“Фароз” дар ҷамъоварии шираи камол, мардумро ба дод овардааст

Акс аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон “tajnature.tj”

Сокинони ноҳияи Ҳисорро ширкати “Фароз” ба дод овардааст. Дар ин бора сокинон аз деҳаи Чанори сухтаи ноҳияи Ҳисор бо ирсоли аксҳо ба “Аздо тв” хабар дода, хостанд, ки ин масъала расонаӣ бишавад.

Сокинон шикоят карда гуфтанд, ки коркунони ин ширкат мардумро “хонасалот” кардаанд ва дар деҳа ба мисли авбошон рафтор мекунанд, ба касе эҳтиором қоил нестанд. Дар иваз ҳоло ки мардум дар шароити пандемия ба Русия наметавонанд раванд онҳоро намегузоранд, ки ҳадди ақал аз ҷамъоварии шираи камол даромад бигиранд ва рӯзашонро бигузаронанд. Сокинон мегӯянд, коркунони ин ширкат дар решаҳои ин гиёҳи нодир олати оҳании арматурро мехалонанд, ки баъди он, ин гиёҳ пусида хушк мешавад. Ба қавли сокинон онҳо танҳо дар фикри даромади ҳаминрӯзаашонон ҳастанд ва ба ояндаи ин гиёҳ коре надоранд.

Афғонҳое, ки ҳамроҳи ширкати “Фароз” ба ҷамъоварии шираи камол машӯуланд

Ҳамазамон мушкилли дигари ин сокнинон ин будааст, ки мошинҳову намояндагони мақомот ки онҳоро пайваста ҳамроҳӣ мекунанд, кӯдаконро метарсонанд. Масъулон ҳам ба доди сокинон намерасанд чун ширкат ба домоди Расиҷмуҳур таалуқ дорад ва ба қавли сокинон барои онҳо ҳамачиз иҷозат аст, ҳар коре хоҳанд мекунанд.

Убури мошинҳои зиёд ба деҳаи Чанори сухтаи ноҳияи Ҳисор

Ҷамъоварӣ ва фурӯши шираи камол дар Тоҷикистон ба як қарори ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2013 дар ихтиёри танҳо ширкати “Фароз” қарор дорад. Соли гузашта дар авоили апрел гурӯҳе аз ҷамъоварандагони ширкаи камол ба иллати коҳиши музди корашон дар назди қароргоҳи “Фароз” дар Душанбе  даст ба тазоҳурот заданд. “Фароз” маҷбур шуд дастмузди онҳоро тибқи қарордод бипардозад, вале баъдан чанде аз ин муътаризин барои 15 рӯзӣ ба ҳабс гирифта шуда ва иддае ҳам бо пардохти ҷарима раҳо шуданд.

Дар кишвар ҳоло ҷамъоварии ин гиёҳ, аз сӯи шаҳрвандони оддӣ ҷиноят маҳсуб мешавад ва то кунун чандин нафар бо ин ҷурм аз ҷониби мақомот дастгир шудаанд. Онҳое, ки дастгир мешаванд бар зиддашон бо моддаи 77-78-и Қонуни ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда боз мешавад.

Соли гузашта ҳатто ба вазорати тандурустӣ иҷозаи ҷамъоварии шираи камолро надода буданд.
Ба навиштаи расонаҳо аз тиҷорати шираи камол ширкати “Фароз” солона аз 35 то 40 миллион доллар даромад ба даст меоварад. “Фароз” чанде пеш эълон кард, ки фаъолияти худро қатъ мекунад. Вале ин ширкат ҳамоно ба фаъолияти худ идома медиҳад. Дар Идораи гумруки вилояти Хатлон ҳам ба суоли Радиои Озодӣ, ки баъди ширкати “Фароз” киҳо масъулияти ҷамъоварии шираи камолро ба даст хоҳанд гирифт, гуфтаанд, ки ҳоло квота ё саҳмияаш аз сӯи ҳукумат маълум мешавад ва онҳо феълан дар ин робита чизе гуфта наметавонанд.

