22.9 C
Dushanbe

Иброҳим Раисӣ барандаи интихоботи президентии Эрон эълон шуд

Бино ба натиҷиҳои пешакии давраи 13-умин интихоботи президентии Эрон Иброҳим Раисӣ дар муқоиса бо дигар номзадҳо бо фарқияти хеле зиёд, тақрибан 18 миллион овоз пирӯзи интихобот эълон шуд. Табрику таҳният ба Раисӣ пеш аз эълони натиҷаҳо оғоз шуда буд.

Хабаргузории “Форс” навишт, ки Раисӣ раисҷумҳур шуд.

Бино ба навиштаи хабаргузории “Форс”, шумориши 90% овозҳо нишон дод, ки Иброҳим Раисӣ беш аз 17 миллону 800 ҳазор овоз (62%,), Муҳсин Ризоӣ 3 миллону 300 ҳазор (11%), Абдуносир Ҳимматӣ 2 миллону 400 ҳазор овоз (8%) ва Қозизода Ҳошимӣ ҳудуди як млн (3%)-и овозҳои интихобкунандагонро ба даст овардаанд. Гуфта мешавад, вазири корҳои дохилии Эрон натиҷаи ниҳоиро дар як нишасти расмӣ эълон хоҳад кард.

Рақибони интихоботии Раисӣ, Абдуносир Ҳимматӣ, Муҳсин Ризоӣ ва Қозизода Ҳошимӣ пешопеш ӯро барои пирӯзии мутлақаш табрик гуфтанд.

Ҳасани Рӯҳонӣ дар паёми табрикотии ғайрирасмии худ гуфт, “Маълум аст, ки шахси интихобшудаи мардум дар ин интихобот чи касе аст, ҳоло ки барои табрикоти расмӣ вақт аст, ман ҳам табрикотамро ба таъхир мегузорам, аммо шахси интихобшудаи мардум аллакай раъйи кофӣ ба даст овардааст”.

Барои ба поён расидани кори ҳукумати 12-уми Эрон тибқи қонун 45 рӯзи дигар боқимонда аст. Рӯҳонӣ изҳори умедворӣ кард, ки дар давоми беш аз як моҳи умри ҳукуматаш корҳои шоистае анҷом хоҳад дод.

Иброҳим Раисӣ, президенти 8-ум барои давлати 13-уми Эрон интихоб шуд. Ӯ қаблан дар мансабҳои зиёди давлатӣ кор кардааст ва ахиран дар вазифаҳои Додситони кулли махсуси руҳоният кор мекард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти рӯҳониён дар Русия

Дар чанде аз шаҳрҳои Федератсияи Русия намояндагони идораҳои динии мусулмонон аз ҷониби мақомот боздошт шуданд.

Масъулони обуҳавошиносӣ аз боришот ва ҷорӣ шудани селҳо ҳушдор медиҳанд!

Дар қисми зиёди ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз имрӯз то 25-уми май бо сабаби бориши зиёд омадани сел пешгӯйӣ шудааст. 

Пулҷамъкунӣ “ихтиёрӣ” буд ё “маҷбурӣ”? Вокуниши Шуъбаи маорифи Ёвон ба матлаби Azda.tv

Шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон ҷамъоварии иҷбории маблағ аз хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №9 ва №10-и ин ноҳияро рад кард.

Рӯзи баргузории Иди Қурбон дар Тоҷикистон маълум шуд

Имсол дар Тоҷикистон иди саиди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мегардад. Ба ин муносибат сокинони кишвар як рӯз истироҳат хоҳанд кард.