13.9 C
Dushanbe

Фейсбукро қазияи ахири Фаластин ба зону нишонд

Даҳҳо ҳазор корбарон аз саросари ҷаҳон як маъракаи азимеро бар алайҳи ширкати Фейсбук барои поин овардани рутба (рейтинг)-и замима (апликатсия)-и ин ширкат роҳандозӣ кардаанд.

Корбарон дар мағозаҳои электронии Google Play ва App Store бо додани як ситора мехоҳанд рутбаи замимаи ин ширкатро поин биоранд то ҳарфи онҳо аз сӯи ин ширкат шунида шавад.

Ҳоло дорад ин маърака натиҷа медиҳад ва рутбаи замимаи фейсбук, ки то 20 май ба 4,9 ситора баробар буд, акнун то 1,9 дар App Store ва 2,4 дар Google Play Store коҳиш ёфта аст.

MarketWatch, ки бузургтарин пойгоҳи мониторинг мебошад, мегӯяд, нархи саҳмияҳои ширкат низ бори аввал дар тӯли 52 ҳафта ба миқдори  0,75%  уфт карда аст. Агар пештар арзиши як саҳмия ба 319 долар баробар буд ҳоло ба 316,2 доллар баробар шуда аст.

Чизе, ки боиси хавфи ширкат шуда, ин аст, ки ин амали оддӣ – бо пахши як ситора дар мағозаҳои электронӣ аз сӯи корбарон, метавонад боиси  коҳиш ёфтани фоида дар муддати тӯлонӣ барои ин ширкат бишавад. Аз ҳоло шӯрои директорон ва роҳбарони аршади он барои ислоҳи вазъ гом бардоштаанд ва барои ислоҳи мушкилии ба вуҷудомада дар муддати ҳар чи зуддтар як ҳуҷраи буҳронӣ барои мубориза бо ин маърака таъсис дода шудааст. Аммо дар ҳар сурат ба гуфтаи коршиносон, ин маърака ба обрӯи ширкат ҳатман латма мезанад ва ба ояндаи ширкате, ки мехоҳад дар тахти имперотурии шабакаҳои иҷтомоӣ яккатоз бошад “бениҳоят хатарнок” аст ва дар оянда ба рақобати шадид дар ин соҳа дучор хоҳад омад.

Роҳбарияти ширкат инчунин бо маъмурияти Apple ва Google тамос гирифтаанд то дар ин ду мағозаи элекронӣ масъалаи бартараф кардани паёмадҳои манфӣ нисбати замимаҳои ин ширкатро баррасӣ кунанд, аммо то кунун Apple ба дархости ин ширкат посухи рад дода ва Google то ба имрӯз посухе надодааст. То лаҳзаи омода шудани матлаб рутба (рейтинг)-и  замимаи Фейсбук то 2,3 ситора дар Google Play ва 2,4 дар дукони Apple поин омада.

Дар кӯшиши дигари ҷилавгирӣ аз буҳрон, ширкат тавассути платформаи худ аз мардуми Фаластин ва ҷонибдорони қазияи онҳо дар саросари ҷаҳон узрхоҳӣ кард ва алгоритмҳоро барои кӯшиши канорагирӣ аз масъулият ва ҷонибдорӣ аз Исроил айбдор кард.

Ин маърака дар пайи он сурат гирфита, ки ҳазорҳо корбарон дар тамоми дунё Фейсбук – бузургтрин майдон дар шабакаи иҷтимоиро ба ҷонибдорӣ аз Исроил ва ғараз доштан нисбат ба мардуми Фаластин айбдор карданд.

Бояд гуфт, ки Фейсбук ва шабкаҳои вобаста ба он ки ба Марк Сукербегер таалуқ доранд, дар қазияи ахири танишҳо миёни Исроил ва марудми Фаластин фаъолияти худро алайҳи маводҳои дорои муҳтавои ҷонибдорӣ аз фаластиниҳо шиддат бахшиданд ва дар аксар маврид чунин муҳтаворо ҳазф мекраданд.

Ин боис шуд, ки мардум аз тамоми гӯшаи дунё ба ин амали Фейсбук эътироз карданд ва ӯро, ки ягона минбари ибрози андеша ва рамзи озодии баён медонистанд шадидан интиқод карданд. Ҳатто баъзе шахсиятҳои машҳур ва донишмандоне, ки дар мавриди қазияи мардуми Ғазза матолиб менавиштанд, баъд аз баста шудани саҳифаҳояшон аз ҷониби ширкати Фейсбук аз истифодаи ин замима ба куллӣ даст кашидани худро эълон карданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.