар натиҷаи ҳамлаи мудҳиш ва разилонаи террористон дар қисмати ғарби Кобул боиси андуҳи амиқ ва нафрати беандозаи мо гардид. Чунин амали хушунатомези золимона ва маргбор, ки нерӯҳои аҳриманӣ дар рӯзҳои охири моҳи шарифи Рамазон ба он даст задаанд нобахшиданист”, афзуда аст Эмомалӣ  Раҳмон.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин ба мардуми Афғонистон ва хонаводаҳои қурбониёни ин ҳодисаи мудҳиш ҳамдардӣ намуда гуфта аст “дар ин рӯзҳои мотамбор тасалият ва хамдардии самимонаи худ ва мардуми Точикистонро ба наздикон ва пайвандони қурбоншудагон, ҳамчунин ба тамоми мардуми бародари Афғонистон изҳор намуда аз даргоҳи Худованди мутаол шифои комили ҳамаи осебдидагонро масъалат дорам”.

Ёдрас мешавем, ки 8 майи соли ҷорӣ дар ғарби Кобул пойтахти Афғонистон дар  назди мактаби духтаронае нахуст мошине пур аз маводи тарканда мунфаҷир шуд ва сипас ду ҳамлаи мушакии дигар сурат гирифт, ба гуфтаи муаллимони ин мактаб ин ҳамла замоне ба вуқуъ пайваст, ки толибилмон аз дохили бинои мактаб ба берун мебаромаданд. Бар асари ин ҳамлаи террористӣ беш аз 60 нафар фавтида, 150 тани дигар захм бардоштаанд.

Бояд гуфт ин нахустин ҳамлаи бузурги террористӣ пас аз оғози хуруҷи нерӯҳои ИМА ва НАТО аз Афғонистон набуда, ҳанӯз 30 апрел бар асари таркиши бомба дар хобгоҳе дар вилояти Лоҳур ҳадиақал 30 тан кушта шуданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Фаъоли Бадахшон Абру Алимардоншоев: Авф набояд интихобӣ бошад

Фаъоли ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон Абру Алимардоншоев аз равиши татбиқи қонуни авф, ки ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон қабул шудааст, нигаронӣ кард.

Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар Исроил бо иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи Эрон

Пулис ва Хадамоти амниятии Исроил як шаҳрвандии Тоҷикистону Русияро бо гумони ҷосусӣ ба нафъи Эрон боздошт кардаанд.

Тоҷикистону Русия мехоҳанд ба ҳуқуқи кории муҳоҷирон расидагӣ кунанд

Тоҷикистон ва Русия қасд доранд ҳамкориҳои худро дар самти ҳифзи ҳуқуқи кории муҳоҷирон ва беҳтар намудани шароити кори онҳо тақвият бахшанд.

Чаро яке аз маҳбубтарин ҳаҷвнигорони Тоҷикистон бе унвони давлатӣ аз дунё рафт?

Ин мақола танҳо дар бораи Бахтиёр Раҳимов нест, дар бораи ҳамаи ҳунармандоне аст, ки солҳои дароз ба фарҳанги тоҷик хидмат кардаанд, аммо танҳо баъд аз маргашон ҷомеа аз хидматҳои онҳо ёд мекунад.