7.9 C
Dushanbe

Ба пайвандони Маҳмадалӣ Ҳаит иҷозати мулоқот надоданд

Ба наздикони Маҳмадалӣ Ҳаит, муовини зиндонии раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дирӯз 24-уми ноябр иҷозати мулоқот бо ӯро надоданд. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар дод.

Ба гуфтаи маъмурони боздоштгоҳи рақами яки шаҳри Душанбе Маҳмадалӣ Ҳаит гӯё тартиботи дохили зиндонро вайрон кардааст ва ба ин хотир ӯро аз мулоқот бо наздиконаш, ки дар 6 моҳ як маротиба сурат мегирад, маҳрум карданд.

“Гуфтанд, ки тартиботро вайрон кардааст. Пурсидем, кадом низомро вайрон кард? Посух надоданд. Масъули СИЗО гуфт, мулоқот иҷозат дода намешавад,” – мегӯяд Савринисо Ҷӯрабекова ҳамсари Маҳмадлӣ Ҳаит.

Бо вуҷуди он ки аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлия ба ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳаит барои мулоқот иҷозат додаанд, вале масъулони боздоштгоҳ ба мулоқот иҷозат надодаанд.

Ҷӯрабекова гуфт, дар ҳақиқат посухи аризаи навиштаашро дар мавриди мулоқот аз Вазорати адлия дастарс кард, вале дар боздоштгоҳ қабул накардаанд.

Пайвандони Маҳмадалӣ Ҳаит рӯзи 22-юми май бо ӯ дар СИЗО-и рақами яки шаҳри Душанбе мулоқот доштаанд. Савринисо Ҷӯрабекова, ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳаит, баъд аз вохӯрӣ бо ӯ гуфт, ки шавҳараш аз масъулони Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлияи кишвар чанд талаб карда, аз ҷумла хоста буд, ки ӯро бо Саидумар Ҳусайнӣ, муовини дигари зиндонии раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ҳамроҳ кунанд. Зеро ӯ бо нафаре ҳамроҳ карда шудааст, ки дар қатли ду зан муҷрим дониста мешавад ва ҳамеша бо баҳонаҳое тавтиа кардан мехостааст. Аммо ин дархости Маҳмадалӣ Ҳаит аз ҷониби мақомти Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ (СИҶҶ)-и Тоҷикистон рад шуд.

Маҳмадалӣ Ҳаитро мақомоти Тоҷикистон ҳамроҳ бо дигар аъзоёни ҲНИТ соли 2015 боздошт ва соли 2016 бо 14 моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, паси дарҳои баста барои якумра аз озодӣ маҳрум карданд.

Созмони Миллали Муттаҳид ва чандин созмонҳои байналмиллалии ҳомии ҳуқуқи башар аз ҳукумати Тоҷикистон озодии аъзоёни ҲНИТ, махсусан озодии бечуну чарои Маҳмадлӣ Ҳаитро талаб карданд, аммо ҳукумати кишвар ба дархости ин созмонҳои ҳуқуқӣ ҷавоби рад дод.

Тобистони соли ҷорӣ созмони ҳомии ҳуқуқи зиндониёни сиёсӣ “Freedom Now” дар суҳбат бо “Аздо тв” иброз дошт, ки ҳамроҳ бо созмони “Ҳоган Ловеллс” (Hogan Lovells) ба Кумитаи ҳуқуқи башари СММ дар масъалаи поймол шудани ҳуқуқи озодии Маҳмадалӣ Ҳаит аз ҷониби мақомдорони Тоҷикистон шикоят бурдаанд, ҳамзамон талаб намуданд, ки ин Кумита дар мавриди он ки Ҳукумати Тоҷикистон бо зиндонӣ кардани Маҳмадалӣ Ҳаит уҳдадориҳои худро дар назди Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ вайрон кардааст, чораандешӣ кунад.

Дар баробари ин, “Freedom Now” аз Кумитаи СММ низ хоста буд, ки бори дигар озодии бидуни қайду шарти Маҳмадалӣ Ҳаитро аз Ҳукумати Тоҷикистон талаб кунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба вазъи тоҷикон дар Русия

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вазъи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русияро нигаронкунанда ва мушкил арзёбӣ кардааст.

Аввалин тоҷик қаҳрамони куштии озоди Фаронса шуд

Рӯзҳои 27 ва 28-уми апрели соли ҷорӣ, дар шаҳри Тулузи Фаронсаи қаҳрамонии куштии озоди Фаронса миёни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид.

Натанёҳу боздошт ва зиндонӣ мешавад?

Эҳтимол меравад Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ барои боздошти Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил ҳукм содир кунад.

ВКХ: Шаҳрвандони Тоҷикистон бе зарурат ба Русия нараванд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия ба шаҳрвандони кишвар тавсия додааст, ки бе зарурат муваққатан ба Русия сафар накунанд.