Дар Душанбе аз 18-сола боло воксини зидди COVID-19 мегиранд

Бино ба иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон шуруъ аз 24 июн дар шаҳри Душанбе тамоми сокинони аз 18-сола боло зидди бемории COVID-19 воксин мезананд.

Вазорати тандурустии кишвар таъкид мекунад, ки бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемории ҳамагири COVID-19 маъракаи воксиназанӣ дар шаҳри Душанбе роҳандозӣ шудааст.

“Шаҳрвандони аз 18-сола боло, ки дар пойтахти кишвар — шаҳри Душанбе истиқомат мекунанд, метавонанд барои гирифтани ваксинаи зидди бемории COVID-19 ба марказҳои саломатии маҳалли зисти хеш муроҷиат намоянд”, – омадааст дар хабари Вазорат.

Тоҷикистон то кунун ҳудуди 492 ҳазор воя ваксинаҳои “Астразенека”-и бритониёӣ ва “КоронаВак”-и чинӣ гирифтааст. Баъди ворид кардани воксини чинӣ Вазорати тандурустӣ гуфта буд, ки дар навбати аввал сокинони аз 60-сола болоро воксин мезананд.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон дар чорчӯби барномаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт (COVAX) 192 ҳазор воксини “Астразенека” ва аввали моҳи июн 300 ҳазор воксини “КоронаВак”-и чинӣ дастрас кардааст.

Гуфта мешуд, ки дар марҳилаи аввали маъракаи воксиназании сокинон, ки аз 23 моҳи марти соли ҷорӣ оғоз ёфт, пеш аз ҳама кормандони соҳаи беҳдоштӣ,  соҳаи маориф ва илм ва шахсони аз 60- сола бар зидди бемории коронавирус эмгузаронӣ мешаванд.

Маъракаи густардаи воксиназании сокинон дар шаҳри Душанбе дар ҳоле оғоз мегардад, ки 21 июн Ситоди ҷумҳириявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории ҳамагир мавҷи дигарбораи онро дар кишвар эътироф кард.

Пеш аз ин, бо вуҷуди навиштани расонаҳо ва иттилои пизишкону сокинон, Вазорати тандурустии кишвар қотеъона вуҷуди онро рад мекард. Чуноне, ки соли гузашта дар аввали пайдоишаш хуруҷи онро низ қотеъона рад карда буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Китоби нави Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳизби ҳоким рӯнамоӣ шуд

Китоби нави Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони "Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва марҳилаҳои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол" рӯнамоӣ шуд.

Путин қонунҳои нави зидди муҳоҷиронро имзо кард

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, бастаи қонунҳоеро имзо кард, ки қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар ин кишварро ба таври назаррас сахттар мекунанд. 

Дар Панҷакент маъракаи нави зидди “либоси бегона” баргузор шуд

Дар шаҳри Панҷакент рӯзи 4-уми август намояндагони Ҳизби Халқии...

Боздошти чанд хориҷӣ бо гумони ташкили фоҳишахона дар Душанбе

Пулиси Душанбе рӯзи 4-уми август аз боздошти як гурӯҳ шаҳрвандони хориҷӣ бо гумони ташкили фоҳишахона дар пойтахти Тоҷикистон хабар дод.