Донишҷӯи тоҷик дар Перм ғолиби озмуни қориёни Қуръони карим гардид

Ҳаштумин озмуни байни минтақавии қориёни Қуръон дар доираи даҳумин форуми солонаи “Ҷаҳони мусалмон” рӯзҳои 20-22 май дар шаҳри Перми Русия баргузор шуд. Дар ин озмун 42 намоянда аз 17 минтақаи Русия ширкат варзиданд.

Илҳом Бабарсов раиси Идораи руҳонии мусулмонони қаламрави Перми Русия изҳор дошт, ки озмун хеле ҷиддӣ буд. Ба гуфтаи ӯ, донистани таҷвид, интонатсияи дуруст, ҳатто овози зебо ҳангоми интихоби ғолибон ҳама чиз ба назар гирифта шуд. Ғалаба осон набуд ва мукофотҳо арзанда буданд.

Бурҳониддин Раҳимов зодаи Тоҷикистон, ки айни ҳоли донишчӯ ва дар Русия ба сар мебарад, дар ин номинатсия мақоми аввалро ба даст овард ва барои адои Ҳаҷҷи умра ҳамчун яке аз ҷоизаҳо роҳхат гирифт.

Раиси Идораи руҳонии мусулмонони Перм дар идомаи суҳбаташ афзуд, мо аз сидқи дил ба Бурҳониддин табрик гуфта, барои минбаъда ширкат ва пирӯзияш дар мусобиқоти байналмилалӣ орзӯи муваффақият мекунем.

Ёдовар мешавем, ки озмун аз рӯи чанд қисм – ҳифзи ду, панҷ, даҳ, понздаҳ ва си ҷузъ баргузор гардид.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

ЗИНАИ ДУВУМИ ИСТИҚЛОЛИ МУФТ: ОЁ ТОҶИКИСТОН ИН БОР АЗ ФУРСАТ ИСТИФОДА МЕКУНАД?

Баъди 35 соли расидан ба зинаи аввали истиқлоли муфт, Тоҷикистон дар остонаи зинаи дуввуми истиқлол ва ин дафъа ҳам муфт, қарор гирифтааст.

Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи роҳҳои фиристодани шаҳрвандон ба муҳоҷирати корӣ аст

Тоҷикистон дар як конфронси байналмилалӣ зарурати густариши роҳҳои қонунии муҳоҷирати кориро матраҳ кардааст.

HRW: Саркӯби дигарандешон дар Тоҷикистон идома дорад

Созмони HRW аз вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон нигаронӣ карда, мегӯяд, ки рӯзноманигорон, фаъолон ва мунтақидони сиёсати ҳукумат ҳанӯз ҳам зиндонӣ ҳастанд.

Боздошти ду мансабдори баландпоя барои замин

Мақомоти интизомии Тоҷикистон ду мансабдори баландпояи шаҳри Исфараро бо гумони гирифтани пора боздошт кардаанд.