1 миллион сомонӣ баҳонаи боздошти қаллоби Додгоҳи олӣ

Агентии назорати давлатӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти корманди Додгоҳи олии Тоҷикистон бо гумони қаллобӣ хабар дод.

Бино ба иттилои сомонаи Агентии мубориза бо фасод Сайнуриддин Сафарзода дар замони кор карданаш дар вазифаи сармутахассиси шуъбаи назорати судии Додгоҳи олӣ ҳудуди як миллион сомонӣ аз корафтодаҳо ва корҷӯён ба сифати пора пул гирифтааст

Гуфта мешавад, ки дар давраи кор дар ин вазифа Сафарзода аз шаҳрвандон пул гирифта, ваъда медодааст, ки баҳсҳои додгоҳиро ба фоидаи онҳо ҳал менамояд ё барои қатъи парвандаҳои ҷиноӣ мусоидат мекунад.

Вай инчунин аз як шаҳрванд барои ба вазифаи котиби судии Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудан, миқдори муайяни пулро гирифтааст. Ҳамин тариқ, гумонбар дар маҷмӯъ  64,5 ҳазор доллар ва 210 ҳазор сомонӣ пора гирифтааст.

Нисбат ба Сайнуриддин Сафарзода бар асоси моддаи 247-и Кодекси ҷиноии ҶТ (қаллобӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, барои баррасӣ ба додгоҳ равон шудааст. Назари гумонбар ва адвокати ӯ то ҳол дастраси расонаҳо нест.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Афви ду милиса пас аз марги як сокини Кӯлоб

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 24-уми июли ҷорӣ, ҳукми панҷ...

Густариши ҳамкориҳои Душанбеву Минск бо фарқи 40 баробарӣ

Дар ҳоле ки Душанбе кӯшиш дорад амнияти озуқавории худро...

Ҳамкории тиҷоратии ду ҳамсояи Тоҷикистон ба марҳилаи нав ворид мешавад

Дар ҳоле, ки мақомоти Тоҷикистон мавқеъи хасмона алайҳи Толибон...

«Тоҷикстандарт» ҳушдор дод: Нӯшокиҳои зери офтобро нахаред

Агентии «Тоҷикстандарт» аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки дар рӯзҳои...