13.9 C
Dushanbe

Шираи камол: “Фароз” мардуми Ҳисорро ба дод овардааст

Ҳамлаи шабонаи гурӯҳи тарсафкан ва ё худ “рекет”-ҳои ширкати “Фароз” алайҳи сокинон дар деҳаи Чанори шаҳри Ҳисор ноком монд.

29-уми июл, гурӯҳе аз сокинони деҳаҳои Чанор, Ҷартепа ва Ҷетиқири шаҳри Ҳисор бо ирсоли наворҳо ба “Аздо тв” аз он шикоят  карда гуфтанд, кормардони ширкати “Фароз”, ки дар наздикии ин деҳаҳо ба ҷамъоварии шираи камол машғул ҳастанд, рафту омади зиёди шабонаи онҳо бо мошинҳои гаронвазн мардумро ба дод овардааст.

Дар наворҳо дида мешавад, ки шабона чанд мошин кормандони ширкат бо мардум муноқиша доранд. Дар ин навор гуфта мешавад, ки гурӯҳи тарсафкани “Фароз” савори чор мошин дар даст чӯбу калтак барои задани мардум рафтаанд.

Ин ҳамла дар торикии шаб сурат гирифта, кормандони “Фароз” тартиботи ҷамъиятиро вайрон ва оромии мардуми деҳаро халалдор мекунанд. Дар наворҳо рақамҳои давлатии ду мошини ин “рекет”ҳо дида мешавад: PRADO рақами давлатиаш “TJ 8355 CP 01” ва мошини дигар “TJ 2000 CC 07” мебошанд.

Ҳадафи ин гурӯҳи тарсафкани ширкати “Фароз”, ки аз онҳо “рекетҳои “Фароз” низ ном бурда мешавад, аз роҳи таҳдиду зӯроварӣ хомӯш кардани садои эътирозгарон унвон шудааст. Аммо дар наворҳо дида мешавад, ки ин юриши “рекет”-ҳои “Фароз” бо муқовимати сахти сокинони деҳа рӯ ба рӯ шуда, мардум намегузоранд, ки онҳо ба ҳадафашон бирасанд.

Шикояти сокинони шаҳри Ҳисор, ба хусус деҳаи Чанор аз ширкати “Фароз” бори аввал нест. Моҳи августи соли гузашта низ сокинони ин деҳа чанд аксу навор ба “Аздо тв” фиристода, дар он аз бадрафтории коркунон ва масъулони ширкат шикоят карда буданд. Ба қавли онҳо мошинҳои ин ширкат дар дохили деҳа кӯдаконро метарсонанд ва ба касе эҳтиром қоил нестанд. Инчунин ба ниҳодҳои марбута шикоят кардаанд, вале касе ба арзу додашон намерасад.

Ҷамъоварӣ ва фурӯши шираи камол дар Тоҷикистон аз соли 2013 бо қарори ҳукумат расман дар ихтиёри ширкати “Фароз” қарор гирифт ва касе ҳақи ҷамъоварии онро надорад.

Пештар аксари сокинони деҳаҳое, ки дар наздикияшон ин ширкат ба ҷамъоварии шираи камол машғул буд, ба кор ҷалб мешуданд, вале музди меҳнаташон дар охир тибқи қарордод пардохт намешуд. Дар моҳи апрели соли 2019 гурӯҳе аз ҷамъоварандагони шираи камол ба иллати кам пардохт шудани музди корашон дар назди қароргоҳи “Фароз” дар Душанбе даст ба тазоҳурот заданд. “Фароз” маҷбур шуд дастмузди онҳоро тибқи қарордод бипардозад, вале баъдан чанде аз ин муътаризон барои 15 рӯзӣ ба ҳабс гирифта шуда ва иддае ҳам бо пардохти ҷарима раҳо шуданд.

Дар кишвар ҳоло ҷамъоварии ин гиёҳ, аз сӯи шаҳрвандони оддӣ ҷиноят маҳсуб мешавад ва то кунун чандин нафар бо ин ҷурм аз ҷониби мақомот дастгир шудаанд. Онҳое, ки дастгир мешаванд бар зиддашон бо моддаи 77-78-и Қонуни ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда боз мешавад.

Тибқи оморҳои ғайрирасмӣ аз тиҷорати шираи камол ширкати “Фароз” солона аз 35 то 40 миллион доллар даромад ба даст меоварад.

Шикояти навбатии сокинони шаҳри Ҳисор дар ҳолест, ки ширкати “Фароз” моҳи апрели соли гузашта эълон кард, ки фаъолияти худро қатъ кардааст. Вале амалан амалан дар бозорҳои кишвар ҳамоно ба фаъолияти худ идома медиҳад.

Ширкати “Фароз” мутааллиқ ба Шамсуллоҳ Соҳибов – домоди Эмомалӣ Раҳмон дар аввали таъсисаш танҳо дар бозори сӯзишворӣ фаъолият дошт, вале дар ҳоли ҳозир доманаи тиҷорати худро густариш дода, дар бахшҳои дорӯсозӣ, тандурустӣ, маориф, нақлиёт, роҳсозӣ ва ғайра фаъолият мекунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.