Дар масъалаи фаъолияти ин ширкати мутааллиқ ба домоди президент раиси Кумитаи андози Тоҷикистон, Нусратулло Давлатзода 30-юми июли соли ҷорӣ ҳангоми нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, “Фароз”, ширкати мутааллиқ ба Шамсулло Соҳибов, домоди раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи апрели имсол фаъолияташро расман қатъ кардааст.

Вале воқеият на онест, ки мақомот мегӯянд. Он аксу наворҳое, ки сокинони ноҳияи Ҳисор ба “Аздо тв” фиристоданд баёнгари он аст, ки ин ширкат ҳоло ҳам дар хусуси ҷамъоварии шираи камол майдонро холӣ накардааст. Пинҳонкории мақомоту амалан ҳузури “Фароз” суолҳои зиёдеро дар сатҳҳои гуногун ба бор овардааст, ки сабаб дар эълони қатъи фаъолияти ин ширкат дар чӣ буд? Ва чаро баъд аз эълони қатъи фаъолият ҳамчунон дар тиҷорати ҳузури фаъол дорад?

Тибқи иттилои нашршуда дар расонаҳо “Фароз” ҳамчун ширкати тиҷоратӣ соли 2002 таъсис ёфтааст. Ин ширкат дар оғоз ба хариду фурӯши сӯзишворӣ машғул буд. Вале баъдтар салоиҳияти худро вусъат бахшида, дар тиҷоратҳое ба монанди ҷамъоварии шираи камол, саёҳати лижаронӣ ва варзишҳои зимистонӣ дар Тоҷикистон дар зери ин ширкат даромад.

Ширкат ҳамчунон дар тавлиди дору аз заҳри мор, истеҳсоли равған, оҳану пӯлод, боркашонӣ, бонкдорӣ, суғуртаи мошинҳо, нашри китоб, чопи рақамҳои мошин, шаҳодатномаҳои ронандагӣ, мактабҳои ронандагӣ, ташхиси ҳолати техникии мошинҳо, насби таҷҳизоти газӣ дар мошин, хадамоти ҳаммомҳои бухорӣ, ташхисгоҳҳои тиббӣ, фурӯшгоҳҳои хӯроку масолеҳи сохтмон дар бозор ҳузур дорад.

Коршиносон бар ин назаранд, ки агар дар эълони қатъи фаъолият сирре ниҳон набошад, аз мантиқ дур аст, ки бо чунин ҳузури фаъол дар бозори Тоҷикистон ин ширкат фаъолияташро қатъ кунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Олмон мехоҳад боз як паноҳҷӯйи дигари тоҷикро истирдод кунад

Мақомоти Олмон рӯзи 8-уми июн паноҳҷӯйи тоҷик, узви Ҷунбиши ислоҳот ва рушд Асадулло Бобоевро ҳамроҳ бо писараш Муҳаммад Бобоев дар шаҳри Крайс Клеве боздошт карданд.

Табдили алифбо баробар бо табдили қудрат аст

Ҳазфи вожаи "форсӣ" аз Қонуни забон ва маҳдуд кардани омӯзиши хатти форсӣ натавонист онро ба фаромӯшӣ бисупорад ва ё пеши роҳи омӯзиши онро аз миллати тоҷик бигирад.

Дидори вазири тоҷик бо намояндаи вежаи президенти Амрико

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир рӯзи 10-уми июн дар пойтахти Қазоқистон шаҳри Остона бо намояндаи вежаи президенти Иёлоти Муттаҳида дидору гуфтугӯ кард.

Ҳамлаи ҷадиди Амрико ба Эрон: Тангаи Ҳурмуз баста шуд

Шаби 10-уми июни соли ҷорӣ нерӯҳои низомии Амрико ба хоки Эрон дигарбора ҳуҷумро оғоз карданд.